МУХОЧИРОН ЧАРО ЯКБОРА ГАЙБ МЕЗАНАНД?

МУХОЧИРОНИ ГУМШУДАРО КИ МЕЧУЯД?

МУСО БО ПУЛХОЯШ КУЧО ШУД?
 ТУЛИ ЯКУНИМ СОЛ АСТ, КИ ХЕШУ НАЗДИКОНИ МУСОИ МАСЧОХИ ЗИНДАВУ МУРДАИ УРО МЕЧУЯНД. МУСО АСЛАН ДУХТУРИ ДАНДОН БУД. ВА ДАР ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ АЛЛАКАЙ СОХИБИ ШАХРВАНДИИ РУСИЯ ВА ЗАНУ КУДАКОНИ ДУСТРУ БУД. ЗИНДАГИИ ОРОМУ БЕКАМУ КОСТ ДОШТ. ОХИР ШАБУ РУЗ МЕХНАТ МЕКАРД. ОН СУБХ У ПУЛИ ХАВЛИИ ФУРУХТАШУДААШРО АЗ ХАРИДОР ГИРИФТА БОЯД БАХОНААШ ГАШТА МЕОМАД. АММО ДИГАР КАСЕ УРО НАДИДААСТ ТО ИМРУЗ. КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ДОХИЛАИ НОХИЯИ КУПЧИНОИ ШАХРИ ПИТЕР ЯК ДУ МУДДАТ КОФТУКОБ КАРДАНДУ БА ХАМИН ХАЛОС, ДЕЛОИ ЧИНОИ ПУШИДА ШУД. ИМРУЗХО ПАДАРИ ДАРДМАНДАШ УМЕДВОР ВА ЧАШМ БА РОХ АСТ КИ МУСО ЗИНДА АСТУ БА ВАТАН ХОХАД БАРГАШТ.
САЪДУЛОРО ОХИРИН БОР ДАР НАЗДИ БОЗОР ДИДААНД…
ХАМСОЯИ МО БАРОДАР САЪДУЛЛО СЕ СОЛ ПЕШ БО УМЕДИ РИЗКУ РУЗИЕ ЁФТАН РОХИ РУСИЯРО ПЕШ МЕГИРАД. РУЗХОИ АВВАЛ ЗУД ЗУД БА ХОНА ЗАНГ ЗАДА ПУЛ МЕФИРИСТОД. ОХИР ДАР ВАТАН ЗАНУ 5 ФАРЗАНД ДОРАД. ИНАК ЯК СОЛ МЕШАВАД КИ АЗ У ДАРАКЕ НЕСТ. ОХИРИН БОР ДАР СОЛИ НАВ СОЛИ ГУЗАШТА 100 ДОЛЛАР ФИРИСТОДУ ХАЛОС. АПАИ ГАХВАР ХАМСАРИ У БО ДИДАИ ШАШКАТОР НАЗДИ МАН ОМАДА ЗОРИ КАРД КИ БА ВОСИТАИ ШИНОСХО АККАЛАН МУРДАИ ШАВХАРАШРО АЗ ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАРЁБАМ. МАН ИН БАРОДАРО ОХИРИН БОР ДАР НАЗДИ БОЗОРИ СЕННОЙИ ШАХРИ ПИТЕР ДИДА БУДАМ. ДИГАР КАСЕ УРО НАДИДААСТ.
МУАЛЛИМ БОЗОР КУЧО ШУД?
МУАЛЛИМ БОЗОР БАРОДАРИ ХАМСИНФИ МАН АСТ. ЗОДГОХАШ ДЕХАИ КАЛОНИ ШАХРИ ВАХДАТ. СЕ СОЛ АСТ КИ БЕНОМУ НИШОН ГУМ ШУДА НА МУРДААШ ДАРЁФТ ГАРДИДААСТУ НА ЗИНДААШ. У ОХИРИН БОР БА ЧОНИБИ МАХАЛЛАИ САФИЙСКИЙИ ШАХРИ ПИТЕР МЕРАВАДУ БО ХАМИН КАСЕ УРО НАДИДААСТ. ПИСАРОНАШ БА ВОЯ РАСИДА ДАР БОЗОРИ СЕННОЙ БА ХАРИДУ ФУРУШ МАШГУЛАНД. ХАНУЗ ХАМ БАУМЕДАНД КИ ПАДАРАШОН ЗИНДА АСТ.
ЧУНИН РАКАМХО ХЕЛЕ ЗИЁДАНД. ДАР МОРГХОИ ШАХРИ ПИТЕР БОРХО ЧАСАДХОИ БЕСОХИБИ ТОЧИКОНРО ДАРЁФТААНД. ОКИБАТ АЗ СОХИБЕ НАЁФТАН ЧАСАДХОРО ДАР КРИМАТОРИЯ СУЗОНДААНД.
ЧИ САБАБ МЕГАРДАД КИ МУХОЧИРОН БЕ НОМУ НИШОН ГУМ МЕШАВАНД?
1. КАСАЛИИ РУХИ
2.АЗ БЕПУЛИ, ХАККИ ХОНАИ ИЧОРАРО НАДОДА ДАР ХУНУКИИ РУСИЯ ПУШТИ ДАР МЕМОНАНД.
3.ШАРОБХОРИ ВА НАШЪАМАНДИ.
4. БА ГУРУХХОИ КРИМИНАЛИ ХАМРОХ ШУДАН.
5.АЗ БЕПУЛИ БА ХОНА ЗАНГ НАМЕЗАНАНД ВА АЗ ХУД ПАЙГОМЕ НАМЕФИРИСТАНД.
6. КУРБОНИИ ДАСТИ СКИНХЕДХО МЕГАРДАНД.
7. БА ДАСТИ КОРМАНДОНИ МИЛИСА МЕАФТАНДУ ХАМИН ТАВР ДИГАР КАСЕ ОНХОРО НАМЕЁБАД(ЧУНИН ФАКТХО ХЕЛЕ ЗИЁДАНД)
8. БА ДАСТИ БАНДИТХО МЕАФТАНД.
9. ДАР ЧАНГАЛХОИ РУСИЯ РОХРО ГУМ КАРДА ДАР БОТЛОК ГАРК МЕШАВАНД.
10. ОНХОРО ФИРЕБ КАРДА БА МАВЗЕЪХОИ ДУР АЗ ШАХР МЕБАРАНДУ ДОРУИ МАХСУСРО БО СУЗАНДОРУ ГУЗАРОНИДА МАГЗИ САРАШОНРО КАРАХТ МЕГАРДОНАНД, КИ ДАР НАТИЧА ГУЗАШТААШРО ФАРОМУШ МЕКУНАД.
ИМРУЗХО ЯКЕ АЗ БЕМОРИХОИ ЧИНЁРШУДА ХЕЛЕ АФЗУДА ДАР ШАХРХОИ РУСИЯ САХТ МУШОХИДА МЕШАВАД. ИН ХАМ БА ГУРУХИ БЕМОРИХО РУХИ МАРБУТ АСТ. МАСАЛАН:
ЧАМШЕД ЧАРО ХУДРО ОВЕХТ?
ЧАМШЕД БА МАРДИКОРИ ОМАДА БУД. СОЛХОИ АВВАЛ БА ХОНА ПУЛ МЕФИРИСТОД. БАЪДТАР ЧИ ШУДУ У ХАЙЁЛИ ГАРДИД. ХУД БА ХУД МЕХАНДИД. АКНУН ДАР СОХТМОН КОР НАМЕКАРД.. ДАР КУЧАХО ГАДОИ МЕНАМУД. ГОХХО МЕШУД КИ БАНДРО ГИРИФТА ХУДРО ОВЕХТАНИ МЕШУД. ХАМКИШЛОКИХО БАЙНИ ХУД МАСЛИХАТ КАРДА ПУЛ ЧАМЪ КАРДАНД ВА ЧИПТАИ ХАВОПАЙМОИ ХАРИДАНД. АММО ДИГАР УРО НАДИДАНД. БАЪДИ ЯКУНИМ СОЛ ЧАСАДИ ПУСИДАИ УРО ДАР ТАХХОНАИ БИНОИ ИСТИКОМАТИАШОН ДАРЁФТ КАРДАНД. ДАР БАДАНАШ ИЗ ДИДА МЕШУДУ ДАР ЧОЙИ МАХРАМАШ ТАЧОВУЗ БА НАЗАР МЕРАСИД…
ЧАСАД НОМАЪЛУМ МОНД.
РУЗЕ ХАНГОМИ ЧАСАДИ НАВБАТИИ МУХОЧИРИ ХИСОРИ АХЛИДДИНРО БА ВАТАН ФИРИСТОДАН ДАР МОРГИ ГАТЧИНАИ ШАХРИ ПИТЕР МУФФАТИШИ ШУЪАБИ КОРХОИ ДОХИЛАИ НОХИЯИ ПРИМОРСКИЙ ОМАДА АЗ МО СУОЛ КАРД КИ ТОЧИКЕМ. БАРОДАР НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ САР ЧУНБОНДА ОРЕ ГУФТ:
-МЕДОНЕД МО ХОЗИР ЧАСАДЕ ЁФТЕМ КИ АЗ ШИДДАТИ ХУНУКИ САРД ГАШТА ФАВТИДААСТ. ШИНОСНОМААШ ТОЧИКИСТОН АСТ. МО ЗУД БА ШИНОСНОМААШ НИГОХ КАРДЕМ. АЛИШЕР ХОЧАЕВ-ШАХРВАНДИ ШАХРИ ДУШАНБЕ.
БАЪДИ ЧУСТУЧУЙХО МУАЙЯН ГАРДИД КИ МУХОЧИРБАЧАРО СОХИБИ ХОНА БАРОИ САРИ ВАКТ ПУЛИ ИЧОРАРО НАСУПОРИДАН ШАБОНА СОАТИ 3 АЗ ХОНА ПЕШ КАРДААСТ. У ТО СУБХ ДАР ИН САРДИХО ТОБ НАОВАРДА ЧО БА ЧО ХАЛОК МЕГАРДАД.
ЧУНИН МИСОЛХО ХЕЛЕ ЗИЁДАНД.БИСЁРИИ ЧУНИН ФАВТИДАГОН ХАМИН ТАВР БЕСОХИБ ДАР МОРГХО МОХХО ХОБ МЕРАВАНД.
НАШЪА БА НЕСТИ МЕБАРАД.
ЧАВОНИ ВАХДАТИ ПИСАРИ ЯКЕ З ОДАМОНИ НОМДОР ДАР РУСИЯ КОР МЕКАРД.МО ИН ЧО БА ХОТИРИ НАОЗУРДАНИ ХОТИРИ НАЗДИКОН НОМАШРО НАМЕОРЕМ. ЧИ ШУДУ БО ЧАВОНИ ОЗАРИЕ ДУСТИ ПАЙДО КАРДА БА НАШЪАМАНДИ ДОДА МЕШАВАД. ДУ МОХ ЕШ АЗ МАРГАШ БА ПИСАРИ АМАКАШ МЕГУЯД, КИ «МАН ТАМОМ КАРДААМ, ХОХИШ ПУЛ ДИХЕД ТО БА ВАТАН РАВАМ»
АММО ПИСАРИ АМАКАШ ХУДРО БА НОДОНИ МЕЗАНАД. ЯКБОРА ШАБЕ БА ХОНА НАМЕОЯДУ ДИГАР УРО НАМЕБИНАНД. ПАС АЗ ШАШ МОХИ КОФТУКОБ ЧАСАДИ УРО ДАР ЧАНГАЛЕ ДАРЁФТ МЕКУНАНД. АЗ ПЕРЕДОЗИРОВКАИ ЗИЁДИ МАРИХУАННА ВАФОТ КАРДА БУД.ДАР БАРИ УЧАСАДИ ДИГАР ЧАВОНИЕРО НИЗ ДАРЁФТ КАРДАНД. ЧАВОН БА МИЛЛАТИ АРМАН ШАБОХАТ ДОШТ.
ЗИНДАЧУДО
ХАСТАНД ТОИФАИ ЧАВОНОНИ БЕНОМУСЕ КИ АЗ ХИСОБИ ЗАНХОИ САРВАТАНМАД ХУРДАВУ ПУШИДА МЕГАРДАНДУ АЗ ШАРМ БА ХОНВАОДАИ ХУД НА ЗАНГ МЕЗАНАНДУ НА ПАЙГОМЕ МЕФИРИСТАНД. ДАР ШАХРИ МАСКАВ ХУД ШОХИДИ ВОХУРИИ ДОДАРУ БАРОДАРЕ ШУДАМ КИ МАРО САХТ БА ШИГИФТ ОВАРД.
БАРОДАР ЯКБОРА 9 СОЛ ГУМ МЕШАВАД. АХЛИ ХОНАВОДА ГУМОН МЕКУНАНД КИ У АЛЛАКАЙ ЧОЕ МУРДА ЧАСАДАШ КАЙХО ПУСИДАГИСТ. УМЕДАШОНРО АЗ ЗИНДА БУДАНИ У КАНДА БУДАНД. АММО ДОДАРИ У КИ ДАР РУСИЯ МАРДИКОР БУД, ЯКБОРА ДАР КАХВАХОНА БАРОДАРАШРО БО ЗАНИ ПИРОНСОЛЕ ДИДА АЗ ШОДИ ФАРЁД МЕЗАНАД. АММО БАРОДАР ХУНСАРДОНА ХУШКАКА САЛОМ МЕКУНАДУ МЕГУЯД КИ ДАР БОРАИ ЗИНДА БУДАНАШ БА ПАДАРУ МОДАРАШ ЧИЗЕ НАГУЯНД…
СКИНХЕДХО МЕКУШАНД…
РАЧАБ ЗОДАИ ШАХРАКИ РОХАТИ БУД. ДАР ЧАНГАЛЕ ДАР СОХТМОНИ ДЕВОНАХОНАЕ КОР МЕКАРДАНД. ОН РУЗ У БО ХАМРОХИИ ХАМКИШЛОКИАШ БАРОИ ХАРИДИ МАХСУЛОТИ ХУРОКА БА ШАХР РАФТАНИ ШУДАНД. РОХИ ОСОНТАР ЧУСТА ХОСТАНД КИ АЗ ЧАНГАЛ УБУР КАРДА БА МАРКАЗИ ПИТЕР БАРОЯНД.ДАР НИМИ РОХ НОГАХ 6 НАФАР ЧАВОНОНИ ЗАНЧИРБАДАСТУ КАЛ ПАЙДО ШУДА БА ОНХО БЕСАБАБ ЧУРКИ ГУЁН ДАРАФТОДАНД. ХАРЧАНД РАЧАБ БО ЛАХНИ ШИКАСТАИ РУСИ МЕФАХМОНД КИ У БА ОНХО ЧИ ГУНОХЕ КАРДААСТ, КАСЕ БА СУХАНОНИ У АХАМИЯТЕ НАМЕДОД. ЧУН РАЧАБ ВАРЗИШГАРИ ЗУР БУД, СЕ НАФАРИ ОНХОРО ХУБ ТАГИ МУШТУ ЛАГАД ГИРИФТ. АММО ЗАРБАИ АРМАТУР БА САРАШ БАРХУРДУ У АЗ ХУШ РАФТ. ВАКТЕ КИ БА ХУД ОМАД, ХУДРО ДАР БЕМОРХОНА ДИД. ХАМРОХАШРО АЛЛАКАЙ БА ХОК СУПОРИДА БУДАНД. АКНУН У ДАР ВАТАН АСТУ АГАР НОМИ РУСИЯРО ГИРАНД, ДАР БАДАНАШ ВАРАЧА МЕДАМАД. ЧУНИН ХОДИСАХО БИСЁРАНД.МУХОЧИРОНИ МУХТАРАМ АГАР ЧОЕ ДАР КУЧА ДАР ДЕВОЛХО НАВИШТАЧОТИ «СМЕРТЬ НЕ РУССКИМ»РО БУБИНЕД ЗУД БА ШУЪБАХОИ МИЛИСАИ ХАМОН НОХЯИ ХАБАР ДИХЕД. ЧУНКИ СКИНХЕДХО АЛЛАКАЙ БА КУШТОРИ НАВБАТИ ОМОДАГИ МЕГИРАНД.
МИЛИСАХО ХАМЧУН ГУЛОМ ИСТИФОДА МЕБАРАНД…
ХАСТАНД ФАКТУ ДАЛЕЛХОЕ КИ МУХОЧИРОНРО БАРОИ ХУЧЧАТ БОЗДОШТА БА МОШИНИ ПОЛИС БОР КАРДА МЕБАРАНДУ БО ХАМИН МУХОЧИР БЕНОМУ НИШОН ГУМ МЕШАВАД. ГОХХО МУХОЧИРОНРО БО ХУЧЧАТХОИ КАЛБАКИ БОЗДОШТА БА ШУЪБА МЕБАРАНДУ СОЛХО ХАМЧУН ХИДМАТГОР БАРОИ ШУСТАНИ ТУАЛЕТУ ПАРТОВГОХХО ИСТИФОДА МЕБАРАНД.
САЙРИ ЧАНГАЛ-МАРГ
ДАР МОХХОИ ТОБИСТОН ЧАНГАЛХОИ ШАХРИ ПИТЕР ХЕЛЕ ЗЕБО МЕШАВАНД. ДАР ИН ФАСЛ МУХОЧИРОН ХАМ МЕХОХАНД БА САЙР БАРОЯНД. ХОДИСАХОИ ДАР БОТЛОК ГАРК ШУДАНИ ОДАМОН ЗИЁД БА КАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ. БА ЧАНГАЛ МЕДАРОЯД БАРОИ ЗАНБУРУГЧИНИ ВА НОГАХОНИ ПОЯШ ЛАГЖИДА БА БОТЛОК МЕРАВАД .БО ХАМИН ЧАСАДИ УРО ЁФТАН АМРИ МАХОЛ АСТ. Ё ДАР ОБХОИ КАНАЛХО БАРОИ ОББОЗИ МЕДАРОЯДУ ГАРК МЕГАРДАД.
ЭЪЛОНХОИ ДУРУГ
ЭЪЛОНХОИ ЧОЙ КОР БАРОИ МУХОЧИРОН НИСФИ ЗИЁДАШОН ДУРУГ АСТ. САРВАТМАНДОНИ РУХАН КАСАЛ АЗ БЕСАВОДИИ БАЪЗЕ МУХОЧИРОН ИСТИФОДА БУРДА ОНХОРО ХАМЧУН ХИДМАТГОР БА ХАВЛИХОИ БОХАШАМАТАШОН ДАР ДЕХОТ БА КОР МЕГИРАНД. ВА РАФТА РАФТА УРО БА КОРХОИ БАЧАБОЗИ МАЧБУР МЕСОЗАНД.ОКИБАТ БАРОИ СИРАШОН ФОШ НАШУДАН БА МУХОФИЗОНАШОН ФАРМОН МЕДИХАНД КИ ИН МУХОЧИРО БУРДА ДАР ОБ ГАРК НАМОЯНД, ТО СУРОГААШРО КАСЕ НАЁБАД.
ЗОМИ-МУХОЧИР
ЯК ДУСТАМ 15 СОЛ АСТ КИ БАРОДАРИ ГУМШУДАИ ХУДРО МЕЧУЯД. ОХИРИН БОР СУБХ БА КОРИ СОХТМОН МЕБАРОЯДУ ДИГАР БА ХОНА БАРНАМЕГАРДАД. ТАМОМИ ГУШАВУ КАНОРИ РУСИЯРО КОФТАНД, АММО ДАРАКИ БАРОДАРАШРО НАЁФТ. ВАЛЕ ДУ МОХ КАБЛ НАФАРЕ ХАБАР ОВАРД КИ БАРОДАРИ УРО ХАНГОМИ ГАДОИ ДАР ШАХРИ ЧЕЧЕНИСТОН ДИДААСТ ВА КАСАМ ХУРД КИ МАХЗ ХАМИН БАРОДАРИ ГУМШУДАИ ДУСТАМ АСТ. ОРЕ, ХАСТАНД ГУРУХХОЕ КИ МУХОЧИРОНРО ФИРЕБ КАРДА БА КОР ДАЪВАТ МЕКУНАНДУ БАЪД БО СУЗАНДОРУ ДОРУИ БЕХУШКУНАНДА ГУЗАРОНИДА АКЛИ УРО ЗАИФ МЕГАРДОНАНД.БО ХАМИН ИН НАФАР ГУЗАШТАИ ХУДРО ФАРОМУШ КАРДА ХИДМАТГОРИ ЯКУМРАИ У МЕГАРДАД.
МУХОЧИРОНИ АЗИЗ, ХАМЕША БО АКЛУ ХУШ БОШЕД.ХАР ЯК КАДАМИ ШУМО ДАР ХАТАР АСТ.
БЕНОМУ НИШОН ГУМ ШУДАНИ ФАРЗАНД БАРОИ ПАДАР, МОДАР, БАРОДАР,ХОХАР ХЕЛЕ МУШКИЛ АСТ.ОХИР НА ЗИНДАВУ НА МУРДА БУДАН БАДТАРИН ФОЧЕА АСТ.
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН.
ЖУРНАЛИСТИ МУСТАКИЛ.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий