Петитсия, ё худ ҳуқуқ ба муроҷиат

Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ПЕТИТСИЯ – ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Ҳуқуқи муроҷиат кардан яке аз ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд буда, омили муҳими рушди демократии мамлакат мебошад. Муроҷиат шакли махсуси таъсиррасонӣ ба ҷараёни ягон намуди фаъолият аст, ки муроҷаиткунанда метавонад танҳо ва ё бо гуруҳи одамон муроҷиат намояд. Пас саволе ба миён меояд, худ муроҷиат чи аст ва чиҳоро дар бар мегирад. Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23.07.2016 рӯй меоварем.
Муроҷиатҳо – ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд.
Дар мафҳуми дар боло қайдшуда якчанд калимаҳое буд, ки ба онҳо бояд ҳатман равшани андохт, ба монандӣ:
— ариза – хоҳиш дар бораи мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, норасоиҳо дар фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор ё танқиди фаъолияти шахсони мансабдор, роҳбарон ва кормандони мақомоту ташкилоти дахлдор;
— дархост – хоҳиш дар бораи аз ҷониби шахси ваколатдор дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани амали муайян барои қонеъ намудани талаботи муроҷиаткунанда;
— таклиф – тавсия оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳгардонии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа;
— шикоят – изҳори норозигӣ нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдор, роҳбарон ва шахсони ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор ҷиҳати ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ё манфиати қонунии вайронгардидаи худ ё шахсони дигар;
Намудҳои муроҷиат низ гуногунанд ба мисли:
— муроҷиати электронӣ – муроҷиате, ки ба суроғаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шудааст, ки дар замони муосир хеле корро осон намуда истодааст. Метавонад шахс аз хонаи истиқоматиаш набаромада аз ҷои нишасташ бо таври фаврӣ ба шахси мансабдор муроҷиат намояд. Чанд сол инҷониб дар мамлакатмон сомонаҳои гуногуни рамӣ ба кор шуруъ кардаанд, ки ин ҳам ба фоидаи муроҷиаткунандагон мебошад, тахминан ҳамаи мақомотҳои давлатӣ ҳоло сомонаҳои расмии худро дошта муроҷиатҳоро бо воситаи он қабул намуда истодаанд.
— муроҷиати шифоҳӣ – муроҷиате, ки зимни қабули шахсӣ ба шахси мансабдор ё ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор изҳор гардидааст ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) баён шудааст фаҳмида мешавад, ҳоло ҳамаи шахсони мансабдор рӯзи қабул дошта шахсони муроҷиаткунандаро бо таври қабули шахсӣ қабул мекунанд ва чи тавре ки дар амалия маълум аст, дар солҳои охир чунин кор натиҷаҳои назаррас нишон дода истодааст;
— муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма – муроҷиати дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор нашр ё тавассути воситаи ахбори омма паҳнгардида;
— муроҷиати дастҷамъона – муроҷиати ду ва зиёда шахсон ё аз номи гурўҳи шаҳрвандон пешниҳодгардида;
— муроҷиати такрорӣ – муроҷиати хаттӣ, шифоҳӣ ё электронии такрорӣ ба ҳамон як мақомоту ташкилот, ки дорои далелҳои нав намебошад, бо зикри масъалаҳое, ки доир ба онҳо вобаста ба муроҷиати қаблӣ моҳиятан ҷавоб гардонида шудааст ва дар муроҷиати навбатӣ ваҷҳ ё ҳолатҳои нав оварда нашудаанд;

Бояд дар хотир дошт, ки ҳангоми муроҷат муроҷиаткунанда якқатор ӯҳдадориҳоро низ дорад:
— матни муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашударо дар шакли хондашаванда пешниҳод намоянд;
— ба шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори дигар эҳтиромона муносибат намоянд, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳу таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулки шахси баррасикунандаи муроҷиат ё аъзои оилаи он роҳ надиҳанд;
— оид ба иваз намудани маҳалли будубош, суроғаи маҳалли истиқомат, рақами телефонҳо, суроғаи почтаи электронӣ сари вақт мақомоту ташкилоти баррасикунандаи муроҷиатро огоҳ намоянд;

Бояд тазаккур дод, ки ҳама намуди муроҷиат шарту талаботҳои худро дорад, аз он ҷумла муроҷиати хаттӣ низ талаботҳои зеринро доро мебошад:
1. Шахси воқеӣ дар муроҷиати хаттӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳали воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиатро дарҷ намуда, онро имзо намояд.
2. Дар муроҷиати шахси ҳуқуқӣ бояд номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, сана, рақами содиротӣ ва муҳтавои муроҷиат нишон дода шаванд. Муроҷиат бояд аз ҷониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад.
3. Ба муроҷиатҳое, ки тавассути намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима карда мешавад.
4. Муроҷиатҳои хаттӣ тавассути хизматрасонии алоқаи почта, зимни қабули шахсӣ, тавассути хаткашон ё бо роҳи сабт намудани арзу шикоят ё таклифҳои худ дар китоби арзу шикоятҳои мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
5. Ҳангоми зарурат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тасдиқи ваҷҳҳояшон ҳуҷҷатҳо (мавод) ё нусхаи онҳоро ба муроҷиати хаттиашон замима менамоянд.

Муроҷиатҳои электронӣ низ дорои чунин талаботҳоянд:
1. Муроҷиатҳои электронӣ дар шакли ҳуҷҷати электронии бо имзои электронии рақамӣ тасдиқшуда ва дорои дигар маълумотҳои барои ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳатмӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар муроҷиатҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунандагон ва муҳтавои муроҷиат зикр карда мешаванд.
3. Муроҷиатҳои электронӣ метавонанд дорои маълумоти иловагӣ дар бораи муроҷиаткунанда бошанд, аз ҷумла суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами факс, рақами телефон ва дигарҳо.

Ҳама намуди фаъолият мӯҳлати худро доро мебошад аз он ҷумла муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда низ мӯҳлати баррасии худро доро мебошанд. Муроҷиатҳо дар давоми 30 (сӣ) рўз ва муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати 15 (понздаҳ) рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми зарурати тафтишоти иловагӣ муҳлати баррасии муроҷиат метавонад дароз карда шавад, вале на зиёда аз 60 (шаст) рӯз.

Муроҷиат механизми хуб аст, аммо онро бояд ба назар гирифт, ки муроҷиат дар доираи қонун буданаш лозим аст ва он набояд шикоятҳои тӯҳматомезу барангезандаи хусумати миллию нажодӣ бошад вагарна шахси муроҷиаткунанда ба ҷавобагарӣ кашида мешавад.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба зиммаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тобеони он вогузор карда шудааст.
Дар охир бояд ёдовар шуд, ки ба мақомотҳои давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ ҳатман бояд ба таври хаттӣ муроҷиат намоем ва бояд муроҷиати мо дар ду нусха тартиб дода шуда бошад, то ки мо тавонем ба як нусхаи он имзои шахси қабулкунандаи муроҷиати худро гирем ва дар он санаи супоридани муроҷиат зикр карда шавад. Чунин ҳолат ба мо имконият медиҳад, ки раванди баррасии муроҷиатро таҳти назорат гирем ва талаб намоем, ки он дар мӯҳлати пешбинӣ намудаи қонун ҳаллу фасл карда шавад.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *