Муроҷиат ба Президент оиди ҷавоби нодурусти вазорати маориф

 

Ҷаноби Президент!

Дар ҳақиқат хеле хушнуд шудам, ки номаи маро ба Вазорати Маорифи ҶТ фиристонида, аз ҷониби ин ниҳод ҷавоб омад, аммо он қонеъкунанда нест.

Ёдовар мешавам, ки дар муроҷиати худ ман хоҳиш намуда будам, ки дастури муовини аввали Вазири маорифи ҶТ Фарҳод Раҳимов ба ректорони макотиби олӣ оиди роҳ надодани донишҷӯён ба конференсияву семинарҳои ташкилотҳои байналхалқӣ баррасӣ шавад ва аз сабаби ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсионӣ будани он нисбати муаллифаш чораҳои зарурӣ андешида шуда, он дастур бекор карда шавад.

Аммо афсӯс, ки ҷавоб на танҳо қонеъкунанда нест, балки бар замми ин инчунин ғайриқонунӣ мебошад, чунки бар хилофи моддаи 9 Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” муроҷиати маро бояд роҳбари ин ниҳод вазири маориф Нуриддин Саидов баррасӣ менамуд. Инчунин сабаби асосии аз тарафи шахсан ӯ баррасӣ намудани муроҷиати ман дар он мебошад, ки шикояти асосии ман аз болои муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов равона шуда буд. Аммо парадокси ин ҳолат дар он аст, ки шикоятро аз болои амалҳои Фарҳод Раҳимов худи Фарҳод Раҳимов баррасӣ намудааст. Ин ба он ҳолат шабоҳат дорад, ки агар инспектори БДА ронандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайроннамударо боздораду варақу қаламро ба дасти худи ӯ дода, гӯяд ки гуноҳи худро кофта ёб, агар ёбӣ, пас худат суратҷаласаю дигар ҳуҷҷатҳоро оиди ҳуқуқвайронкуниат омода соз.

Дар амал чунин аст, ки чӣ хеле ронандаи худком гуноҳи худро намеёбад, муовини аввали вазир низ муроҷиати маро “таҳқиқ” ва “баррасӣ” намуда, ба хулоса омадааст, ки суханони ман “асоси воқеӣ надоранд”.

Дар асоси ин аз Шумо боз як бори дигар хоҳиш дорам, ки нисбати дастури дар боло зикргардида ва муаллифаш чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо эҳтиром, шаҳрванд Рустам Гулов!

P.S. Пости пешина оиди ҷавоби Вазорати маориф

Tagged , , , , .

Блоггер, гражданский активист, медиа-тренер и консультант, основатель Блогпортала "Блогистон"

Напишите свой комментарий