Норозигии Зуҳуров аз «рӯйхати сиёҳ»-и муҳоҷирон дар Русия

 

Normal 0 false false false false RU X-NONE X-NONE MicrosoftInternetExplorer4

Норозигии Зуҳуров аз «рӯйхати сиёҳ»-и муҳоҷирон дар Русия

Раиси парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия аз бархӯрд бо муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишвар норозигӣ кардааст.

http://gdb.rferl.org/CEACD635-AFBF-40D4-A7B0-6723148EFA27_w640_r1_s_cx14_cy5_cw85.jpg

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар Маскав қарор дорад, бо раиси Хадамоти муҳоҷирати кории Русия Константин Ромадоновский мулоқот намуда, масъалаи таъқибу боздошт ва ихроҷу фиреби муҳоҷирони корӣ аз тарафи кордеҳону намояндагони мақомот дар Русияро баҳс намудааст.
 
Муҳаммадато Султонов, суханг
ӯи Маҷлиси намяондагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин мулоқот рӯзи 17 июн сурат гирифт ва дар он Шукурҷон Зуҳуров бо таассуф аз ихроҷи донишҷуёну коромӯзҳо ва дипломнависҳои тоҷик ёдовар шудааст, ки барои таътил ба Душанбе омада, дигар натавонистанд сари вақт барои идомаи таҳсил баргарданд. Онҳоро мақомоти марзбонии Русия ихроҷ намудаанд, вале донишҷӯён ба чӣ қонуншиканӣ рух додаанд, то ҳанӯз рӯшан нест.
 
Ба гуфтаи манбаъ, аз с
ӯи дигар Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди ба таври давомдор ворид намудани муҳоҷирони кории тоҷик ба «рӯйхати сиёҳ»-и мақомоти Русия изҳори ташвиш кардааст. Ҷаноби Зуҳуров дар ин мулоқот аз ҷумла гуфтааст, ки дар рӯйхати сиёҳ мумкин аст, афроде низ афтанд, ки иҷозатномаи фаъолият доранд, вале барои андак амали ҳуқуқвайронкунӣ дар ин руйхат шомил мешаванд. Шукурҷон Зуҳуров аз Ромадоновский хостааст, ки дар ин амр мусоидат намояд, зеро чунин рафтор ба Хадамоти федералии муҳоҷират дахл дорад.
 
Тибқи руйхати Хадамоти муҳо
ҷирати Тоҷикистон феълан беш аз 70 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд. Аммо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, шахсоне, ки (шаҳрвандони Тоҷикистон) аз ҳаққи  сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 400 ҳазор нафар баробар аст.
 
Ба таъкиди Шукур
ҷон Зуҳуҳров, кор ба ҷое кашидааст, ки шахсоне, ки ягон камбудӣ ё надоранд ва ё аввалин бор ба Русия сафар мекунанд, номи худро бо рўихати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия муқоиса мекунанд ва онҳо то охир бовар надоранд, ки эҳтимолан ҳолате пеш меояду монеи вуруди онҳо ба қаламрави Русия мешаванд.
 
Ҷаноби Шукуров ба таваҷҷӯҳи Ромадоновский масъалаи фиреби муҳоҷирони корӣ аз тарафи кордеҳонро таъкид кардааст, ки пас аз қабул ба кор барои онҳо иҷозатнома омода намекунанд ва дар натиҷа коргарро «фиреб» дода, мабалағашро умуман пардохт наменамоянд.
 
Муҳаммадато Султонов мег
ӯяд, дар айни замон Константин Ромодановский раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати кории Русия эътироф кардааст, ки
дар баъзе мавридҳо аз
ҷониби кормандони ин ниҳод зиёдаравӣ сурат мегирад, ки натиҷаи он ҳамчун «ҷазои сабук» муҳоҷири корӣ ихроҷ карда мешавад. Ҷаноби Ромадоновский ваъда додааст, ки барои муҳоҷирони тоҷики имтиёзҳои иловагӣ хохаҳанд дод, ки муҳоҷирони кории дигар кишварҳо бархӯрдор нестанд.

 

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий