«Поделок» ва ё каллоби дар авч

Поделок ва ё каллоби дар авч

Каллоб,муфтхур, хиллагар, найрангбоз. Ин мафхумхо хамеша як маъниро ифода мекунад, фиреб кардани мардуми зудбовар ва ба даст овардани пули муфт. Имрузхо дар тамоми чахон каллобони интернети ширкатхои худро кушода мардуми зудбовару эхсосиро бо мактубхои бурдноки лотоги фиреб мекунанд. Ва мутаасифона бисёре аз шахрвандони мо низ ба доми чунин каллобон фитода пули бо араки чабин рехтаи худро аз даст додаанд ва то имруз сарсону саргардон аз сайтхои саргармкунанда пулхои гумшудаашонро чуё мешаванд.
Мавзуъи имруз оиди каллоби дар хама соха меравад. Ба бозори Корвон рафта мушохида намудам, ки он молу махсулоти чинние, ки аз Чин корчалонхои мо овардаанд, хамааш нусхаи молхои табии Русияву Чопон мебошад.Масалан рангхои молидание, ки барои муй истифода мебаранд, аз нав коркард шуда бо сифати хеле паст ба фуруш бароварда мешавад. Ва нархаш хам он кадар арзон нест. Чунин махсулоти сифаташ пасту сунъи ба саломатии инсон зарар расонида ба гирифтор шудани беморихои гуногун оварда мерасонад. Имруз каллобони худи дар бозорхои пойтахт усули нави пулкоркуниро ба рох мондаанд, ки бисере аз шахрвандон аз сунъиву асли будани махсулот пай намебаранд. Масалан, дируз худ шохиди каллобии хонаводаи биснесменхое гардидам, ки рузи дароз ахли оила ба духтани мухрахои рангоранг ба матоъхои бесифату арзони хитои банд буда онро дар бозорхои шахри Душанбе аз арзишаш ду маротиба зиёд бо киммати 50-55 сомони мефурушанд.
Акнун, андеша намоед, чи кадар фоидаи муфт ба киссаи он корчалонхо медарояд. Харидори бечора бошад пули бо мехнати халол ёфтаашро сарфи матоъи беарзиш карда пас аз либос духтан пушаймон мешавад. Чунки ин матоъ баъди як бор пушидан ношоям шуда мухрахояш мерезанд. Имруз молу махсулоти ба кавли мардум «поделка» хеле зиёд шудааст. Каллобон моли наву босифатро дидан замон пагохаш ба офаридани дубликатхои он мепардозанд. Аз ин найрангбозихо барои онхо хазорон хазорон манфиат аст. Дар сохаи дорушиноси низ каллоби дар чойи аввал карор дорад. Д усол пештар дар тамоми дорухонахои пойтахт маводи гиёхии бар зидди фарбехшави «морозник» ба фуруш бароварда шуд. Нафарони эхтиёчманд аз ин гиёх истифода бурда дар як муддати кутох фоидаи онро дар вучудашон эхсос карданд. Харидорони ин гиёхи доруи афзуд. Вале дере нагузашта поделкахо ба фуруш бароварда шуд. Акнун дар дорухонахо ба чойи морозник –и хакики чойкахаки точики андохта шуда бо хамон тамгаи руси ба фуруш бароварда шудааст. Аз руйи мушохидахо ин дубликат дар Регар тайёр шуда дар дорухонахо ба фуруш бароварда мешавад. Агар дар дорухонахои шахр хакикиашро пурсон шавед, фурушанда дигарашро нишон дода ишора мекунад, ки «инаш тоза, барои хамин киммат аст».
Тавре бармеояд, худи фурушандахо хакикиву сунъиашро медонанд, пас барои чи ба фуруши он рох медиханд?
Магар хамин найрангбози хам як шохаи коруппсия ба хисоб намеравад?Шумо чи андеша доред, хонандагони азиз?
Шахлои Начмиддин

Один комментарий

  1. Дигар сохахояш он кадар изхори нигарони намекунад, чунки дар холати мавчудияти ракобат ва баланд шудани сатхи зиндагонии мардум сифати молро худи истехсолкунандагон мачбур мешаванд баланд кунанд.
    Аммо сохаи фарматсевти дар хакикат хеле сохаи мухим ва хаётан зарур аст, ки он тахти назорати катъи бошад, то ки моли пастсифат истехсол накунад ва ба фуруш нагузорад

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *