Муборизаи АЗИМОН (Битва гигантов) ЕЛ КЛАССИКО

 

Ел-классико?  ва ин аз кадом забон???? 

El Clásico дар забони испони маънои муҳорибаи классикӣ ё беҳтаринро дорад. Ин муборизаи ду дастаи яке аз беҳтаринони ҷаҳони мурсир Барселона ва Реал Мадрид аст, ки ҳар дуҳам дар Чемпионати Испониё, ки дар ҷаҳон ҳамчун ЛА Лига машҳур аст рақобат доранд. Ин рақобат танҳо муборизаи ду дастаи футболи набуда байни ду шаҳрҳое ки ин дастаҳо воқеанд, яъне шаҳрҳои калонтарини Испания, поитахти он шаҳри Мадрид дастаи Реал ва поитахти минтақаи Каталония Барселона дастаи Барселона мебошад. Ин рақобати рангинтарин ва принсипноктарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Ин рақобат кай ба вуҷуд омадааст?

Аз таърихи пайдоиши футболи Испониё ва пайдоиши ин ду дастаи бузург вобаста аст. Худ дастаи Реал Мадрид ва Барселона тақрибан як вақт пайдо гаштааст бо фарқияти танҳо 3 сол ва рақобат аз ҳамон давра оғоз гаштааст. Дар асл дар он даврон рақобати асоси байни ду минтақа мерафт, рақобат аз рӯи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ,  ки албатта ба ҷаҳони футбол низ таъсири худро расонд.

Ҳамаги чанд маротиба ин ду дастаҳо байни худ қувваозмои кардаанд?

Аз соли 1902 ин ҷониб 222 бози, ки дар он дастаи шоҳӣ 88 маротиба ва дастаи каталони 87 маротиба ғолиб омада 47 маротиба бози бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфтааст.

Голҳои рекордии ба дарбозаи якдигар задаи онҳо чанд аст?

Аввалин рекорд аз тарафи дастаи шоҳӣ 13 июни соли 1943 гузоштааст, ки ӯ ба рақиби худ, яъне барса бар ҳисоби 11 бар 1 ғолиб омада буд, ин рекорд аз тарафи Реал мебошад. Рекорд аз тарафи дастаи Барселона 29 ноябри 2010 гузошта шуд, дастаи Каталония бар намояндагони поитахтиҳо 5 бар 0 ғолиб омаданд, боз як чиро бояд қайд намуд, ки ин муҳорибаи шадидтарин ба ҳисоб рафта дар 90 дақиқаи бози 12 корти зард ва 1 корти сурх бардошӣа шуд.

Омор оиди ин муҳориба чӣ гунааст?

 

Чемпионати

Исп.

Ҷоми Исп.

Ҷоми лигаи Исп.

Суперкубок

Лигаи Чемпионҳо

Ҳамагӣ

Натиҷаи бозиҳои ин дастаҳо

 

Реал

64

15

2

4

2

87

мусовӣ

32

6

4

2

3

47

Барсаселона

69

10

0

6

3

88

Голҳо

Реал

268

59

8

25

13

373

Барсаселона

258

63

13

17

10

362

Ҷомҳо

Реал

32

18

1

9

9

69*

Барсаселона

21

26

2

10

4

63*

 

·         Боз бо ҳисобҳои ҷомҳои дигар ба монанди “Ҷоми дорандагони ҷоми УЕФА” ҳамаги ҷоми дастаи шоҳии Реал Мадрид 75 то буда дастаи Барселона 76 то ҷом доранд.

Таърихи санаи 31 январи соли ҷорӣ соати 00:59 дақиқа бозии 223 ЕЛ КЛАССИКО баргузор мегардад. Ба ҳар як мухлиси ин дастаҳо тамошои хубро хоҳонам.

 

2 Комментарии

Напишите свой комментарий