Муҳочират то ба кай?

Таърих гувоҳ аст, ки ҳеч як кишвари олам аз ҳисоби муҳочирати меҳнатй рушду нумўъ накардааст. Баръакс мардум дар бобати масъулияти ҳукумат доири бо кор таъмин намудани шаҳрвандонаш фаромўш карда, ягона роҳи корро дар мардикорй ба дигар кишварҳо мебинанд.

   Муҳочирати мардикорони мексикой аз солҳои 1860-1865 огоз шудааст ва то ба ҳоло идома дорад. Тасаввур намоед, ки қариб 150 сол инчониб мексикоиҳо мардикорй ба Амрико мераванд. 
   Зиёда аз 40 дарсади заминҳои Мексика танҳо ба 11 дарсади аҳолй таалуқ доранд. Бекорй дар Мексика 40 дарсадро ташкил медиҳад. Моҳона дар Мексика ба ҳисоби миёна баробар ба 16 дарсади моҳонаи миёнаи амрикоиҳост. Хамасола аз ҳисоби мардикорон аз 7 то 11 млрд доллари амрикой ворид мегардад. Вале Мексика, ҳамоно қашшоқ боқй мондааст. Ин далелу ҳисоботҳоро аз саҳифаҳои интернетй мутолиа намуда, ба фикр фурў меравам…

 Худоё, наход мо точикон низ қарнҳо пешаамон муҳочирй бимонад? 

3 комментария

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *