Ошику машукахои чой ноёфта…………

Фасли бахор аввали мохи май хостам сайре ба богхои зебои Душабе шахр равам. Дар вокеъ имруз богхои Душанбе бозхам аз харвакта дида зеботаранд ва чун дар дохили онхо сайр мекуни мурги дили ту ба илхом меояду чизе мегуи ё менависи хушнуд мегарди. Хостам сар аввал аз боги устоди шоирон А.Рудаки дидан намоям, хамин хелам шуд.Чун дохили бог шудам дар вокеъ як маконе шудаст, ки хар бинандаро мафтуну шайдо мекунад. Аз як тараф мучассамаи Устод, ру буруяш Китобхонаи милли, аз тарафи рост Касри миллат, аз чап мучассамаи бобои Сомони ва дигар иншоотхои шахр шукуху шахомати бузург дорад. Хамаи ин хуб буд вале чизе маро бенихоят гамгину дилмонда аз тамошои ин бог намуд, ки дар чанд тараф ошику машукахои чои вохури наёфтаро дидам ки дар багал хам нишаста ба бусобуси машгул буданд бовар кунед таъби инсони комил акл хира мешавад. Хама руза садхо шахрвандони дохилию хоричи аз ин чойхо дидан мекунанд ин амали ошику машукахои бемаконро дида то кучо сатхи маданияти шахрдорию шахршини моро бахо медиханд. Боят гуфт ин гуна амалхои нанговару шармин дар тамоми богхои Душанбе шахр дида мешавад. Хусусан дар Боги Ирам, Кули Чавонон, Боги Галаба, Боги Фирдавси ин амали шахвони чавонон  доман пахн кардаст. Намедонам оё касе ба онхо чизе намегуяд ё шарми духатри точик кучо шудаву ба хотири як лахза дар пахлуи машуки  худ будан чоихои хилват кофта кунчи богро интихоб мекунад. Шояд машуку машукахо ин амалашонро рамзи ишки пок донанд аммо инхел нест, ин танхо худнамои ва  пастзании шанъу шарафи якдигар ва падару модари худи онхост. Вале то кучо андеша дошта бошанд ин ошику машукахои макон ноёфтае ки манзараи палидеро дар богхо ба намоиш гузоштаанд. Шояд ин суханхо ба бисёрихо макул нашавад локин хикикат талх аст! 


3 Комментарии

  1. Шайтон ба нафака баромад.
    Шайтонро дидам, ки ба ҳузур хобида буду чанде баъд бархоста, наҳорӣ мехӯрд.
    Пурсидам:
    — Чаро бекор нишастаӣ? Имрӯз инсонҳо нисфи рӯзашонро бидуни ту гузаронданд.
    Қошу кавоқ андохта, ба сӯям ним нигоҳе карду гуфт:
    — Пеш аз вақт ба нафақа баромадан мехоҳам.
    Кунҷкобӣ кардам:
    — Магар виҷдонат бедор шудааст ё мехоҳӣ бандагии Худоро кунӣ?
    Гуфт:
    — Ин тавр нест. Баръакс, ман дигар он Иблиси пешинаи тавоно нестам. Он чи ман шабона бо садҳо васвасаи пинҳонӣ анҷом медодам, инсонҳо дар рӯзи равшан бо садҳо дасисаи ошкор анҷом медиҳанд, Дигар ба ман ниёзе намонда аст.
    Баъд курпаву болишташро гирифту дар гӯшае барои худаш ҷои хоб омода кард. Ҳангоме ки ба ҷояш дароз мекашид, зери лаб ғур-ғуркунон мегуфт:я
    — Эй Одам, агар медонистам, ки фарзандони ту ин қадар ҷинояткору фиребгаранд, дар ҳамон рӯзи аввал ба ту саҷда мекардам. Аммо ҳоло мебинам, ки бадномиаш ба ман мондаасту ҳама корамро фарзандони ту аз ман гирифтаанд. Намедонистам, ки насли ту дар дурӯғу хиёнату бадӣ ин қадар пеш мераванд. Агар инро мефаҳмидам, аввалин шуда, ба Одам саҷда мекардам.
    Гуфтам:
    — Афсус, ки пушаймонӣ дигар суде надорад!
    Гуфт:
    — Алами ман аз он аст, ки шумо, инсонҳо, ҳама коро мекунед, аммо бадномиаш насиби ман мешаваду шиоратон ин аст, ки «Шайтон аз роҳ зад».

Напишите свой комментарий