Муборизаи Манчестер Юнайтед ва Ливерпул

 

Шоми имшаб дар Лигаи миллии Англия бозии МЮ бо Ливерпул баргузор мегардад, ки мухлисони ҳар ду даста 

низ ин бозиро муҳорибаи бузургтарин меноманд. Ман хостам камтар оиди барои чӣ бозии ин ду дастаи як минтақаро муҳорибаи бузургтарин ном ниҳоданашон маълумот диҳам.

 

Худ байни ин ду минтақа, яъне Манчестер ва Ливерпул ҳамаги 30 мил мебошад ва муборизаи шадид байни ин ду даста тақрибан 40 соли охирин рафта истодааст. Чи тавре, ки мухлисони ашадии дастаҳо қайд мекунанд ғолибият аз болои якдигар ғолибияти беҳтарин аст. Ин муҳорибаро рӯзноманигорон муҳорибаи СУРХ меноманд ва дар ҷаҳони футбол ҳамчун муҳорибаи шадидтарин ва дӯстинопазир маъруф гаштааст. Ҳамаи инро ба назар гирифта саволе ба миён меояд БАРОИ ЧӢ?

 

Баҳри дарёфти ҷавоб ба ин савол ба таърих назар андохтан лозим аст, ки сабаби пайдоиши бадбинии мухлисони ин ду даста якдигарро аз ИНҚИЛОБИ саноатии Англия ва бунёди канал дар Манчестер сарчашма мегирад. Ин яке аз сабабҳо мебошад, ки гӯё ин ду минтақа муборизаро аввал дар майдони иқтисодиёт оғоз бахшида баъд ба майдони футбол гузаштаанд. Ғайр аз ин бо сабабро дар он дидан мумкин аст, ки ин ду даста аз якдигар наонқадар дур воқеъ гашта дастҳои аз ҳама бисёртар Ҷомҳою, чемпионатҳоро ғолибомада ба ҳисоб мераванд, ки албатта хоҳиши аз якдигар болотар истоданро мехоҳанд.

 

Чи тавре, ки қайд мекунанд мухлисони дастаҳо мубориза аз давраҳои бузургтарин трейнерҳо Мет Пазби (МЮ) ва Бил Шанкли (Ливерпул) мебошад ва дараи Ливерпул ин солҳои 70 ва 80 мебошад ва аз соҳои 90 то ин дам давраи ғолибияти МЮ рафт

а истодааст, ки албатта ин ғолибиятҳо маҳсули меҳнати СЕР АЛЕКС ФЕРГЮСОН мебошад, ки яке аз беҳтарин мураббии соҳои охир ба ҳисоб меравад.

 

Ман мухлиси ин дастаҳо намебошад ва барои муқоиса чунин рамкаро тартиб додам:

 

Номгӯи ҷомҳо ё ки чемпионатҳо

Ливерпул

Манчестер Юнайтед

Лигаи чемпионҳо

5

3

Ҷоми УЕФА

3

 

Суперкубок УЕФА

3

1

Лигаи миллӣ (АПЛ)

18

19

Ҷоми ассотсиатсияи футбол

7

 

Ҷоми лигаи футбол

8

4

Суперкубок

15

19

Лигаи ланкашир

1

 

Ҷоми Англия

 

11

Ҷоми гирандагино чоми УЕФА

 

1

Ҷоми байни минтақавӣ

 

1

Чемпионати даставии ҷаҳон

 

1

 

 Ногуфта намонам,ки дар байни ҷавонон мухлисони МЮ зиёдтар ба назар мерасад ва ин пости ман ба мухлисони ашадии МЮ Саидов Алишер ва Джураев Дилшод бахшида шудааст.

 

Один комментарий

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *