КУРБОНИИ ТАКДИР

У ХАМЕША МУХЛИСИ АШАДДИИ ШОИРИ ШИНОХТА БОЗОР СОБИР БУД. АГАР ДАР МАГОЗАЕ ЯГОН КИТОБИ АШЪОРИ УРО ДАРЁБАД, ПУЛИ ОХИРИНИ КИСААШРО МАСРАФИ КИТОБ МЕКАРД.
ХАР МИСРАЕ КИ ШОИР ЭЧОД КАРДААСТ, ГУЁ ДАРДИ ДИЛИ СУХТАИ ИН МАРДИ ГАРИБ АСТ.
САМЕЪ ИН БЕГОХИ ТУЪМАИ ДАСТИ ЯК ГУРУХ АВБОШОНИ МИЛЛАТГАРОИ РУС ГАРДИД. БЕХАБАР ХАНГОМИ БА МЕТРО ОМАДАН ОНХО ЯКБОРА ХАМЛА КАРДАНДУ БА САРАШ БО ОХАНИ САХТЕ ФАРОВАРДАНД. ДИГАР ЧИЗЕВУ КАСЕ БА ЁДАШ НЕСТ.
ВАКТЕ КИ БА ХУШ ОМАД, ХУДРО ДАР БИСТАРИ БЕМОРХОНА ДИД. ДУСТИ КАДРДОНАШ ЧОРИ ПЕШАШ БО ДИДАИ ГАМОЛУД МЕНИШАСТ.
-ХА, ЧУРАЧОН, БА ХУД ОМАДИ?
-ТУ ЧИ ХЕЛ МАРО АЗ ЧАНГОЛИ ИН ХАЙВОНСИРАТОН ХАЛОС КАРДИ?
-НАСИБИ ЗИНДА МОНДАНАТ БУДААСТ, ВАГАРНА МИСЛИ ДИГАР ХАМВАТАНОН ДАР ИН ГАРИБИ МУРДА МЕРАФТИ….
-АЗ ЗИНДА МОНДАНАМ ЧИ СУД, КИ ЯКУМРА МАСЛУКУ МАЪЮБ МЕГАРДАМ. -ГИРЯКУНОН ЧАВОБ ДОД САМЕЪ.
ЧОРИ БА ДАСТОНИ ЧАРОХАТБАРДОШТАИ У НИГАРИСТУ ОХИ БОДАРДЕ КАШИДА ГУФТ:
-САМЕЪ ХУДАТРО БА ДАСТ ГИР. ЗИСТАНИ ТУ БАРОИ ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНАТ АСТ. ФАХМИДИ?
ЧОРИ БА БЕРУН БАРОМАДУ БА НАЗДИ САРДУХТУР РАФТ.
…ЭХ ЗИНДАГИ, ЧИ ИН КАДАР ВАЗНИНИ, ЧИ КАДАР ХАМВАТАНОНИ МО БЕ ХОНАВУ ДАР ДАР ИН ЧО ДАР ХОБГОХУ ХУЧРАХОИ ИФЛОС МАСКАН ГИРИФТААНД. ГАРИБИ КУЙИ САХТ БУДААСТ. ВАЛЕ БО ОН МАОШЕ КИ ДАР ТОЧИКИСТОН МЕГИРИФТАМ, МАГАР ЗАНУ КУДАКОНАМРО ХУРОНИДА МЕТАВОНИСТАМ? САМЕЪ ХАМ МИСЛИ МАН ЯК ОДАМИ КАМБИЗОАТУ БЕЧОРАЕСТ. ВАЛЕ НАСИБАША БИН, КИ ХАТТО ЯК СОЛ КОР НАКАРДА АЗ САЛОМАТИАШ МАХРУМ ШУД.
ДАР ВАТАН МЕГУФТАНД, КИ ДАР ТАМОМИ РУСИЯ ЧАМЪИЯТИ ТОЧИКОН АМАЛ МЕКУНАД, КИ ХАТМАН БА ХАМВАТАНОНИ МУХОЧИРФИТОДА КУМАКУ ДАСТГИРИИ ХУДРО МЕРАСОНАНД. ВАЛЕ ХАЙХОТ, ИН ХАМА ДУРУГ БУДААСТ. ДАР ИН ЧО ХАТТО САЛОМАТРО АЛЕК НАМЕГИРАНД. ХАР КИВУ ДАВИ АСПАШ.
ЧОРИ ХАЗОР РУБЛИ ЗАХИРАНАМУДААШРО БА САРДУХТУРИ БЕМОРХОНА ДОДУ ЗОРИКУНОН ГУФТ:
-ДУХТУРЧОН, ИЛТИМОС, ДУСТУ ХАМВАТАНИ МАРО АЗ МАРГ НАЧОТ ДИХЕД.
-ЧИЗЕ КИ АЗ ДАСТАМОН ХАМЧУН ТАБИБ МЕОЯД, МЕКУНЕМ.
ЧОРИ КАМЕ ХОТИРЧАМЪ ШУДУ БА КУЛБАИ ФАКИРОНАВУ СЕРОДАМАШОН БАРГАШТ. ОНХО ДАР ИН КУЛБА 10 НАФАР ЗИНДАГИ МЕКАРДАНД. АНИКТАРАШ ФАКАТ ХОБ МЕРАФТАНД. ЧУНКИ АЗ СОАТИ 4И СУБХ БА КОР МЕРАФТАНДУ СОАТИ 10И ШАБ БАРМЕГАШТАНД. ЧОРИВУ САМЕЪ БАРОИ МАЙИТХОИ МИЛЛАТИ БЕГОНА КАБР МЕКАНДАНД.
АВВАЛХО САМЕЪ ХУДРО НОХИНЧОР ХИС МЕКАРДУ АЗ САРУ РУЯШ АРАКИ САРД МЕРЕХТ. ВАЛЕ БАЪДТАР КАМ КАМ БА ИН КОР ОДАТ КАРДУ БА ТАКДИР ТАН ДОД.
ЧОРИ ХАСТАВУ ПУРАНДУХ ХУДРО БА БИСТАР ПАРТОФТУ ДИДАГОНАШРО ПУШИД. ВАЛЕ БА ИН ГАМУ ДАРД САРГАРМ ХОБ БА ЧАШМОНАШ НАМЕОМАД. СУБХ ХЕЛЕ БАРВАКТ АЗ ХОБ ХЕСТУ БА ХАБАРГИРИИ САМЕЪ РАФТ.
ХАМШИРАИ ШАФКАТ ПЕШИ РОХАШРО ГИРИФТА ГУФТ, КИ ХОЛО ДАРОМАДАН БА НАЗДИ БЕМОР МУМКИН НЕСТ. ЧУНКИ САЛОМАТИАШ ШАБ БАД ШУДААСТ. ЧОРИ ХОТИРПАРЕШОН БОЗ НОЧОР БА ГУРКОБИ РАФТ.
БЕГОХИ БА БЕМОРХОНА ОМАД. ВАЛЕ САРДУХТУР УРО БА НАЗДИ ХУД ЧЕГ ЗАДА ГУФТ:
-АХВОЛИ РАФИКАТОН ТАМОМАН БАД АСТ. БА ФИКРАМ СОАТИ УМРАШ КАМ МОНДААСТ. ЗУДТАР ХАМВАТАНХОЯМОНРО ЧАМЪ КУНЕДУ УРО ХАНГОМИ ЗИНДА БУДАНАШ БА ВАТАН БАРЕД.
ЧОРИ ХУДРО МАРДОНАВОР ДОШТУ БА ЧУСТУЧУЙИ ХАМВАТАНХОИ БОИНСОФТАР БАРОМАД.
СУБХ АХВОЛИ САМЕЪ БАД ШУДУ У ДАР ДАМИ САКАРОТИ МАРГ АШКРЕЗОН ЗОРИ КАРД:
-ЧОРИХОН, ИЛТИМОС МУРДАИ МАРО ДАР ХОКИ БЕГОНА ГУР НАКУНЕД
ВАЛЕ МАГАР МАРГ МЕПУРСАД, КИ КАЙ ХАВОПАЙМО ДАР ПАРВОЗ АСТ.
 САМЕЪ ДАР ОГУШАШ КИТОБИ БОЗОР СОБИР БО САД АЛАМУ ХАСРАТ ИН ДУНЁРО ТАРК НАМУД…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here