МУХОЧИРИ НОДОН

МУХОЧИРИ СОДАДИЛ БА ДОМИ ФИРЕБ ФИТОД…
Точиддин агар медонист ки ин зани шаттохи догистони уро ба доми ин балохову фочеахо мепечонад, онгах хеч гох ба суханхои у рози намешуд. ..Мани ахмак, содда.. Точиддин аз соли 2007ум инчониб дар шахри Питер ба мардикори машгул буд. Соли 2007ум бо сохиби корхонае ошнои пайдо мекунад. Сохиби ин корхона Сидоров И. С. уро ваъдахои болохонадор дода хохиш мекунад ки боз аз Точикистон мардикор биёрад. Точиддин боз панч нафар хамкишлокихояшро ин навбат бо худ ба Питер меорад. Моххои аввал маошашро дер хам бошад хамаашро медоданд. Бо хонаи ичора низ ройгон таъмин мекунад. Аммо баъди ду мох аз хисоби мохонаашон хакки ичораро мегирад. Рузе хангоми дар кор будани Точиддин додараш аз хонаи ичораи мезистагиашон занг зада менуяд:
-Ако инчо ду руз боз ким чи хел кормандони шугли ахоли омада аз хона баромадани рафтани моро талаб мекунанд.  
-Ки бошанд? насабашона напурсиди?
-Не гуфтанд ки баъди ду руз меоянд. 
-Ман хозир ба хозяин занг зада асли вокеаро мефахмам. Точиддин раками телефони мобилии Сидоровро чинд. Аммо у тамоман телефонашро хомуш карда буд. Точиддин хайрон шуд аз беахдии Сидоров. Панч мохи охир онхо тамоман маошашонро нагирифта буданд. Маоши худи у 75000 рубли русиро ташкил медод. Кариб 20 бор ба назди дари Сидоров рафт, аммо у дарро накушод. Котиба аз дахони дар пешаш мекард. Ахволи Точиддину хамрохонаш хеле вазнин гашта буд. Онхоро дар ватан зану фарзандон гушнаву ташна интизор буданд. Менедери Сидоров боз ба хонаи ичораашон омада чангу чанчол бардошт. Ин лахзахо Точиддин берун аз шахри Питер буд. У занг зада бо менеджери Сидоров чангу чанчол бардошт. Якдигарро телефони чангу хакорат карданд. Менеджер Олег дар охир тахдид карда гуфт:
-Я тебя в коляску посежу……
Точиддин ин дар як холате буд ки кахру газабаш боло рафта ба хама кор кодир буд. Хаимн дам чиянаш занг зад:
-Тагочон медонед, хамося Фотима хаст ку ХАМОН МЕГУЯД КИ «АГАР хохад одам дорад барои маоши шуморо гирифтан» -Чи кадом Фотима? Хамон Фотимаи шаттохи шайтон. Точиддин ба раками мобилии Фотима занг зад. аммо телефон дук дук садо медод. Бегохи худи Фотима занг зада гуфт:
-ха чи хели хамсоя? Ин квартирантои нават омада хонаатро сохиби карданд. Хамаи либосхоятро бурда ба партовгох партофтанд.  
-Чи? Наход? у дашному хакоратро дар хакки Сидорови найрангбоз огоз кард.  
-Агар хохи ман одами аник дорам. Проблемаатро ба ивази як чойпули хал мекунад. Факат телефони не. 
Онхо рузи дигар дар як кахвахона вохурданд. Фотима гуфт ки агар хохад Олегро низ чазо медиханд. рузи дигараш шиноси Фотима Чоник занг зада гуфт ки дар наздикии метрои Пушкин вомехуранд. Хангми мулокот Чоник ба у гуфт: ки бо кадом усул мехохад Сидоровро чазо бидиханд. Ва у мисол оварда гуфт ба чангал бурда пойхояшро мешиканем. дуввум зада зада якумра маъюбу маслукаш мегардонанд. Аммо ин дам Точиддин якбора ба худ омаду аз фикраш гашт. дар вучудаш тарсу вохима фитод.  
-НЕ даркор нест бародар хидмататон. Худам ухда мекунам. 
-Чи дер шуд? акнун рохи бозгашт надори. Агар аз фикрат гарди одамони ман туро аз таги замин меёбанд. Точиддин ба хонаи ичорааш баргашту пушаймон ба Фотима занг зада гуфт:
-Фотима салом. Ман аз гапам мегардам. Ба одамат гу ки..
—Пагох соати 12 нисфирузи ба назди мактаби вокеъ дар метрои Пионерская биё гап мезанем… у хатто имкон надод ки Точиддин суханашро идома бидихад. Пагохаш онхо дар чойи гуфтагиашон вохурданд. Фотима гуфт ки субхи дигар ба хамин чо биёяд, ин масъаларо хал мекунанд. Субхи дигар акнун бо Фотима саломуалек карда суханашро огоз карда буд ки аз кучое Чоник бо мошин раисда омад.
Байни харсе нимсоат гуфтугузор рафт. Аммо Чоник оромона гуфт:
-гуш кун Точиддин, мо уро ба чангал бурда як метарсонему халос. ба инаш розии?
-ин хел бошад розиам. 
Ин дакикахо Фотима аз сумкачааш блокнотеро бароварда варакаеро аз байнаш канду гуфт:
-Ма ин адреси хонаи Сидоров 
Чоник як ба адрес назар карду сипас когазпораро ба Точиддин дароз кард. точиддини содда когази адрес навиштаро ба даруни шиносномааш монд. 
Бехабар ки Фотимаи лаъин бо ин «Чоники милиса» уро ба доми балохо афтониданист. Баъди ду хафтаи ин вохуриашон тахминан соатхои 6и бегохи Чоник занг зада мегуяд: (ачибаш ин ки у аз телефони Сидоров занг мезанад) 
-Салом Точиддин! Корат буд шуд. Мехохи доду войи Сидоровро сабт крада бароят биёрам. пулатро бо зиёдатиаш тгирифтем. Пагох соати 10 субх ба кахвахонаи «Море» назди метрои хамон даъфа рафтагиат биё.. Пулата мегири.
Субх Точиддин ду хамкишлокиашро гирифта ба метрои Пушкин меояд. У онхоро дар мошин гузошта худ ба кахвахона медарояд. онхо яктои кахва фармоиш медиханду сухбати ошкоро мекунанд. Ин сухбат аз чониби Чоник ки аслан худ корманди милиса будааст, сабт мегардад. Пас аз 40 дакика кормандони амният омада онхоро дастгир мекунанд. Мухочири содаддил барои бегунох буданаш холо мубориза бурда далелхояшро исбот карданист…..
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Что вы думаете об этом?