Муроҷиати кушод ба Президенти Тоҷикистон оиди облава

 



Ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

Нусха:            Ба Вазири мудофиаи ҶТ

Шералӣ Хайруллоев

Ба прокурори генералии ҶТ

Шерхон Салимзода

Ба Вазири корҳои дохилӣ

Рамазон Раҳимов

Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар ҶТ Зариф Ализода

 

Мӯҳтарам ҷаноби президент Эмомалӣ Раҳмон!

Ман, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва сулҳу осоиштагии онро пос дошта, бо нияти рушду такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии он ба Шумо муроҷиат менамоям.

Шарҳи ҳол он аст, ки сабаби муроҷиати ман дар зиёд шудани ҳодисаҳои нангини истифодаи роҳҳои ғайриқонунии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби бархе аз кормандони комиссариатҳои ҳарбиву ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон мебошад. Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии онҳо, ки дар байни халқ аллакай ҳамчун “облава” машҳур гаштааст, баробари ҳамдигар ду арзишҳои муосири Тоҷикистони ҳуқуқбунёд дағалона поймол шудаистодаанд. Онҳо ҳам бошанд ҳуқуқҳои инсон ва иқтидори мудофиавии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар натиҷаи ин амалҳои бархе аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ашхосе даъват шудаистодаанд, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла вазъи саломатӣ, баъзеи онҳо наметавонанд ба таври зарурӣ хизмати ҳарбиро адо намоянд. Ин на камтар аз “хизмати хирсона” ва даровардани нуқсонҳои ҷиддӣ ба иқтидори мудофиавии Артиш мебошад, ки амният ва сулҳу суботи кишварро зери хатари калон мондаистодааст.

Ин дар ҳолест, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби хеле муфид ва мусбии даъвати шаҳрвандон дарҷ гардида, он қариб ба тамоми меъёрҳои демократии байналмиллаӣ ҷавобгӯ аст, ки нияти роҳбарияти давлатро дар пос доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди артиши пуриқтидори ҳимоятгар нишон медиҳад.

Аз тарафи дигар, ин “облава”-ҳое, ки баъзе кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳо мегузаронанд, дар худ таркиби як қатор ҷиноятҳоро, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дорост. Аз ҷумла, Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316), Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан (моддаи 358), Вайрон намудани дахлнопазирии манзил (моддаи 147) ва ҳоказо.

Дар рафти “рейдҳои облаваҳо” ҳодисаҳои гуногуни манфӣ низ рӯй медиҳанд, ки ба натиҷаҳои хеле вазнин сабабгор мешаванд. Бо бархеи онҳо, ки қатрае дар ин баҳри қонуншиканӣ мебошанд, аз мақолаҳои гуногун низ шинос шудан мумкин аст. Якчанд намунаро, ки аз манбаъҳои кушод дастраси ҳамагон аст, дар охири мактуб замима менамоям.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, на роҳбарияти Вазорати мудофиа, на Прокуратураи генералӣ ва зерсохторҳои онҳо чораҳои кофии фаврӣ ва зарурӣ нисбати ин ашхос намеандешанд, ки дар натиҷа онҳо аз беҷазогии худ истифода бурда, ин амалҳои ҷиноияшонро бе монеа давом дода истодаанд.

Аз ин ҷиҳат, аз Шумо – ҳамчун кафили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ҳамчун сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ин давлат эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба ин амалҳои нангини тобеони худ хотима бахшидан ва ҳамаи ашхоси ба ин кор даст задаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намоед.

Умед дорам, ки ин муроҷиат беҷавоб нахоҳад монд.

Бо эҳтиром, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Гулов!

Замима:

1.                  Случайная жертва облавы обожглась в кипящем масле

Муаллиф:       Муьмин Ахмади, Радио Озоди

Манбаъ:         http://rus.ozodi.org/content/a-burned-tajik-woman-victim-of-forced-army-recruitment-/24979472.html


2.                  Дод аз дасти «Облава»

Муаллиф:       «Самак»

Манбаъ:         http://www.faraj.tj/index.php?newsid=1457


3.                  Убегал от «облавы» — попал в больницу

Муаллиф:       Азия-Плюс

Манбаъ:         http://news.tj/ru/news/ubegal-ot-oblavy-popal-v-bolnitsu


4.                  Снова облавы: Таджикского студента чуть было не забрали в армию

Манбаъ: http://ru.ozodagon.com/centrasia/tjru/7818-snova-oblavy-tadzhikskogo-studenta-chut-bylo-ne-zabrali-v-armiyu.html


5.                  «Облава»

Муаллиф:       Абдукарим Раҷабов

Манбаъ:         http://www.faraj.tj/index.php?newsid=2049


6.                  Рӯдакӣ: Облава обрӯи Артишро мерезонад!

Муаллиф:       Нигора ХОҶААСАНОВА, омӯзгори собиқадори мактаби миёнаи № 68-и ноҳияи Рӯдакӣ

Манбаъ:         http://www.faraj.tj/index.php?newsid=640


7.                  Аз «аскарфурӯшӣ» бохабаред?

Муаллиф:       Раҳмат БОБОЕВ, сокини деҳаи Саразми шаҳри Панҷакент

Манбаъ:         http://www.faraj.tj/index.php?newsid=1067


8.                  Кӣ дурӯғ мегӯяд: Вазорати мудофиа ё халқ?

Муаллиф:       Акрами САНГ, “Самак”

Манбаъ:         http://www.faraj.tj/index.php?newsid=656


9.                  Кӯлоб: Гурез, Облава!!!

Муаллиф:       Маҳмудҷон РАҲМАТОВ, минтақаи Кӯлоб,  «Фараж»

Манбаъ:         http://www.faraj.tj/index.php?newsid=641

МАТНИ РУСӢ:

 

Уважаемый президент Эмомали Рахмон!

Я, как гражданнин Республики Таджикистан, уважая единство и мирное небо над головой, с намерением развития и совершенствования Вооруженных сил и их обороноспособности, обращаюсь к вам.

Дело в том, что причиной моего обращения являетс учащение позорных случаев использования со стороны некоторых работников военных комиссариатов и джамоатов городов и районов нашей Родины незаконных путей призыва граждан на военную службу. В результаты этих неправомерных действий, которые известны в народе как “облавы”, грубейшим образом растаптываются на равне друг с другом две современные ценности правового Таджикистана. И ими являются права человека и обороноспособность Вооруженных сил Республики Таджикистан.

В результате этих действий некоторых работников военных комиссариатов и джамоатов в ряды Вооруженных сил призываются граждане, которые по различным причинам, в том числе состоянию здоровья, некоторые из них не могут пройти военную службу на должном уровне. Это по меньшей мере является “медвежьей услугой” и внесение значительных недостатков в обороноспособность Армии, что в итоге ставит под большую угрозу безопасность и мир в стране.

Это в случае, когда в законодательстве Республики Таджикистан указан полезный и позитивный порядок призыва граждан, который отвечает почти всем международным демократическим нормам, что отражает намерение руководства страны в защите прав человека и развитии мощной защитнической армии.

С другой стороны, эти “облавы”, которые проводят некоторые работники военных комиссариатов и джамоатов, содежат в себе состав ряда преступлений, которые предусмотрены Уголовным кодексом Республики Таджикистан. В том числе, Превышение должностных полномочий (статья 316), Незаконное задержание или заключение под стражу (358), Нарушение неприкосновенности жилища (147) и другие.

В процессе проведения “рейдов облав” также происходят различные негоативные происшествия, которые становятся причиной различных тяжелых случаев. Стнекоторыми из них, которые являются лишь каплей в этом море преступлений, можно ознакомиться из различных статей. Несколько примеров, которые доступны всем из открытых источников, привожу в приложении данного письма.

Но, несмотря на все это, ни руководство Министерства обороны, ни Генеральная прокуратура и подчиненные им структуры не принимают достаточных безотлагательных и необходимых мер в отношении этих лиц, которые пользуясь своей безнаказанностью беспрепятственно продолжают свои преступные действия.

С этой точки зрения, прошу Вас – как гаранта прав человека в Таджикистане, как главнокомандующего Вооруженными силами Республики Таджикистан и руководителя этой страны, содействовать в прекращении вашими подчиненными применения этих преступных методов и привлечению к ответственности всех лиц, причастных к этим действиям.

Надеюсь, что это обращение не останется безответным.

С уважением, гражданин Республики Таджикистан Рустам Гулов!

Rustam Gulov
Автор Rustam Gulov 545 Articles
Блоггер, гражданский активист, медиа-тренер и консультант, основатель Блогпортала "Блогистон"

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий