Дар аввал бояд зикр намоям, ки мо харчанде, ки давлати мо давлати хукукбунед ва демокракти бошад хам,  шариати мо, дини мо ислом мебошад ва аз дигар кишвархои хорича нигох карда урфу одати худро дорад, ки аз дигар бисер фаркияти калон дорад. Масалан дар Русия урфу одат ва  дин аз мо фарк мекунад. Дар он чо агар шахрванд ба синни 18 дарояд, у тамоман озод аст, чи хеле ки хохад зиндагии худро пеш мебарад, новобаста аз чинс (хам зан ва хам мард).Дар дигар давлатхои хорича низ хамин тавр. Лек дар давлатхои исломи (Покистон, Афгонистон, Эрон ва гайрахо ) тамоман баракс. Мегирем давлати хешро. Чи мебинем? Пешрави дар хама соха хаст, хам дар хаети иктисоди, ичтимои, фарханги, хам дар сохаи маориф. Хаматарафа таракки карда  истодааст.

          Гуфтан мумкин аст, ки хозир Точикистон ру ба урфу одатхои давлатхои хорича нихода истодааст. Хозира чавонон маданияти дигар давлатхоро ба худ шиор карда гирфитаанд. Мегуяд хамин бехтар аст. Пештар дар Хучанди Бостони ба никохи занушуи  худи навхонадорон хукуки интихоб кардани хамсафари хаётиро надоштаанд, ба чои онхо волидайни онхо интихоб мекарданд. Онхо бобоёну момоёни гузаштаи мо буданд ва зиндагии онхо бисер канд барин ширин гузашта буд. Ана акнун дарваи пешинаро ба хаети хозираи мо токозо кунед? Бубинед, чи кадар навгонихо  ба хаёти мо ворид шудааст. Максади асосии  ин маколаи навишта истодаи ман дар дигар аст.

       Ин масъала на хамаро дар доираи худ мегирад, ман факат баъзе оилахоро дар назар дорам. Гарчанде мо аз он даврахои кадима баромада бошем хам, баъзе падарону модарони мо холо хам бо хамон урфу одатхои кадимаи худ зиндаги доранд. Ман бо ин суханхо намехохам яг фикри ночой иброз кунам, лекин онхо хатоги доранд. Онхо  ба ишку ошикиро бо чашми бад назар мекунанд, намедонам шояд онхо мешуморанд, ки аз тарафи ислом ин гунох аст ё чизи дигар, лек дар хадиси  Хазрати Пайгамбарамон Мухаммад (с.а в) омадааст ки: «агар ду чавон ба якдигар бо чашми мухаббат ва неки нигаранд, гунохи онхо бахшида мешавад». 

    Чи бади дорад, агар ду чавон писанди якдигар бошанд, чи бади дорад агар онхо ягдигарро дуст доранд, барои чи Шумоен волидон розигии худро намедихед. Барои чи Шумоен ба ин бо чашми нафрат ингох мекунед. Охир наход дар даврохои худ шумо ошик нашуда бошед, наход, ки якбор хам дили шумо ошикона зада набошад. За ишку ошики хеч кас нагурехтааст, хама дар хаети худ бо ин сару кор дорад, лекин дар замони пеш ин корхо кам дида мешуд, хозир бисер дида мешад, лек бо вучуди ин хастанд нафароне, ки зидди ишку ошики мебарояд. Агар фикр карда бароем, масалан гирфтанд ду чавонро хонадор карданд бе розигишон,  ин харду чавон хислату рафтори якдигарро намедонанд, баъд онхо чи хел зиндаги мекунанд, хар руз чангчол, хафаги, ки ин окибаташ то чудошавии оила оварда мерасонад. Аз вай бехтараш волидайнони азиз ба ин бо чашми нек нигаред, аз фарзандонатон пурсед, дустдошта дорад ё не, дошта бошад гирифта дихед. Агар фарзанди Шуморо дуст медошта бошад, хатман Шумо ва хамсару авлоди Шуморо низ аз сидки дил дуст дошта, адо хизмататонро мекунад. )))