Механизми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

Тарзи амалишавӣ, сатҳи инкишоф ва эҳтироми ҳуқуқи инсон аз кафолати ҳифзи он ва амалан ҳифз шудани ҳуқуқи инсон вобаста аст.
Бузургони шарқзамин.
Кӯдак ҳангоме ки ба дунё меояд бо худ хислати худмуҳофизатиро доро мебошад. Вақте ки кӯдаки худро ба боло мебардоред бо таври автомати вай кӯшиш мекунад, Шуморо дорад, то ки наафтад, ё ин ки вақте ки кӯдаки хурдсолро ягон шахси дигар меранҷонад вай бо таври автоматӣ ба шахси ҳифзкунандаи ӯ ба монанди падараш, модараш ва дигарон муроҷиат мекунад. Ин ҳолат аз чи гувоҳи медиҳад? Ин нишонаи он аст, ки кӯдак худ аллакай механизми ҳифзи ҳуқуқҳои худро истифода бурда истодааст.
Худ механизм чи аст, ин калима асосан ба техникаҳо рост меояд ба монанди дастгоҳ, муҳаррики автомобил, ё ин ки соатҳои махсуси механикӣ ва ғайраҳо. Дар ин мавзӯъ механизм бо таври маҷозиаш истифода мегардад, ки ин маънои аз якдигар вобаста будани қадамҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар бар мегиирад.
Ҷаҳони муосир баъди хотима ёфтани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва таъсиси Созмони милали муттаҳид ранги дигар гирифт ва барои ҳифзи ҳуқуқи инсон низ имкониятҳои нав пайдо гардиданд. Ҳоло дар ҷаҳон ду намуди механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон мавҷуд аст, ин ҳам бошад “Механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва “Механизми байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи инсон”. Чи тавре, ки аз номи мақола маълум аст, мо танҳо “Механизми байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи инсон”-ро дида мебароем.
Механизми муосири ҳифзи ҳуқуқи инсон бисёрҷабҳагӣ буда дар он нақши асосиро Созмони милали муттаҳид ишғол намудааст. Дар сохтори СММ якқатор институтҳои махсус мавҷуданд, ки маҳз баҳри пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон равона карда шудааст. Инҳо Асамблеяи генералии СММ ва мақомотҳои ёрирасони он, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, комиссияҳо ва зеркомиссияҳо, кумитаҳо ва Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо масъалаҳо оиди ҳифзи ҳуқуқи инсонро Шӯрои амният, Шӯрои васоят, Комиссияи ҳуқуқи байналмиллалӣ ва Суди байналмиллӣ дида мебароянд.
Ҳангоми таҳлили самтҳои асосии фаъолияти СММ дар бобати ҳуқуқи инсон чунин қисматҳои онро қайд бояд кард:
1. Таҳияи санадҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон. Ба монандӣ, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10.12.1948), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ (16.12.1966) ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ (16.12.1966);
2. Назорати иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи давлатҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон.;
3. Ташкил намудани машваратҳо оиди ба масъалаҳои махсуси вобаста ба ҳуқуқи инсон;
Масъулияти асосӣ барои иҷроиши вазифаҳои оиб ба иҷроиши ҳуқуқи инсон ба Ассамблеяи Генералӣ вогузошта шудааст. Дар асоси Оинномаи СММ Ассамблеяи Генералӣ барои иҷроиши уҳдадориҳояш мақомотҳои ёрирасонро таъсис медиҳад, ки чунин ҳам кардааст. Таҳти роҳбарии Ассамблеяи Генералӣ Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон машғул мебошад, ки он соли 1946 Комиссия оид ба ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Вазифаи асосии ин Комиссия иборат аз омӯзиши вазъияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва дар асоси омӯзиш тайёр намудани маърӯзаҳо мебошад.
Ассамблеяи Генералӣ 20 декабри соли 1993 мансаби Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ҷорӣ намуд, ки вазифааш ҳамоҳангсозии тамоми фаъолияти СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.
Баҳри пешбурди ҳуқуқи инсон дигар ташкилотҳои СММ низ таъсис ёфтаанд, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон аз рӯи мақсадҳои худ фаъолият намуда истодаанд, ки инҳо Идораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП), Ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ), Созмони байналхалқии муҳоҷират (МОМ), Хазинаи рушд ва манфиатҳои занон (ЮНИФЕМ), ва ғайраҳо.
Ассамблеяи Генералӣ кумитаҳо ва комиссияҳои доимӣ ва муваққатиро низ таъсис дода, фаъолияти худро тавассути онҳо амалӣ менамояд. Ба монанди:
Шурои Амният, ки фаъолияти асосии он нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошад. Шӯро аз 15 давлати аъзо иборат буда, 5-тои онҳо аъзои доимӣ ва 10-тояшон аъзои ғайридоимӣ мебошанд. Аъзоҳои доимӣ: Федератсияи Руссия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса. Аъзои ғайрндоимии Шуро ба муҳлати 2 сол интихоб мешаванд.
Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ. Вазифаҳояш кӯмак кардан ба баланд бардоштанн сатҳи зиндагӣ, шуғли пурраи аҳолӣ ва ғайраҳо мебошад. Ин шӯро аз 54 давлатӣ аъзо иборат аст.
Суди байналмилалии СММ, ки тибқи Статут амал менамояд, қисми СММ мебошад. Суд аз 15 нафар аъзо иборат аст ва мӯҳлати ваколати аъзои суд 9 сол бо имконпазирии аз нав интихоб кардан мебошад.
Котиботи СММ, ки иборат аст аз Муншии умумӣ ва кормандони дигари ёрирасон ба СММ. Муншии умумӣ бо тавсияи Шурои амният аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.
Баробари мақомоти асосии зикргардида оид ба ҳуқуқҳои инсон мақомоти қарордодӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мавҷуданд. Онҳо мутобиқи созишномаҳои байни давлатҳо басташуда таъсис мегарданд. Ба чунин мақомот инҳо мансубанд: Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи зидди шиканҷа, Кумитаи оид ба ҳуқуқи кӯдак, Кумитаи бартарафсозии табъизи нажодӣ, Кумитаи бартарафсозии табъиз нисбат ба занон ва ғайра. Мақомотҳои мазкур асосан вазнфаҳои назоратиро ба риояи қарордодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ннсон ба амал мебароранд.
Боз бояд қайд кард, ки механизми минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон низ мавҷуд мебошад, ки баробари механизмҳои дигари байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амал мекунанд, ки ин Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ — СНГ) мебошанд.
Ҳамаи гуфтаҳои болоро ба назар гирифта бояд зикр намоям, ки механизми байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ин раванди мӯҳлатталаби механизми ҳифз мебошад. Масалан дар таҷриба ҳангоми муроҷиат ба Кумита оид ба ҳуқуқи инсон тахминан то баррасии муроҷиат ва баровардани хулоса 2 то 3 сол вақт масраф мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки дар аксарияти ҳолатҳо шахс пеш аз рӯй овардан ба механизми байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд ҳамаи механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро гузарад. Баъди гузаштани чунин мӯҳлат оё механизми байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи инсон самаранокии худро нигоҳ медорад ва оё то он дам ҷабрдидаи ҳуқуқвайронкунӣ онро интизор шуда метавонад? Оё барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо магар мӯҳлати 2-3 сола мӯҳлати зиёд нест?

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *