Нест бод забони урусй?

 

            Дирӯз хабаре хондам, ки ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави миллатгарои урус ба амал гузаштаанд. Онҳо ба бошишгоҳу хонаҳои муҳоҷирон даромада ҳуҷҷатҳои онҳоро тафтиш кардаанд ва байни онҳо низоъ хестааст. Акнун қонунгузории Русия ба ҳар раҳгузари урус иҷоза додааст, ки аз муҳоҷири тоҷик ҳуҷҷат бипурсад. Ба ин рӯз ҳам расидем. Фишор паи фишор ва вазниниҳои беш аз пеш муҳоҷирони моро таъкиб менамояд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ягон посухе намедиҳад. Ҳаминтавр урусҳо бо дастгирии ҳукумати худ  бефарҳангона  миллатҳои барояшон   бегонаро таҳти фишор, пастзанӣ ва зуроварӣ қарор медиҳанд. Миллати  бефарҳанг бо амалҳои бефарҳангона…

          Дар ҳолати бефарҳанг будани тоҷикон метавонист дар Тоҷикистон  низ фишору бадбинӣ болои русҳо ба вуҷуд ояд. Аммо  муҳоҷири  тоҷик пас аз инқадар азобҳои ҷисмониву равонӣ ба Ватанаш бармегардаду русҳои Тоҷикистонро ҳурмату иззат менамояд. Кинаву адоватро аз дилаш берун менамояд ва посухи ҷабрҳои аз пулис ва мардуми рус дидаашро ба русҳои Тоҷикистон намедиҳад. Ин худ як нишонаи бофарҳанг будани моро нишон медиҳад.

          Аммо  ба ин фишору маъракаҳои зиддитоҷикии Русия мо набояд хомӯш бошем, балки бофарҳангона посух гӯем. Як фишанги Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии 201 ва «Окно» бошад, фишанги дигараш ки дар дасти ҳамаи тоҷикон аст ин забони урусист. Барои ҳоло ва ҳозир беҳтарин кор ин фишор ба забони урусӣ аст. Бояд ҳукумати Тоҷикистон қадам ба қадам ҷойгоҳи забони урусиро дар кишвар танг намояд. Чаро шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ин қадар беқадр шудаасту забони урусӣ дар кишвари мо боқадр? Вазорати маориф  бояд фишангро ба хотири дифоъ аз муҳоҷири тоҷик истифода барад. Чаро мактаббачаҳо аз синфи ду забони урусиро меомӯзад ва аз синфи чор забони англисиро? Як забони хориҷӣ бас нест? Соатҳои дарсиро барои забони урусӣ ихтисор намоед. Ба Узбакистон пайравӣ намоед.

          Овезаҳои сарироҳии таблиғотӣ бояд танҳо ва танҳо бо забони тоҷикӣ бошанд. Ширкатҳои мобилӣ низ аз истифодаи забони урусӣ худдорӣ намоянд.  Шабакаҳои Садо ва Симои (Радио ва телевизон) Тоҷикистон барномаҳои урусизабони худро ихтисор намоянд. Маҷалаву рӯзномаҳои урусӣ, мактабу кӯдакистонҳои урусизабон ва овезаҳои таблиғотии урусӣ метавонанд самте барои фишор болои Русия бошанд.

          Барои ҳар як тоҷики аз Русия хориҷшуда як барномаи урусӣ аз садо ва симо аз намоиш хориҷ карда шавад ва барои ҳар як ҷасади муҳоҷири фавтида як мактаб ё кӯдакистони урусизабон баста шавад.

          Боварии комил дорам, ки ин амалҳо  Русияро дар ҷои худ хоҳад шинонд.

           Дар мубориза ва ё худ посух ба Русия ҳар як шаҳрванди одии тоҷик метавонад иштирок намояд. Дар ҳар ҷои Тоҷикистон (манзурам аз кӯчаву хиёбон то садову симо ва ФБ-ву ОК) ба хотири хотима бахшидани фишор болои ноновари тоҷик зидди истифодаи  забони урусӣ садо баланд намоем. Посухи бофарҳангонаи миллати бофарҳанг ба бефарҳангон ҳамин хоҳад буд. Камтарин коре, ки барои дифоъ аз мардикорӣ тоҷик метавон кард. Нест бод забони урусӣ дар фазои Тоҷикистон!

14 Comments

  1. «Чаро мактаббачаҳо аз синфи ду забони урусиро меомӯзад ва аз синфи чор забони англисиро?»

    — Барои он ки забон дони чахон дони гуфтаанд…Бе ин забон барои мо хеле мушкил мешавад чунки хам аз назари иктисоди ва хам аз назари геополитики мо чойгиршавиамонро дигар карда наметавонем… Афсус ихтиёри мо дар дасти худи мо нест холо…

  2. Бародарони гиромй, Рустам ва Мухиддин, як маколи дигар хам хаст:
    Бо бадон бад бошу бо некон наку,
    Чои гул гул бошу чои хор хор.

      • Чаноби Гулов, дар навиштори боло посух, ё худ бадй ба забони он миллат омадааст.
        Посуххои «ассиметричны, симетричны»-хои Медведуфу Путинро ба хотир оред. Масалан дар казияи халабонхои рус онхо бадиро на ба Хукумов ё хешу домоди Рахмонов раво диданд, балки касоси Исоро аз Мусо гирифта садхо нафарро хамон шабу руз депортатсия карданд.
        Ба хамин монанд мисолхо кам нестанд.

          • Магар бартарият додан ба забони худ ва бо фишор ба забони бегона аз мухочирон дифоъ кардан маънои харй дорад?

            • бо ин амал шумо мухочиронро баракс зери хатари боз хам зиёдтар мегузоред, чунки худатон хуб медонед, ки дар чавоб Руссия на хукуки мухочиронро таъмин мекунад, балки «примут ассиметричные меры», чи хеле ки борхо хукумати Руссия таъкид карданд дар симои Путин ва Медведев!

  3. мухтарам Frek, якум ин ки хам забони англисй ва хам урусй забони хоричй махсуб меёбанд. Афзалият бошад дар англисист.
    Чойгиршавию вазъи иктисодии Узбакистон кам фарк дорад, аммо дар ончо забони урусй эътиборашро кайхо гум кардааст.

  4. нест бод уруси??? им хеле калтафахмики дур ба на мерем, акнун, Русиянда Джумшудо бо мул мешавад, сони как всегда великий народ в обиде. Хотите их наказать, выучите их язык и отвечайте на ихние слова достойно! блохе назло постель не сжигают! миллионы наших сограждан там, и большинство живут достойно!

  5. Ин кадар забондустору миллатдустдор боши аз торнамои худат шуруъ мекуни ки тамоми навиштахояш бо забони руси аст. Аввал худат икдом кун дар ин рох баъд аз он дигаронро хам барои ин кор даъвват кун.

    • аввало тарбиятонро нишон дихед, сони ШУМО ки им мавзу ба сухбат мекунем, саломат бошед!!!

Напишите свой комментарий