Модар, ман чи гуноҳ кардам?

Инак фасли сармо низ расид. -15-18 дарача хунук. Баландии барф қарибии 20 см. Ин барфи сеюм аст, ки дар Русия пешвоз мегирам.
 
   
Имрўз Мусою Шавкат чиҳатҳои иқтисодиро ҳисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки беҳтараш як дастгоҳчаи муйсаргирй бихаранд. Шавкат мегуфт:
  – як мўисарпасткунй дар салон 200 рубл меистад. Харсеямон як маротибагй мўи сар гирем пулаш мебарояд…
   Мусо низ тасдиқ мекард:
 – Худо нишон надиҳад, агар вакти салон рафтан милиса дорад пули се дастгоҳчаро ҳам чарима месупори…

   Хуллас дастгоҳчаи мўисаргирй харидем, аммо акнун мушкилй дар он буд, ки кй  мўи сар пасткарда метавонад?
  Аз ноилочй Мусо мўи Шавкатро паст намуд. Хеле ачоибу хандаовар шуд. Шавкат худро дар оина дида, ранчид ва аз Мусо пурсид, ки номи ин намуди паст кардааш чист? Мусо дарҳол чавоб дод, ки ин як намуди хеле замонавист ва номаш “Модар, ман чи гуноҳ кардам” аст..
 ))
 

Акнун бояд Шавкат мўи Мусоро паст мекард, вале Мусо аз тарси он ки Шавкат баркасд бузтарош нанамояд, аз ман хоҳиш кард муяшро паст намоям. 
   Ростй, хеле кушиш кардам, вале намуди мўи сар хеле паст мисли зиндониҳо шуд. 
   Шавкат дар ҳоли Мусо хандида гуфт:
   – ин низ намуди хеле мўди замонавист ва номаш “Не плач родная, я вернус” мебошад..
 )))

   Ман уро дилбардорй мекардам, ки берун барф, хунук аст ва дар таги кўлоҳ, касе мўи туро намебинад.

  Барф ҳанўз меборад. Боридани онро дида, ваъдаи ба духтарчаи 5 солаам дода, ба ёдам омад. Ханўз ду сол пеш дар саволи кай меоед, чавоб гуфтам, ки баробари боридани барфи аввал  меравам. 

  Ин сеюм сол,  барфҳо меборанду об мешаванд..
 Духтарчаам дигар на ба ман бовар дораду, на ба барф… 

6 Комментарии

  1. хама парикмахер шудаст ку ))) ман хам гох-гох аз они бародаронамро «прическа» мекунам )) як бор сарашро прическаи «модный» кардам аз кахраша рафта худаш ба пурраги кал кард :)))

  2. :)хеч гап не гузаранда аст, паст мешавад, боз месабзад, боиси хафаги нест, мухимаш хамин, ки ин шухихое, ки кати чурахот кардед, абади дар хотираатон мемонад.)))

  3. Бисёр вокеаи ачоиб ва хаёти. Хонда хандидам, лекин дар охир камтар гамгин гаштам. Ходиса аз хаёти харрузаи мо аст. Барои хамин хам ба ман писанд омад…

  4. ба ман хам писанд омад, факат нафахмидам, ки муариф номи вокеъаи навишта шуда, бо накли шуда (содержание рассказа) ва хулосаи онро бо чи максад алокаманди намудааст. Реальность: «Духтарчаам дигар на ба ман бовар дораду, на ба барф…»

  5. Сипос ба якояки шумоён барои изхори назар!
    Ва чаноби D шумо иштибох ё худ хомии навишторро дуруст дарёфтед. Аслан яке аз мушкилихои асосиям дар номгузорист. Ном бояд хам хонандаро чазб намояд, хам мухтавои навишторро инъикос дихад. Аммо дар ин чо каме ночаспо.. Саломат бошед.

Напишите свой комментарий