Навовариҳои Блогистон

Дуруд, дӯстони азиз! Шодем, ки бомуваффақият версияи нави сомонаро фаъол кардем, ки дар ин версия якчанд камбудиҳои пештар мавҷудбуда аз байн гирифта шуданд ва якчанд фуексияҳои нав барои осон кардани истифодаи сомона дохил карда шудаанд. Агар ягон мақолаи навиштаи блогерон маъқул шавад, Шумо метавонед ба осонӣ онро ба фейсбук равона кунед ва ё «лайк» гузоред. Инчунин истифодабарандагони Твиттер ва Google+ низ метавонанд аз саҳифаи асосии блогҳо мақолаҳои маъқулшударо ба саҳифаҳои худ дар сомонаҳои дар боло зикршуда равона созанд. Намуди сомонаро низ боз ҳам дилкаштар кардем. Агар ягон савол ва ё дархост бошад, Шумо метавонед онро ба admin@blogiston.tj фиристед ва ё дар саҳифаи мо дар https://www.facebook.com/blogiston ҷойгир намоед.

2 комментария

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *