Пайкараи муҳочир

 b2ap3_thumbnail_paikara.jpg

— … Чуноне мегуянд, ангушташро бибурй ҳам хун нахоҳад омад. Ин гапро дар васфи шумо гуфтаанд, акаи Муллошо, — гуфта, Мусо, ки даст ба пушт, аз ин тарафи хона ба он тарафи хона қадам зада, нигоҳаш гоҳ ба ин тирезаву, гоҳ ба он тиреза бармехурд.

  — Ҳа, боз «Ҳотами той» гуфтаанд, «Муллошои той» нагуфтаанд. «Мусои той» мегуфтаанд ҳам мешудааст.

  — Чашм аз мачаллаи пур аз суратҳои ранга наканда, ғурунгос зад Муллошо.



— Хайр, дар ҳамин ҳолат кумак накунед, пас шумо чй хел ҳамшаҳрй ҳастед? Ман аз ҳар касу нокас қарз намепурсам ку. Дилам кашиду аз шумо пурсидам. Агар медонистам, ки шумо ин кадар хасис ҳастеду суханам мешиканад…



— Эээ, Мусочон, надорам Мефаҳмй? Агар бошад, наход надиҳам? Дар кисаам дусад сум мондааст, ки сад сумашро дар телефон мегузорам, — ба кадоме аз суратҳои ранга нигоҳ фуру бурда, сар набардошта, сухани Мусоро бурида, гуфт Муллошо.



— Чй хел надоред? Дирузакак Валерий Андреевич ҳаққи корро дода буд-ку, — аз қадамзании беҳуда бозистода, рост ба акои Муллоши нигариста, гуфт Мусо.



— Панчсад сумашро нигоҳ дошта, як ҳазорашро зуд ба хона фиристодам, — сар аз мачалла  бардошта гуфт Муллошо ва ангушти ишоратиашро ба лабаш тар карда, сафҳаи дигарро боз кард. Мусо бо чеҳраи пур аз ифодаи ҳайрат болои сари Муллошо хам шуда, бо овози каме пасттар пурсид:



— Ҳамон ҳазор сумакро бо банк фиристодед? Шарм доред-е…

Муллошо сар набардошта, мачалларо тамошо мекард. Дар саҳифаи нави мачалла акси рангаи духтари нимбараҳнаро дида, мачалларо тарафи Мусо гардонд ва ба акс ишора карда, гуфт:



— Нигар, Мусо, чи хел зур аст… Ман, Мусочон, аз тамошои ҳамин мачаллаҳо чашмонамро об медихам, мисли ту аз пайи зиндаҳояш намедавам ва ба сари пулҳоям об намерезам. Ҳазор сум он тараф истад, боре панчсад сум ҳам фиристода будам. Барои чй шарм медорам? Он вақт шарм хоҳам дошт, ки бачаҳоям дар Точикистон гурусна монанд. Ман дар ин чо ягон зарра парвои худам надорам. То охирин тангаи кисаамро ба ватан хоҳам фиристод. Ба ту ҳам насиҳат ҳамин, ки аз паси духтарҳо камтар давида… — дар ин пайти сухан Мусо, ки тобу тоқати шунидани насиҳатҳои Муллошоро надошт, даст афшонда, баланд хитобид:



- Офарин, офариннн! Дируз дар кучое хондам, ки ҳайкали муҳочири мехнатиро гузоштанианд, барои ба ватани қашшоқ пулфиристиаш. Ба онҳо пешниход хоҳам кард, ки ҳайкали шуморо гузоранд. Касеро, ки якпаҳлу задаву мачаллаҳои эротикй тамошо мекунад… — Мусо инро гуфт ва аз хона бадар шуд.



Муллошо аз паси у бо завқ хандида гуфт: — Бигу вакти сохтани пайкара «мастерок»-и лойзаниамро фаромуш накунанд…

Tagged .

Напишите свой комментарий