Мухочират: Ҷавони гирёну модари ҷигар суз.

Эй азизон то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри нафс тарки модар мекунем.
Ин хама шахрхои Рус обод шуд аз дасти мо,
Холу ахволи ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,

Аз кабеху дашномхо гуши худ кар мекунем.
Духтру омузгор, устои гулдаст то ба кай?
Мардикори зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчон посухе бар суоли ман бигу,
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавони, хайфи ишку ошики,
Ки чудои аз нигору ёру дилбар мекунем!!
………………………………………………………………..
То ба кай дар шахри рус точик сарсон мешавад,
Осие бахри сабус то чанд гардон мешавад.
Меравад дар он гариби точикам бечорае,
Аз канор аз илм гашта фанди нодон мешавад.
Лучу урену гурусна кудаконаш дар назар,
Дар гами фарзанду зaвча дида гирен мешавад.
Гар наебад маблаге он руз гамгин аст у,
Музди хуб гирад агар шодону хандон мешавад.
Гар фиребаш мекунад сохиби кор бечораро,
У ба чои рафтааш садхо пушаймон мешавад.
Гох зи касти душманаш дар он гариби мемирад,
Волидайнаш дар гами у синабирен мешавад.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *