Ҳокимияти иҷроия

 

 Мутобиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлати ҳокимияти иҷроия баъди ҳокимияти қонунгузор омадааст. Чунин таснифот асоси мустаҳками илми дорад,яъне ҳокимияти бо ҳокимияти дар характери зерқонуни аст.

 Худи маънои калимаи иҷроия ин иҷро кардан ва анҷом додани амалеро дорад. Яке аз аломатҳои ҳокимияти иҷроия ин худ универсали ва ё худ кулли будани онро дорад. Яъне он дар тамоми қаламрави давлат мавҷуд аст ва он маҳз бо ҳамин хусусияти худ аз дигар таҷзияи ҳокимият фарқ дарад.

Ҳокимияти иҷроия нерӯи бузурге буда, аз мансабдорон, маъмурон дастаҳои мусаллаҳ артиш мақомоти амният , милиса иборат аст. Ҳамин тавр, ҳокимияти иҷроия шохаи дувуми таҷзияи ҳакимияти давлатӣ аст.

Ҳукумат раҳбарии олии сиёсӣ ва идораи корҳои ҷамъиятиро ба сомон мерасонад.Дар ҷумҳурияҳои призиденти Ҳукумат аз гурӯҳи мушовирони сарвари давлат Призидент иборат буда . салоҳияти Ҳукумат аз салоҳияти Призидент  вобаста аст.Дар ҷумҳурияҳои парламентӣ бошад, Ҳукумат бо иштироки аъзои парламент ва бо якчанд усулҳои ба худ хос интихоб  мегардад. Дар ин мӯҳлат Ҳукумат бояд аз ҷонибдорони аксарияти аъзои парламент бархурдор бошад.

 Дар Коститутсия зикр шудааст,ки Призидент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат)аст.Шаҳди одитарини ин ҷумла чунин аст, ки Президент чи дохили мамлакат ва чи дар дохили мамлакат ва чи дар сатҳи байналмиллалӣ намояндаи олии кишвар мебошад. Таъкид бояд кард, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатӣ танҳо бар дӯши Президент бор намуда, дар амалӣ гардонидани онҳо дигар шохаҳои ҳокимият низ бо вазифаҳои ба худашон хос иштирок мекунанд. Президент намояндаи олии давлат аст ва ин ҳуқуқро ба ӯ халқ бо воситаи интихобот додааст. Дар самти ҳамкорӣ бо парламент Саравари давлат ваколатҳои зиёде дорад. Вай интихоботи Маҷлиси Олиро таъйин мекунад, ҳуқуқи ташаббуси қонунро дорад, лоиҳаи қонунро дорад, лоиҳаи қонунро барои баррасӣ бозмегардонад, ба қонунҳо имзо мегузорад ва онҳоро нашр мекунад. Яъне Президент ба корҳои парламент таъсири хеле зиёд дорад, вале онро иваз карда наметавонад, чунки қонун қабул карда наметавонад.

Мувофиқи моддаи 69 конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвазир муовинони ӯ ва аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад. Фармони Президентро барои тасдиқ ба иҷлосияи якҷояи маҷлиси олӣ мефиристонад. Агар парламент фармонро тасдиқ кунад он гоҳ ин санад қонунӣ мегардад. Агар не, Президент онро бори дигар мефиристонад ё шахси дигарро таъин мекунад. Бубинед, ки парламент низ ба салодҳияти сарвари давлат дастаҷамъона вобастагӣ дорад.

Барои маҳдуд кардани дахолати Президент ба Ҳукумат аз принсипи “боздорӣ ва муқовимат” истифода мебарад.

Принсипи “боздорӣ ва муқовимат” барои он зарур аст, ки дар байни 3 шохаи ҳокимият мувозинат пайдо нашавад, яке ба дигаре таъсири аз ҳад зиёд нарасонад ва яке ҷои дигареро нагирад. Агар ҳамин принсип риоя нагардад он гоҳ давлати демократӣ зуд ба давлати тоталитарӣ ё худ авторитарӣ табдил меёбад ва ҳокимияти халқ, ки асоси демократия аст, аз байн меравад.

Президент наметавонад аз нишондодҳои Конститутсия берун барояд. Агар дар фаъолияти Сарвари давлат кирдори мухолифи Конститутсия ба мушоҳида расад, он гоҳ усули махсус ба ҷавобгарӣ кашидан ва истеъфо фиристонидани ӯ ба кор медарояд, ки дар ин суръат хулосаи Суди Констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад.

Мувофиқи моддаи 72 Конститутсия дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи судиконстиутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яки аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор мешавад.


Хонандаи синфи 8 Баротова Шарифа

 

Автор Школа № 24 (Б. Гафуров) 8 Articles
Официальный блог школы №24 Б. Гафуровского района

1 Kомментарий

  1. Пас аз ҳар мақолаи Шумо дар ҳақиқат хурсанд мешавам, ки дар Тоҷикистони азизамон чунин як ҷавонони фаъол ва донишманд будаанд. Шукри Аллоҳ таъоло, ки Шумо барои талоши дониш оиди давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқҳои худ карда истодаед ва Ӯ ба Шумо ин донишро додааст!

    Барои кор!

Напишите свой комментарий