Мухтасари бозиҳои шоми гузашта

Салом. Чи тавре ки хабар доштем шоми гузашта бохиҳои интихобии ҷоми ҷаҳони қисми аврупо 3 бозии хело ҷолиб шуда гузашт. Аввалин бози дар Москав байни дастаҳои Руссия ва Португалия шуда гузашт.Оиди ин маълумоти мухтасар медиҳем: Ду дастаи мутахабие, ки то ин дам холҳои ягона доштанд. Дастаҳое,ки баҳри гирифтани ҷои аввалро дар гурӯҳи худ мебозиданд. Бози бо вақти маҳалли соати 20:00 оғоз гардид. Чи тавре ки ҳамагон интизори доштанд ситораи футболи муосир, ки дар ин бози сардори дастаи Португалияро дар ӯҳда дошт Криштиано Ронлду бозии хуб нишон дод, локин бурд насиби дастаи Руссия гардид. Дар ин бози танҳо як гол зада шуд ва ин бошад ҳам танҳо дар дақиқаи 6 аз тарафи Кержаков бо ёрии Широков буд. Хуллас бози бо ҳисоби 1 бар 0 ба ҳисоби бурди русҳо хотима ёфт. Қаҳрамони ин бози ба фикри экспертҳои блоги мо ин Капелло мебошад. Бозии дуюм байни ду дастаи бо қувваҳо нобаробар, яъне Олмон ва Ирландия буд. Ин бози бо бохти Ирландиҳо бо ҳисоби 6 бар 1 хотима ёфт. Ин бози тамоман мисли бозии кӯдакон ва футболбозони профессионали шуда гузашт. Ҳамон голе ки аз тарафи ирландиён зада шуд ҳамон низ дар дақиқаи 90+2 зада шуд. Бозии сеюм низ ба мисли бозии дуюм байни дастаҳои бо маҳорат ба кулли фарқкунанда, байни дастаи чемпиони Аврупо ва чемпиони ҷаҳон Испания ва Белорус ба вуқӯъ пайваст. Ҳисоби ин бози 4 бар 0 бо бурди испаниҳо хотима ёфт.

Напишите свой комментарий