президент мегуяд…

 

Ҳар яки мо дар кӯчаву хиёбон ва биноҳои шаҳр ва ҳатто деҳотамон навиштаҳоро бо ҳарфҳои бузург дидаем ки зери онҳо номи сарвари кишварамон меистад. Ҳар бор чунин «реклама»-ҳоро мехонам ҳиссиёте пайдо мекунам ки гӯё ин ҷумла аз иншои кӯдаки синфи 5-7 мактаби миёна бурида шудааст. Биёед ҳоло яке аз онҳоро мехонем, хуб ва бодиққат мехонем. 

 

 

 

Эҳтиром ба ватан, ифтихор ба Тоҷи­

 

кистони азиз, дўст доштани ҳар гўшаву 

 

канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб 

 

ва аз бар кардани мазмуни матнҳои он ба 

 

даст меояд.

 

Эмомалӣ Шарифович раҳмонов,

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хондеду ҳанӯз хандатон наёмад? Пас бори дигар бихонед, бодиққаттар хонед. Аҷаб гуфторест. Дуруст мутолиъа кардани китоб яъне чӣ? Магар “мутолиъа кардани китоб”-у “аз бар кардани мазмуни матнҳо” такрори фикр нест? Ё мутолиъа тамошои саҳифаҳост, аз бар кардан – хониши матн? Меҳру муҳаббат ба Ватан, ба ҳар гӯшаву канораш магар аз гаҳвора оғоз намешуд? Магар муҳаббат ба Ватан хотираҳои ширини бозии бачагона дар маҳалла дар лаби дарвозаи хонаи бобоӣ нест? Албатта ҷои баҳс нест ки китоб сарчашмаи илму хирад аст, таърихи халқи худро, бузургии онро донӣ, донӣ ки ватани ту мавзеъи муҳимтарин воқеъаҳои таърихи башар будаасту аз шаҳру деҳоти ватан бузургони машҳури ҷаҳон зода шудаанд – ифтихору эҳтироми ту ба ватан беандоза хоҳад буд, аммо ба ҳар ҳол чунин гуфтори бемантиқу беҷо лоиқи сарвари кишвар нест, ва низ лоиқ нест ки онро дар лавҳаи бузург тарошанду дар кӯчаҳои шаҳру даромадгоҳҳои китобхонаҳо овезанд.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *