Баъд аз баромадани матлаби «Акси нави Шабнами Сураё ва вокуниши мусалмонони ҷаҳон» продюсери Шабнами Сураё — Диловари Мизроб бо хабарнигори «Pressa» дар тамос шуд.

Ӯ гуфт, ки « Мардум, махсусан мусалмонон аз Шабнам набояд гила кунанд. Зеро акси мазкур ҳанӯз моҳи феврали соли равон гирифта шуда, он нав ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст».

Чизи дигар, саҳифаи шахсии Шабнами Сурайё, ки дар Фейсбук бо номи Шабнами Сурае сабти ном шудаасту аввалин шуда, аз навгониҳои ҳаёту фаъолияти эҷодии ӯ маълумот пайдо кардан мумкин аст, аз худаш набудааст. Тавре ки Диловари Мизроб гуфт: «Шабнами Сураё на Одноклласники дораду на Фейсбук, ин саҳифа аслан ба Шабнам ҳеҷ рабте надорад».

Ба саволи «Пас, чӣ гуна ин саҳифа моли Шабнам нест, дар сурате ки тамоми хабарҳои навтарини Шабнам дар он дарҷ мегардад?» Диловар чунин посух дод:

«Мо ҳам худ ҳайронем, ки ин саҳифаро кӣ боз намудааст. Ҳайрати мо бештар аз он аст, ки ин одам аксҳоеро мемонад, ки ҳатто дар худи мо нест».

Гуфтаҳои Диловар дар ҳолест, ки худи ӯ бо Шабнами Сураё дар ин сомона дӯстӣ дошта, ҳатто бо пешниҳоди ин шахс шомили гурӯҳи Шабнами Сураё гардидааст. Болотар аз ин Шабнами Сураё хоҳараш Фарзонаи Хуршед ва дигар сарояндаҳои маъруфе ,ки асл будани худашонро дар ин сомона қайд намудаанд, риштаи дӯстӣ дорад.

PRESSA.TJ