МУХОЧИРОНИ МАХБАСИ….

Шахраки махбусони мухочир….

Махбаси калонтарини шахри Питер, Кристи. Наздикии сохили Неваи зебо карор дорад. Чор фасли сол новобаста аз будани барку гарми фазояш мисоли калби махбусиёни бегунох нарму рутубатнок аст. Ин махбасро бештар ба махбаси мухочирон узбеку точик нисбат медиханд. Чунки кисми зиёди махбусон аз чумхурихои Точикистону Узбекистонанд. Махбаси Кристи мисли китобест беанчом. Сафхахояш зарду сияху дарида. Такдир…
Нисфи зиёди мухочиронро ин чо бегунох кисмат кардааст…

Мухочир ..шудан худ дардест. Аммо вакте мухочир барои чинояти нокардае ба махбас мефитад, онгах ин дард бедавост.
Агар Худованд кудрати мучизаосое аккалан панч дакика ба инсон медод, онгах дидан мумкин буд, ки чи кадар калбхои чавон ин чо бармахал пир шуда гирёнанду дар фигон. Зиндаи мурда дар гур. Садо аз тобут аст садои эшон. Мухочири гариби зиндони. Фирузи Бобочон, соли тавлидаш 1988, сокини махаллаи Рохатии чумхурии Точикистон. Хануз оиладор нест. Дар ватан модари бемору хохаракони кучак дастнигари уянд. Падараш хануз 5 сол пештар ба мардикори рафта дигар наомадааст. Фируз накл кард, ки гуё ноилоч ба чустучуйи падар баромадааст. Рузи дуввуми ба Питер омаданаш шабона уро дар кучаи Адмиралтейский хамчун гумонбаршуда дар тачовуз ба номус дастгир мекунанд.
Субхи солехон маро хамчун тарчумони суди ба прократураи нохияи Адмиралтейский даъват намуданд.
Ба чехраи Фируз бодиккат назар кардам. Худро тавре вонамуд мекард, ки гуё аз касеву аз чизе тарсе надорад. Харчанд ин лахза дилаш аз тарсу харос сахт вохима карда худро аз гиря кардан базур нигах медошт. Лабонаш аз мушт кафида таги чашмонаш аз задани бисёр кап-кабуд буд. Хол он ки аз руйи конститутсияи ФР хангоми боздошти шахси гумонбаршуда задану зуроварии чисмони катъиян манъ аст. Додгустари расмии Фируз ба ман ишора кард, ки барои исботи бегунохии хамватанам бисёртар суолаш бидихам, бидуни суолхои прокурор. Аввалин суоли прокурор Никитина ин буд :
-Шахрванди кучо?
-Точикистон.
Саволхои расми поин ёфту шархи чинояти мазкур огоз ёфт.
Фируз гиряолуд ба накли вокеъа огоз намуд.
-Ман бо чураам Зафар ,у хам аз Рохати аст, дар назди дарёча нишаста ду бутилка ягуар( машруботи спирти) харида каме нушидем. Хамин вакт аз наздамон духтараки русе гузар карда ногах назди ман омада истоду ишора кард.
Гуфтам ки чи мехохи? Гуфт ки агар хохем, тайёр аст барои бо мо алокаи махрамона кардан. Ман нахостам. Аммо Зафар бо у чизеро гушаки карду онхо рафтанд.
Баъди ним соат Зафар занг зада гуфт, ки ба хона биёям, гап дорад. Омадаму у дар подэзд маро истикбол гирифта гуфт, ки духтар писандаш несту агар хохам уро ба ман медихад.
Мани мадхуши шароб инони ихтиёро аз даст дода рози шудам ва ба таххона фаромадам. Он чо ин духтарак маро интизор буд. Он чи ки рух дод, бо хохиши духтар буд.
Баъд ман ба хонаи ичораамон баргаштам. Аммо аз Зафар дараке набуд. Баъди соате ба берун ба сигоркаши баромадам. Аммо аллакай кормандони милиса он чо истода маро фарёд карданд. Ва хуччатамро пурсиданд. Шиносномаамро бароварда нишон додам. Аммо хануз кайди семохаи расми надоштам. Онхо бо бахонаи кайди манзили зист надоштанам маро боздошта ба прократура оварданд.
Чунон маро таги мушту лагад гирифтанд, ки ба мурданам розиам.
Ва ин лахза Фируз баланд гирист.
Прокурор ба у нигариста гуфт:
-Гиряат бехуда аст. Барои ин чинояти вазнин дар махбас чазоятро медиханд.
Бори дуввум ба тарчумони боз маро даъват карданд баъди ду мох. Дар прократура мулокоти рубару бо ин духтараки чабрдида доир гардид. Дастони духтарак меларзиданд. Аз чашмони махмураш айён буд, ки сахт мадхуш аст. Адвокат зираки карда пурсид:
-Шумо нашъа истеъмол кардаед?
-Оре, ман нашъамандам.
Дар рафти мулокоти рубару у ба Фируз нигох карду гуфт:
-Ин чавон маро тачовуз накардааст. Чурааш пеш аз у ба ман дарафтода телефонамро хам дуздид.
Фируз хам гуфт:
-Оре, уро Зафар мачбури тачовуз карда телефонашро дуздидааст.
Аммо он Зафари хамкишлокии Фируз худи хамон шаб нохуширо дарк карда шабошаб ба воситаи акояш чипта харида аз Русия фирор мекунад.
Аммо прокурор ба ман як нигаристу гуфт:
-Имруз холати духтарак хуб нест. Мулокоти рубаруи чабрдида ва шахси гумонбаршуда ба рузи дигар гузаронида мешавад. Ману адвокат бе сухан хомушона аз утоки у берун баромадем.
Дар берун адвокат бо таасуф ба ман гуфт:
-Шумо метавонед, ки ин навбат дар суд хамчун шохид иштирок кунед. Чун ин чавон гунох дорад, аммо гунохи тачовуз ба номус не. Беакли кардааст, аммо… хаёташр дар махбас хазон хоханд кард бо ин моддаи вазнини тачовуз ба номус. Ман ба шумо хамчун шохид когази расми мефиристам.
Нишониамро ба адвокат додам.
Аммо …такдир..он рузи суд ман алллакай дар ватан будам. Чун падар аз даст додам ва ба ватан парвоз доштам.
Баъди бозгашт ба адвокати Фируз занг задам. У гуфт, ки мутаасифона бегунохии Фирузро исбот карда натавонистаанд Ва у холо дар махбаси Кристи бо гунохи тачовуз ба номус махкам аст.
Окибати як хатои хурдтарин ба чунин фочеа оварда расонид. Дар тамоми махбасхои чахон нисбати чунин чинояткорон конуни нонавиштае амал мекунад, ки хочати гап нест….
Аммо Фирузи Бобочон аз пушаймони ягон фоидае нагирифт ба чуз таъкир дар махбас…..

Тохири номурод
Тохири вахдатиро хама мешинохтанд. Чавони зебо, боодоб бо рафтору кирдораш боиси эхтироми хама буд. Уро бо чинояти нашъачаллоби дастгир карданд. Аммо хануз суд хукм накарда уро дар чойи нигахдошти гумонбаршудагон дар шифт овезон дарёфтанд. Гуё, ки Тохир худаш даст ба худкуши зада бошад. Аммо делои чинои пушида шуду то хануз кушандагони Тохир номаълум мондаанд.

Ронандаи шохид
Он руз дар рохрави прократура чавони точикеро дидам, ки лабонаш кафида хунаншро бо даструймоле дошта меистод.
У Фарход Назрдинов буд, ки хамчун ронандаи мошини кироя дар Питер кор мекард. Уро хамчун шохид дастгир карда буданд. Фарход гунохе надошт ба чуз он, ки субхи солехон хамватанеро ба чойи гуфтагиаш бурда мерасонад. Вале дар метрои Девяткино хануз мусофираш аз мошин нафаромада кормандони омон расида меоянд ва онхоро даст ба пушт гуён дастгир мекунанд. Харчанд Фарход барои бегунохии худ далелхо меовард, прокурор суолхоро касдан такрор мекард:
-Пас, чаро мусофиратро ба чойи мулокоташон бо котил бурда расонди?
Асли вокеаъ чунин буд:
…Чамшед ки дар сохтмон кор мекард, бо чурахояш маслихат мекунанд, ки барои хафтмоха маошашонро надодани сохиби объекти сохтмони уро сахтакак чазо медиханд .Аммо на бо максади куштори у. Хамон субх у тасодуфан ба мошини Фарход нишаста ба назди нафаре мерафт, ки бояд ин сарвари корхонаро у гаравгон гирифта чазо медод.
Аммо….
То хануз ин делои чинои идома дорд. Ва бегунохии Фарход исбот нашудааст.

Чунин ходисахо дар Русия хеле зиёд рух медиханд.
Барои хамин бузургон гуфтаанд, ки хафт бор чен куну як бор бур.
Хатои хурдтарин сарчашмаи якумра хазон гаштани умри одами мегардад.
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН, ЖУРНАЛИСТ

Что вы думаете об этом?