Муроҷиатнома ба унвонии Президенти ҶТ дар бораи Даъвати Қонунии ҷавонон ба хизмати ҳарби

 

Хонандаи Азиз!!!

Санаи 10-уми апрели соли 2013 дар рӯзномаи “Имрӯз-NEWS” мақола бо номи “Маро “ОБЛАВА” карданд” баромад, ки дар мақола рӯзноманигори “Имрӯз-NEWS” оиди ба облава дучор шудани худ нақл мекунад. Пас аз хондани ин мақола ба ростӣ виҷдонам намебардорад, ки хап шинам ва ба ҳамаи ин қонуншиканиҳо чашм пӯшам.

Ман ҳамчун як шаҳрванди ҶТ фикр мекунам, ки агар ҳамин хел ҳодисаҳои дар кучаю бозорҳои кишвар дастгир кардан ва ба хизмати ҳарби бо тарики иҷбори равон кардан бошад, пас ҷомеаи мо дар хатари он аст, ки аз ин вазъият шахсони манфиатдор истифода бурда Ҷавононро дастгирдарда бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд ва Мо ба ин аҳамияте надода мегардем,

Ман хонандаи гиромиро барои талаби ҳуқуқҳои шаҳрвандиаш даъват менимоям. Биёед ба вайрон шудани ҳуқуқҳои дигарон бетараф набошем. Рузе мешавад, ки навбат ба Мо хам мерасад, пас чи кор мекунем???

Бисёр ҳастанд ҳодисаҳое, ки дар ин мавзӯъ ба гӯши мо мерасанд, дар бисёре аз онҳо унсурҳо (аломатхо) — и ҷиноят ҳам ҳаст. Масалан, санаи 10–уми апрели соли 2013 аз кӯчаи Борбади н. Синои ш. Душанбе дӯсти худамро, ки омӯзгори яке аз донишгоҳҳои кишвар аст, шахсони номаълум тахминан соатҳои 14:30 – 15:00 дастгир карда, дар автомобили тамғаи Старекс савор карда, ба самти номаълум бурданд. То бегоҳии ҳамон рӯз ӯ аз ҳама гуна комиссияҳои тиббӣ ва даъватӣ гузаронида шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар шуд, ҳол он ки ӯ то ин рӯз ягон хел даъватнома нагирифтааст.

Мутобиқи қонунгузории ҷории Тоҷикистон сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси додани даъватнома, ки на камтар аз панҷ рӯз пеш аз рӯзи сафарбаркунӣ ба хизмати ҳарбӣ дода мешавад, амалӣ мешавад. Дар ҳолати имзо карда гирифтан ва бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан барои сафарбаркунӣ ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбӣ, дар қонунгузории ҷории Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Дӯстони гиромӣ, аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки барои ҳалли ин масъала саҳми худро гузоред ва анкетаро бо тариқи онлайн да инҷо пур намоед. Фикр мекунам, ки барои чунин масъалаи муҳим 3-5 дақиқа сарф кардан − ин каҳрамонист. Ҷаъмбасти маълумотҳои бо тариқи анкета ҷаъм шуда ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона мешавад.

ЛУТФАН ДАР ИН КОР БЕТАРАФ НАБОШЕД, САХМИ ШУМО БАРОИ ПЕШБУРДИ АДОЛАТ ДАР ЧОМЕА ЗАРУР АСТ.

Тартибдиҳандаи Мактуб:

Адвокат – Ҳуқуқҳимоякунанда                    Абдулмаҷид Ризоев         Email: abdulmajid.rizoev@gmail.com

Один комментарий

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *