НЕЪМАТИ МУРДАКАШАК….

Неъмати «мурдакашак».

Неъмат кист?
Неъмат Бобочонов!

Мухассили донишгохи геологии Точикистон. Оиладор. Точике ки номаш бо кори хайраш вирди забони мардуми шахри Санкт-Петербург мебошад. Вакте ки ман нахустин бор ба шахри Питер омадам, мардуми оддии мухочирдар бораи Неъмат суханони нек мегуфтанд. Маро хисси кунчкобиам боло гирифту нишонии уро гирифта ба чустучуяш баромадам. Дари хонаашро ба руям хамсари мехрубонаш Сабохатхон кушода боодобона саломалекунон гуфт ки шавхараш ин лахза дар морги Екатеринскиийи шахри Питер мебошад.
…Аха, бисёр хуб, аз дил гузаронидам ман. Мераваму дар морг бо у хамсухбат мешавам. Ки вафот карда бошад а?

Дар морг огахи ёфтам ки ду кудаки хандони як хонаводаи точик Каринаву Темур аз сухтори дар хучраашон ба амал омада ба халокат расидаанд. Неъмат Бобочоновро ин чо аввалин бор дидам. Чавонмарди сияхчурдаи ситорагарм ашки чашмонашро базур нигах медошт.
-Марги ин кудакони ба сони гул маро сахт ранчур сохтааст хохар. Ва ин лахза сухбат бароям гарон аст.
Каринаву Темур хангоми бози нохост сигори модар гузоштаро дармегиронанду оташ якбора хонаро фаро мегирад. Ин хангом модари онхо Светлана дар ташноб буд. Падари хонавода дар ватан буд. Барои чойи кабри онхоро харидан онхо ин кадар пул надоштанд. Неъмат бо аризабозихо тавонист , ки дар замини Шушари барои ин ду кудаки гурамарг чойи охираташонро харидори намояд бо нархи арзонтар.
-Марги ин кудакон маро дакика ба дакика аз худ бехуд месозад.
Он руз ман низ бо чашмони ашкбор ва дили ранчур ба хонаи ичораам баргаштам.
Сухбат(ба кавле интервью) муяссар нагардид бо Неъмат Бобочонов.

Арвохи гурамаргон мададгор шуд..

Баъд аз се руз боз фурсат пайдо кардаму ба телефони мобилии Неъмат Бобочонов занг задам.
-Ало бахшиш, хохар. Ман дар моргам. Чавонзанеро ба худкуши расонидаанд.
-Чи? нафасам дар гулуям печид…
Чавонзане аз дехаи Симиганч дар кубури обгузаронии хучраи ичораашон худро бо банде овехта буд. Шавхари зан ки ин лахза масти шароб бедардона дар морг меистод, гуфт:
-Ман ба у гуфтам ки зан мегирам. У худро аз рашк овехт. Ин айби ман нест.
Неъмат ба у бо кахр нигаристу гуфт:
-Хайфи ту барин мард…
Неъмат Бобочонов ба да

рди саратон гирифтор шуд. Моххо табобат гирифт. Вале хеч натичае намедод. Субхе аз хобаш бедор шуду худро комилан сихат дарёфт.
-Хоб дидам ки хамон чавонзани точики худкуши карда ба суям дуо мекунаду мегуяд:
-Бародари киёмати, ту сихат хохи шуд . Худованд туро нигахбон.
(ин соат даруни морг ба ёдам меояд. Вакте ки занхо часади ин чавонзанро шуста кафан андохтанду хостанд ки бардоранд, кариб ки аз дасти онхо ба замин фитад. Ин хангом аз фарёди онхо Неъмат огахи ёфта давида омаду сари часадро ба даруни кафан андохта гуфт:
-Хохар, маро бубахш, дар ин дунёву он дунё хохари киёмати боши.
Боз бо калби сухта ба хонаи ичора омадам. Мусохиба ба хафтаи дигар мавфук гузошта шуд.
Сафаров Холмуъминро куштаанд…

Хафтаи дигар боз ба суйи хонаи Неъмат Бобочонов рахсипор шудам. Хануз дар бораи фаъолияти кориаш ки замоне дар ватан геолог шуда кор мекарда, сухан огоз накарда телефони мобилиаш занг зад.
-Ало, чи дар шахраки Всеволовжский, хозир меравам.
Ман хам бо у шитофтам ба чойи ходиса. Шахрванди нохияи Кубодиён, Холмуъмин Сафаровро дар назди магоза шахсони номаълуми никобпуш омада бехотир аз пешониаш тир холи мекунанд. Аммо дар делои чинояти кайд гардид, ки Сафаров Холмуъмин худкуши кардааст.
-Хайфи чунин чавонмарди пахлавон…Дар морг Неъмат уро баъди шустану кафан кардан лахзае калбашро дошт. Калбаш месухт. Сигор даргиронду зери лаб гуфт:
-Кош ин охирин часади точикбача бошад . Кош….
Ман хам дигар суоле надода мусохибаро боз ба дигар руз монондам.
Корибача ба дарс мешитофт…

Бо Неъмат Бобочонов ман дар морг боз хамсухбат шудам. Ин навбат шахрванди нохияи Восеъ, Баротов Абдулманон ки кории Курьон буд, туъмаи марг гардида буд. Он бегохи Абдулманон ба дарс суйи масчиди махаллаи Ириновскийи шахри Питер мешитофт. Дар назди масчид мошини у ба мошини боркаш бархурду дар натича ин чавони нек ба халокат расид. У хануз оиладор нашуда буд. Модар то ба имруз аз гами гурамаргаш девона шуда чомаи домоди медуздад. Дар беморхона ин гурамарги навбати руйи дастони Неъмат чон дод. Вопасин суханаш калимаи шаходат буд.
Ман хам ашк дар чашм дигар ба Неъмат Бобочонов суоле надодам.
Рузи дигар суолаш додам:
-Ба назари шумо мухочират чи доду чи гирифт?
-Мухочират садои дили гурамаргонро ба ман гушрас мекунад. Аммо чи илоч ки замона хамин аст. Мухочират ногузир аст. Мухочират бурд ин кадар чавони, орзу умед.
-Чи шуморо водор кард ки ин рохи хайрро пеш гиред.
-Марги яке аз хешонам ки панч сол кабл дар Питер кариб бесохиб монда буд. Акнун мардум аллакай медонанду хар соат занг зада аз ману бародарони хайрхох Кори Амруллох, Бурхон дасти кумак хохиш мекунанд. Дар ин рохи хайр мо чизе ки аз дастамон биёяд мекунем. Одами бояд хангоми дар хаёт буданаш ба чунин кори хайр дар рохи Худо сахме гузошта бошад.
-Сабаби марги чавонмардони точик бештар аз чи рух медихад?
-Сабаби марги мухочирони точик асосан беэхтиёти дар сохтмонхо, беморихо, нашъаманди,шаробхори, чангу чидоли байни худ, кисми бокимонда аз дасти нафарони миллагаро -секендхэдхо ба халокат мерасанд. Худо хамаи моро дар ин мулки гариб нигахбон шавад.
-Ба ватан кай бозгашт доред.
-Насиб кори Худо. Касби ман хеле шавковар аст. Точикистон дорои канданихои фоиданок мебошад.
-Нисбати хафтаномаи «Оила», ки дар Русия ба таъб мерасад, чи андеша доред?
-Кори хайрест. Аслан мухочирони мо ба хондани рузномаву мачаллахо шавки зиёд доранд. Ин кори рузноманигорон боиси дастгирист. Ба хайати эчодии мачаллаи «Оила» бурдбориву комёбихо хохонам.
-Боз чи таманно доред?
-Орзу дорам ки дигар харгиз часади гурамарги точикеро набинам. Ин барои ман дард аст. Дарди миллат. Ман Неъмат будан мехохам, на Неъмати «мурдакашак».
-Саломат бошед!
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН, ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ…

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *