Мочарои «ЦУМ» кай анчом меёбад?

 


Мољарои Сум кай анљом меёбад ?


 


Маѓозаи Сум(Фурўшгоњи Марказї) таърихи 55 сола дошта дар хотири падарону бобоёни мо њамчун маѓозаи зеботарину калонтарини пойтахт хотироти неке боќї гузоштааст. То ба имрўз  аз фурушгоњи  марказї на танњо сокинони пойтахт,балки сайёхону хориљиён дидан менамоянд. Фурўшандагони  маѓозаи номбурда бо маданияти баланди хизматрасонї  ва тарзи пешкаши мол њамеша аз дигар маѓозањо фарќ карда меистанд.  Аммо имрўзњо дар фаъолияти кормандони  маѓоза тайѓироти куллї ба амал омада сањњомони корхонаро сахт ба ташвиш фикандааст. Сањхомони корхона аз он изњори нигаронї  мекунанд, ки  агар дубора «ЦУМ»  ба моликияти давлатї  мубаддал бигардад, онгањ таќдири сањњомони  маѓоза ба чї меанљомад? Директори генералии   фурўшгоњи марказї  Боймурод Холмуродов  то ин дам бо 87 фоиз сањњомони тарафдораш  барои пойдор мондани  љамъияти сањњомї  мубориза бурда истодаанд. Боймурод Холмуродов зимни сўњбат бо мо чунин андеша намуд:


-Аз соли 2003  агарчанде  маѓозаи мо куллї ба љамъияти сањњомї табдил ёфта бошад њам, айни замон ягон адад сањмия надорад. Ва Прократураи генералї  њам асосе надорад барои даъво. Охир тамоман нодуруст аст даъвои онњо барои хато њисоб кардани  сањмияњои  дар њаљми чињил  дар сади соли 1993 юмро. Аснод ќонунї тартиб дода шудааст , барои он ки тавассути  Кумитаи амволи  давлатї мо сањмияњоро харидорї карда  фурушгоњро куллан  ба љамъияти сањњомї  табдил додаем.  Ва њамаи ин дар чањорчубаи ќонун ба амал омадааст.  Аз тарики савдои кушод ба воситаи Кумитаи Сармоягузорї ва Амволи давлатї , корхонаи Воњиди Давлатии хариду фурўши ашьё  бо усули музояда  гузаронида шуда буд. 


-Чї хеле, ки огањем, худи  Шумо њам  ба ќатори сањњомони  корхона шомилед?


-Оре, ман  њам яке  аз сањњомони бузурги корхона њастам. Замоне омада буд, ки мо ногузир будем, то маѓозаро ба љамъияти сањњомї табдил дињем. 48 соли њаётам дар ин корхонаи бузург сипарї гардидааст. Мо мавќеи тафтишотии судиро њељ гоњ тарафдорї намекунем. Чунки  даъвои онњо беасос аст. Мо аввалан аз Худованд, баъдан аз давлату њукумат умед дорем, ки ин ќазия дар сатњи ќонун њалли хешро меёбад. Аз суди иќтисодии шањри Душанбе њам боварї дорем, ки њамаи ин бањсњоро дар асоси ќонун амалї менамоянд. 


-Мољарои «ЦУМ» аз куљо оѓоз ёфт?


-Њангоме, ки маљлис гузаронида масъалаи ба љамъияти сањњомї табдил додани корхонаро назди коллектив гузоштем, яке аз сањмиядорони бузурги корхона Абдулло Одинаев он замон эътирозе баён накарда  буд. Аммо онњо 9 нафар шуда нисбати ин  тайѓиротњо норозигии хешро баён доштанд. Бештар аз 8 сол аст, ки ин бањси судї идома дорад. Аммо зиёда аз 87 фоизи  сањмиядорон тарафдори љамъияти сањњомї њастанд. Аслан ба тарзи амонатфурўшї (комиссионї)   фаъолият намудани фурўшгоњ  манфиате надорад ва корхона наметавонад аз ин њисоб харољотњояшро пўшонад. Боз таъкид мекунам, ки мо ѓайриќонунї њуљљате тартиб надодаем.  Моњияти муњим будани сањмияро худи кормандони корхона дарк кардаанд. Агар чунин намебуд, магар 87 фоизи  сањмияњои  боќимонда ба сањњомон муталлиќ мебуд, ки усули нави иљоравиро пазируфтаанд?Ба А. Одинаеву њамроњонаш бошад њамагї 13 фоизи сањмияњо таалуќ доранд. Њамаи  сањмияњо дар дасти кормандони љамъият аст. Яке аз собиќадорони мењнати корхона, аълочии савдои љумњурї , корманди шоистаи Тољикистон, Сайњотам Сангов дар сўњбат чунин  гуфт:


-Маѓозаи мо 9 октябри соли 1959 ифтитоњ гардида  навбати авали сохтмони он соли 1959  ва навбати дуввуми он соли 1964 ба анљом расидааст.  Камина ин љо аз оѓози таъсисёбии фурушгоњ кор мекунам. Тамоми нозукињои савдоро дањ панља барин аз худ кардаам. Солњои пеш мутахассисони љавонро барои таљриба андухтан ба корхонаи мо мефиристоданд. Фурўшгоњ он ќадар шуњратёб буд, ки мењмони аз дуру  наздик омада њатман аз шуъбањои он дидан намуда туњфае, армуѓоне барои худу наздикон харид мекард. Ман барои мубодилаи таљриба ба шањрњои Русия сафари хидматї доштам. Мо сарварии  Боймурод Холмуродовро њама якдилона интихоб намуда будем. Интихоби ў дар даврањои иќтисоди бозаргонї ва љанги шањрвандї ба вуќуъ омада буд. Мо дар он солњо байни обу оташ ќарор доштем гуям, хато намекунам.  Ба маблаѓи 70 миллион доллар мањсулоту амволи давлатї дар анборњои  фурўшгоњ аз дасти ѓоратгарон њифз гардида газанде ба онњо нарасид. Мо собиќадорони мењнати корхона аз органњои ќонунбарор хоњиш дорем, ки љамъияти сањњомии моро нодуруст арзёбї накунанд. Ман то имрўз аз пушти ин касбам њалол нон хурдаам ва алам меканд, ки агар таќдири моро ин ќадар бепарвоёна њал намоянд. Охир тамоми буду шудамро фурухта сањмия харидаам.  Ин ќадар тољирон магар бекор намемонанд?  Даъвои тафтишот воќеияте надорад. Тиљорат њатто дар ислом хиёнатро раво намебинад.


Корманди дигари корхона Неъматулло Собиров суханони уро таќвият бахшида гуфт:


-Бо ташаббуси  директории корхона осорхона кушода гардидааст, ки аз мењнати шоёни кормандони маѓоза њикоят мекунад. Дар ин љо нигорањои зиёде низ гирд оварда шудааст. Њамчунин  дар корхона «Хазинаи Хайрия»  фаъолият мекунад, ки  аз он њисоб ба эњтиёљмандону  нафаќахурони корхона кўмаки моддї расонида мешавад. Ба саѓерахонањо низ њама ваќт ёрї расонида мешавад. Ман њам ба хотири бењбудии корхона сањмияро харида будам. Ин мољарои судї њамаи моро ба мушкилоту парешонї дучор кардааст.  Охир суд њаќ надошт, ки  бо даъвои  аќќалияти корхона ба фаъолияти корхона рахна бизанад?  Сарнавишти ин ќадар сањњомони корхона ба чї меанљомад?  Муддати фаъолияташ Фурўшгоњи Марказї  дар хотираи ањли савдо  њамчун муассисаи намунавї наќш бастааст.  Ба хотири бењбуд бахшидан роњбарияти корхона усули нави коргузорї-иљоравиро пеш гирифта  буд. Солњои авввал дар ин самт 2-3, баъдан 4-5 бахш тариќи усули нав иљоравї бо чунин таљриба фаъолият намуданд. Чун  ин усул нишондињандањои хуб нишон дод, корхона аз соли 2007  ба пуррагї ба тарзи иљоравї  гузашт. Фоидаи калон мегирифтагї шуд. Мо колективи мењнатї умед ба њаќиќат дорем. Вагарна фазои тиљорати  тољикро як навмедї фаро мегирад. 


Оре, имрўзњо њанузам мољорои судии «ЦУМ»-у  суди иќтисодї идома дорад ва муњити тољиронро танг кардааст. Таќдири сањњомони корхона ба чї меанљомад? Ва 8 соли судбозињо кай анљом меёбанд, њанузам тираву норавшан аст…


ШАХЛОИ НАЉМИДДИН 


 

Tagged , , , , , , .

2 Comments

  1. Сохаи иқтисодиёт чӣ қадар ки озод бошад, ҳамон қадар барои халқ низ хуб аст, зеро рақобати дар бозор буда соҳибкоронро водор месозад, ки маҳсулоти босифаттар бароранд ё ворид кунанд, аммо агар соҳибе пайдо шавад, ки нарххоро боз хам идора кунад, он баръакс ба киссаи халқ зиён мерасонад.

  2. Ин аллакай тамоман БЕСПРЕДЕЛ! То кай ин ҳукумат чунин нисбати моликияти хусусӣ рафтор мекунад?! Охир бо ин «иқдом»ҳои аблаҳона ҳукумат нафақат ҳуқуқи аксарияти саҳҳомонро вайрон мекунад, балки сармоягузорон (инвесторони) будагиро низ мегурезонад. Аз тарафи дигар, ба андешаи ман дар ин ҷо низ бе ришва кор нарафтааст, касе ба касе ришваи худе додааст ё ваъда кардааст, ки ин мурофиаи судӣ оғоз ёфта, ба манфиати ришвадиҳанда дар оқибат ҳал гардад … Афсӯс, аммо ин ҳақиқати Тоҷикистони имрӯза аст … Барои ҳамин ҳама шахсони арзанда ва соҳибмаърифат дар фикри тарки Ватан мебошанд …

Напишите свой комментарий