Мизи мудаввар дар мавзуи «Беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ба шахсони мубталои ВНМО»

Шухрат Латифов
Шухрат Латифов
Шухрат Латифов

Дирӯз 18 феврали соли 2016 таҳти лоиҳаи «Беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ба шахсони мубталои ВНМО» ки бо дастгирии Хазинаи Авруосиёгӣ дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон , аз тарафи Ташкилоти Ҷамъиятии «Шабаки Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» пиёда намуда истодааст, дар толори хурди маҷлисгоҳи Ҳукумати шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.

Дар Мизи мудаввар намояндагони дастгоҳи Ҳукумати шаҳриҲисор (Бахшҳои: ҳивзи иҷтимоии аҳолӣ, Ҷавонон туризм ва спорт, занон ва оила, сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси Ҳисор), Шуғли аҳолӣ муҳоҷират ва меҳнат, Маркази СПИД, Марзаки бемориҳои пӯст ва увзҳои таносули ноҳия, Маркази эпидемолгӣ, Маркази саломатии шаҳрӣ, Таклилоти Ҷамъиятӣ, САҲШ ва намояндаи ВАО иштирок доштанд.
Мақсад аз гузаронидани Мизи мудаввар , презентацияи мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, созмон додани гурӯҳи корӣ аз сафи мақомотҳои хизматрасони давлатӣ барои муайян намудани хизматрасониҳои ройгон ва ҳамчунин пешниҳоди «Системаи хизматрасониҳои ройгон» барои беҳтаргардонии сифати хизматрасони буд.
Дар рафти Мизи мудаввар, аз тарафи Директори Маркази СПИД Абдуҷабборов Саттор, ҳолати сироятӣ, сатҳи хизматрасонӣ, муаммоҳои ҷойдошта дар самти ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии шахсони мубталои ВНМО садо дод. Пас аз маърӯза аҳли нишаст назари худро барои ҳамкории зич баҳри бартараф намудани мушкилиҳо баён карданд. Аз ҷумла Сартабиби Маркази бемориҳои пӯст ва увзи таносул, пешниҳод намуд таҳти гурӯҳи корӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ бояд дар манъбаи электронии маълумот , номи мақомот, намуди хизматрасонӣ ва шахси мас\ул дарҷ гардад, то баъд аз равон намудани мизоҷ ба он нафар тавонем сифати хизматрасониро баҳо диҳем. Намояндаи Шуғли аҳолӣ, меҳнат ва муҳочират ҳамкории хешро иброз намуда қайд намуд, ки ҳоло якчанд курсҳои омӯзишии ройгон баҳри занон ва мардон дар марказ фаъолият менамояд ва ҳангоми фиристодани мизоҷ аз тарафи маркази СПИД тайёранд онҳоро бо курсҳои ройгон фаро гиранд. Инчунин бахши занон ва оилаи мақомоти давлатии Ҳисор аз ҳамкорӣ барои ҳалли масалаҳои иҷтимоии занони мубталои ВНМО изҳор намуд.
Менеджери лоиҳа Шӯҳрат Латифов, мақсад ва вазифаҳои лоиҳаро ба иштирокчиён пешкаш намуда чунин вазифа гузори намуд. «Аввалан бояд манбаи электронии хизматрасониҳои мақомоти давлатиро бояд ҷамъ намуд ва мо ба Шумо тартиби онро пешниҳод менамоем. Баъдан дар гуруҳи корӣ шакли манбаи электронӣ, тарзи ба қайдгирии хизматрасониҳо, варақаи ба қайдгирӣ ва ҳамчунин ҳисоботҳои моҳона ва нимсолаву солонаи хизматрасониҳоро дар гурӯҳи корӣ муҳокима хоҳем кард»
Дар охир аз сафи иштирокчиён, намояндагони САҲШ, Мақомоти давлатии Ҳукумати Ҳисор, Бемористони пуст ва увзи таносул, Маркази эпидемологӣ, Шугли аҳолӣ, меҳнат ва муҳоҷират, Маркази саломатӣ, бахши Занон ва оила, бахши ҷавонон, Варзиш ва саёҳи, намояндаи ВАО, Ташкилоти Ҷамиятӣ гуруҳи корӣ ташкил шуд. Мувофиқи нақша ба гуруҳи корӣ вазифагузорӣ шуд то вохӯрии навбатӣ хизматрасониҳои ройгонро дар мақомотҳои худ бо ишора ба шахсони муттасадӣ ҷамъ оваранд.
Дар охири Мизи мудаввар Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии «Шабакаи занони мубталои ВНМО , Таҳмина Ҳайдарова ба дастгоҳи мақомоти давлатии Ҳисор, Маркази СПИД ва иштирокчиён барои ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

IMG_6022IMG_6024Шухрат Латифов

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий