Наврузи чахони

 

Соли нави Ачам Навруз, ки иди байналмилали эълон шуд, моро боз хам шоду масрур намуд. Хамакнун ин чашини фархундаро дар тамоми чахон бо шукуху шахомати хоса тачлил мекунанд.  Навруз нишонаи олии хубию поки, дустию хамдили ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи  Чамшеду Каюмарс то ин замон чандин мархилахои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманнону бадхохон рахо ёфта то ба замони  имрузи мо расидааст. Навруз ин иди аждодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо хамчун мерос боки монда, арчгузори ба ин чашини милли, арчгузори ба расму русуми гузашта мебошад. Навруз ин огози рузу моху соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин  мероси аждодони худ бифахрем, чунки дар тули карнхо ин миллати ватандуст новобаста аз хама гуна офатхою газандхо, фишороварию гасбнамоии душманони ачнаби, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан хучум мекарданд, боки мондаaст. Ин хасудон бо бахонахое зиёде садди рохи тачлили чашни Навруз мешуданд ва ин чиз дар даврони шурави низ ба назар мерасид. Бо ин хама дарду машакатхо ин миллат тавонист дубора Наврузро зинда кунонад ва хатто ба чахониён муаррифи созад. Наврузе, ки ободи мехохад! Наврузе, ки дусти мехохад! Наврузе, ки сарсабзи меорад! Имрузхо чахони шудааст. Навруз як чашни зебост ва дар фасли аруси сол бахор  гузаронида мешавад. Баъди сохибистиклол гаштани Точикистон хамасола дар таърихи 21-22-23-уми март дар саросари кишвар ин чашни бошукух бо тамоми расму оинхояш тачлил карда мешавад.

Бар диёрам ин замон, фасли бахор ояд хаме,

Хам газал шеръу тарона, сад хазор ояд хаме.

Нагмаи кабки дари, хам булбулони хушсадо,

Бо навои дилнавози чангу тор ояд хаме.

Мерасад шоди ба дил, аз пайки хушрузи бахор ,

Хусни хона, хусни механ, хусни ёр ояд хаме.

            Бояд гуфт Навруз ба худ расму оинхои гуногун дорад ва аз рузгори пешин то ин замон бисёри онхо ба мо расидаанд.  Пеш аз хама кудакон дар саршавии фасли бахор  ва Наврузи хучастапай маросими гулгардониро ба чой меоранд. Гулгардони ин маросиме мебошад, ки кудакон гулхои наврустаи бахориро хона ба хона бурда, мардумро ба омад-омади бахор  ва Наврузи Ачам табрик месозанд. Дар навбати худ сохибхона ба онхо ягон хадяе медихад. Дар Навруз одамон ба ободкорихо ва сефедсозии деворхои хонаaшон даст мезананд (дар баъзе мaхалахо инро хонабурори ё хонатакони мегуянд), аз холлу ахволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю хасад дошатанд, бахшоиш мекунанд, зарфхои шикастаро мепартояанд, гулхан меафрузанд(дар баъзе минтакхо аловпарак, яне аз болои оташ мечаханд), ва дигар маросимхои Наврузиро тантанавор мегузаронанд. Хамаи ин сунатхои Наврузи аз ниёгон ба мо омада расидааст.

Як чашни кухан омад,

Озода бадан омад,

Наврузи Ватан омад,

Навруз муборак бод!

** ** **

Ин шеръу суханро бин,

Шохию чаканро бин,

Бишкуфта чаманро бин,

Навруз муборак бод!

            Албатта дар ин руз духтарон куртахои милли ба бар карда, дастурхони Наврузи ороста мекунанд ва шеъру газалхони менамоянд. Дастурхони Наврузи асосан аз «хафтсин»-у «хафтшин» иборат буда, инчуни бо хурокхои хубу дилнишини Наврузи оро дода мешавад. Ба хафтсин сабза (суманак), себ, санчид, самбуса, сабзи, сипанд, сирко ва ба хафтшин бошад шир, шона, шамъ, шарбат, шакароб(дар баъзе минтакахо), шакар, ширбиринч, инчунин баъзе таъомхои Наврузи дохил мешавад. Дар ин руз бисёре аз мардумон ба сайри тамошои дашту сахрои гулпуши ватани азизамон мебароянд  ва аз хавои софу бегубор нафас мегиранд. Вокеан Навруз ва бахор  ин аёми шукофоист, ба кучое нанигарем хама гулпушу гулрез аст. Мургакони чаман сари хар навнихоли шукуфта нишаста нагмасарои мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушхоли карда, бахори  накупайро пешвоз мегиранд.

            Навруз хурокхои ба худ хосро доро мебошад. Яке аз хурокхои маъмули Наврузи ин суманак ба хисоб меравад ва агар нишонаи Наврузу бахор  гуем хам хатто намекунем. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, захмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вакти гузоштан то ба тайёр шуданаш хатто хафтахо зарур аст. Суманкаро кариб дар хамаи нохияхои Точикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе нохияхо суманак бо номхои суманаки чанголи, кулча суманак, атолла суманак маъмул аст, ки бо  баъзе хусусиятхо аз хамдигар фарк мекунанд. Хуроки  дигари Наврузи ин далда мебошад, ки дар баъзе минтакахо бо номхои даля, гандумкучак, ярма ё боч маълум аст. Асосан далдаро бо гандум ва дигар донагихои куфташуда ва гушт ё калапочаи  гов ё гусфанд таёр мекунанд, инчунин дар баъзе манотик далдаи бо алафхои бахори таёршударо низ во хурдан мумкин аст. Адади хурокхои бахори нихоят зиёд аст, аз ин хотир номи чанде аз онхоро кутохак баён кардa мегузарем. Масалан: оши тупа, оши бурида(атолла низ мегуянд), атоллаи наски(асосан аз наск ва алафхои бахори тайёр мешавад), далда ба шир, гандумоб ва гайра.

            Дар Навруз инчунин як катор мусобикахои варзиши гузаронида мешавад. Аз чумлаи гуштингирию бандкаши, аспдавонию бузкаши, чиликбозию  чавгонбози, бандпараку алвончакбози ва биcёр дигар бозихое, ки дар байни мардум роичанд. Инчунин дар мамлакти мо ба хукми анана даромадaаст, ки дар арафаи ин чашни   бузург мусобикахои калони гуштини милли хамасола гузаронида мешавад.

            Дар арафаи Навруз шахси калонсоли деха ё муйсафеди рузгордидае ба дехконон дуои нек дода ба кишту кори бахори огоз мебахшад. Аз зебоихои бахор  ва Наврузи Ачам шоирон, навистандагон, эчодкорон ба илхом омада, бахору Наврузро дар шеръу сухан тасвир мекунанд.

 

Навруз дар ин сахни чаман омадааст,

Бо буи гулу мушку суман омадааст.

Навруз расад чумла чахон зинда шавад,

Базму тарабу савти Ватан омадааст.

Ай духтари точик  чаканпуши бикун,

Вакти чакану рузи чакан омадааст.

В-аз атласи зебо, ки ба  бар кардаи ту,

Осоишу рохати бадан омадааст.

Сад байту газал ба васфи Навруз хонем,

Чун дар дили мо тархи сухан омадааст.

Булбул зи фироки ёр чи нола куни?

Бархезу нигар, ёри кухан омадааст.

Имруз чахон иди Навруз дорад,

Карими ба Наврузи Ватан омадааст.

 

 

 

Каримзода А

 

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий