Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инсон мавҷудоти олитарини ташаккулёфтаи курраи замин аст. Аз ин рў, мазмуну моҳияти ҳуқуқ низ, маҳз барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудааст. Зеро ҳуқуқи инсон яке аз дастоварҳои бузурги инсоният ба ҳисоб меравад.
Ҳуқуқи инсон муносибати байни давлат ва инсон аст. Дар масоили механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ду тараф ширкат меварзад: аз як тараф давлат, аз ҷониби дигар инсон, шаҳрванд.
Аз рўи ақидаи Марек Новитский инсон ба давлат андоз супорида, ўҳдадориҳои мавҷудаи худро иҷро мекунад ва давлат ҳам дар навбати худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз намуда, барои шаҳрванд шароити мусоидро фароҳам меоварад. Ана аз ҳамин ҷо масъалаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон оғоз мегардад. Вазифаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ўҳдадории давлат буда, дар симои мақомотҳои давлатӣ, ташкилот ва шахсони мансабдор зоҳир мегардад.
Зеро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои давлатӣ ва ҳар як шахси мансабдор вазифадоранд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро на танҳо эътирофу риоя кунанд, балки ҳимоя намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро муқаррар карда, ҳамаи мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро вазифадор менамояд, ки дар ҳифзи ҳуқуқи инсон иштирок кунанд. Дар моддаи 5-уми Конститутсияи ҶТ омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошад.
Бо ҳамин ўҳдадории давлат дар эътироф, риоя, муҳофизат, кафолат, таъмин ва ҳамчунин ба танзимдарории ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ифода мегардад. Зери мафҳуми ҳифзи ҳуқуқ «маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии дар санадҳои меъёри ҳуқуқи мустаҳкамгардидае фаҳмида мешавад, ки мутобиқи он давлат ўҳдадор мегардад, ки ба ҳар як шаҳрванд бо ташкили механизми дохилии худ барои амалишавии ин ҳуқуқу озодиҳо шароит ба вуҷуд оварда назорат барад» Ба ақидаи Азаров А. Я. бошад дар зери мафҳуми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ин фаъолияти рўзмарраи ҳамаи зинаи ҳокимияти давлатӣ аз он ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судӣ фаҳмида мешавад.
Ҳамчунин қайд намудан ба маврид аст, ки таҳти мафҳуми ўҳдадории давлат на танҳо эътироф ва кафолати ҳуқуқу озодиҳо, балки дар роҳи амалигардонии механизми ҳуқуқи инсон таъмин намудани шароити мусоид барои барқарор гаштани ҳуқуқҳои поймол гардида ва ҳамчунин дастгирии моддии шаҳрвандон низ нақши муҳимро мебозад.
Да низоми рушди механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши ҷомеаи Ҷаҳонӣ низ хеле калон аст. Дар сатҳи байнадхалқӣ қабул гардидани санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд. Ба ақидаи д.и.ҳ. Искандаров З. ин санадҳои ҳуқуқӣ ғояҳои аз ҳама пешқадамро дар бораи ҳуқуқҳои инсон таҳким бахшида, аз инсоният риояи онҳоро талаб мекунанд. Аз ин рў, Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмиллалиро эътироф намудааст. Ва ҳамчунин, ҳангоми таҳияи санадҳои миллӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалӣ ба назар гирифта мешавад. Дар асоси моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон институти васеи соҳаи ҳуқуқшиносӣ мебошад, ки маҷмӯи тарз, усул ва воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин роҳҳои барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншударо меомўзад. Дар зери мафҳуми «механизми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон» маҷмӯи меъёрҳо ҳуқуқии барои ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронида шуда ва мақомотҳои ваколатдоре, ки барои амалӣ гаштани ин меъёрҳо фаъолият мебаранд ё ин ки мусоидат менамоянд фаҳмида мешавад.
Дар механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон маҳаки асосиро ҳимояи ҳуқуқ мебозад. Ҳимояи ҳуқуқ ин ҳамаи фактҳои аҳамияти ҳуқуқи дошта мебошад, ки дар худ ҳолатҳои бо поймолгардии ҳуқуқ вобаста бударо дар бар мегирад. Ин раванд аз аризаи шаҳрванд, ҳангоми даъво дар суд ё ин ки муроҷиат (шикоят) ба механизмҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон ё ба дигар ташкилотҳои байналмилалӣ оғоз мегардад. Амалишавии ҳифзи ҳуқуқ ин танҳо раванди ҳуқуқӣ мебошад. Хусусияти махсуси фарқкунандаи ҳимояи ҳуқуқ дар он ифода мегардад, ки мақсади он огоҳ намудан оиди поймолшавии ҳуқуқи инсон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда аст.
Бояд дар назар дошт, ки механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон хусусияти универсиалӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки ягон санади ҳуқуқӣ, қоидаҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ё динӣ ҳуқуқи маҳдуд намудан аз истифодаи механизми ҳимояи ҳуқуқи инсонро надорад. Ҳар як шахс новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраҳо бемамониат, озодона истифода бурдани механизми ҳифзи ҳуқуқро доро мебошад.
Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсонро ба 2 гурўҳи асосӣ Ҷудо менамоянд:
1. Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон
2. Механизмҳои байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи инсон
Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон роҳҳо ва усулҳоеро дар бар мегирад, ки ба воситаи қонунгузории миллӣ тавассути мақомотҳои давлатию ҷамъиятии дохилидавлатӣ муайян карда мешавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки мустаҳкам гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ин худ замина ва таҳкурсии асосии механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. Ба ақидаи Баглай М. В: «…Мустаҳкамгардии ин ё он ҳуқуқ ин дар навбати худ кафолати амалишавии он аст».
Дар механизмҳои байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи инсон бошад, тарзу воситаҳое дар назар дошта мешавад, ки онҳо тавассути санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалӣ ва аз он Ҷумла, ташкилотҳои байналхалқӣ истифода мегардад.
Вобаста ба самти фаъолият, муносибат бо рукнҳои ҳокимият ва нақши онҳо — механизми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 қисм тақсим намудан мумки аст:
1. Ҳифзи судии ҳуқуқи инсон
2. Ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқи инсон
3. Ҳифзи ғайриҳукумати ҳуқуқи инсон
Яке аз унсурҳои асосии таркиби механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи судии ҳуқуқи инсон мебошад. Зеро дар асоси Конститутсияи ҶТ ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳифзи судии ҳуқуқи инсон – маҷмӯи ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавии шахс ба ҳисоб меравад. Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсия вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз кунад.
Функсияи асосии суд амалӣ гардонидани адолати судӣ аст. Адолатноки категорияи ахлоқист, чун санги маҳаки баҳсҳост ва ҳар кас дар лаҳзаи душвор метавонад аз он истифода кунад. Вақте ин адолатро судҳо аз рўи қонун муайян мекунанд, он адолати судӣ номида мешавад.
Адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби суди мустақил амалӣ мегардад. Амалисозии адолати судӣ танҳо салоҳияти махсусан муҳими ҳокимияти судӣ аст. Зеро суд шохаи мустақили ҳокимият буда, ба ягон ҳокимияти дигар тобеъ нест. Судяҳо танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурӣ итоат мекунанд. Ҳокимияти судӣ танҳо ба судҳо мутааллиқ аст ва ягон мақомот ё шахси дигар ҳақ надорад, ки ба зиммаи худ функсияи амалисозии адолати судиро бигирад. Касе ҳақ надорад, ки ба фаъолияти судяҳо дахолат кунад. Дахолат намудан ба фаъолияти судяҳо ҷиноят аст.
Дигар аломати адолати судӣ тартиби махсуси мурофиавии амалишавии он мебошад. Яъне парвандаҳои гуногун: ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ ва конститутсионӣ мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сурат гирад.
Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия ба тариқи зайл мебошад: Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе.
Дар амалисозии эҳтирому риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон баробари ҳокимияти судӣ дигар мақомот ва муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор фаъолият мебаранд. Ин гуна механизми ҳифзи ҳуқуқи инсонро ба ибораи дигар «механизми маъмурии ҳифзи ҳуқуқи инсон» меноманд, ки дар ин ҷо механизмҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар назар дошта мешавад. Институтҳои механизмҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон гуногун буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд, вале мақсад ва вазифаи ҳамаи онҳо ягона мебшад, ки ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, талаботҳои ў, манфиатҳои ҷамъият ва давлат аст.
Ба механизмҳои маъмурии ҳифзи ҳуқуқи инсон чунин мақомотҳо дохил мегардад:
• Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Раёсати кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон
• Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
• Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Ҳамаи вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии ҶТ ба сифати зинаи болоӣ
• Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
• Вакилонони халқӣ
• Адвокатура
Президент ҳомиии ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин вазифаро Президент бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҷо меорад. Аз як тараф, вай бевосита бо одамон вомехўрад, шикояту дархостҳои онҳоро гўш мекунад ва барои бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда чораҳои мушаххас меандешад. Чораҳое, ки Президент мебинад, фаврӣ ва самараноканд.
Муроҷиат ба вазорату кумитаҳои давлатӣ низ яке аз роҳҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Мутобиқи моддаи 31-и Конститутсияи ҶТ шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон иборат аз таклифҳою аризаҳо ва шикоятҳо мебошанд.
Таклифҳо — муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, му¬ассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд.
Аризаҳо — муроҷиатномаҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд.
Шикоятҳо — муроҷиатномаҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муас¬сисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шуда¬анд.
Яке аз механизмҳои дигари миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҶТ мақомоти прокуратура аст. Функсияи асосии прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷроиши якхеллаи қонунҳо дар қаламрави ҶТ мебошад. Ҳамчунин яке аз предметҳои назорати асосии фаъолияти ин мақомот риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо мебошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё ин ки омбудсмен – институти ҳуқуқӣ мебошад, ки аввалин маротиба дар оғози асри гузашта дар Шветсия пайдо гардидааст. Имрўз ин институт дар ҳамаи қитъаҳои олам, дар аксарияти мамлакатҳои демократӣ мавҷуд аст. Зиёда аз 100 давлатҳои дунё ин мақомотро дар худ ташкил намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ худро давлати ҳуқуқбунёд эълон намудааст ва кўшиш менамояд, ки аз рўи таҷрибаи давлатҳои инкишофётаи демократӣ равад. Аз ин рў, аз соли 2009 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карда шудааст.
Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад. Фаъолияи Ваколатдор салоҳияти ягон дигар мақомоти давлатиро намегирад, он танҳо барои пурра, ҳаматарафа ва объективона ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Дар аксарияти давлатҳои мутараққии ҷаҳонӣ шаҳрвандон хеле фаъолона аз фаъолияти кории вакилон истифода мебаранд. Зеро вакил ҳамчун намояндаи аҳолӣ дар ҳокимият бояд ҳамеша манфиатҳои интихобкунандагонро ҳифз намуда, арзу шикояти шаҳрвандонро гўш кунад ва ҳамеша дастгирӣ намуда дар алоқа бо шаҳрвандон бошад. Мутобиқи қонунгузорӣ вакил ҳуқуқ дорад, ки ба шахси мансабдор ё ин ки мақомоти дахлдор муроҷиат намуда, фавран ҳуқуқпоймолкуниҳои ҳуқуқи шаҳрвандро бартараф кунад.
Дигар таркиби асосии механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ин механизми ҳифзи ғайриҳукумати ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар баробари механизмҳои судӣ ва ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон фаъолият мебарад. Ва нақшу мавқеи ба худ хосро дошта, тавассути ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, воситаҳои ахбори омма, иттифоқҳои касаба амалӣ гардонида мешавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд.
Аввалин иттиҳодияи Ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави Иттиҳоди Шўравӣ соли 1969 ташкил карда шудааст, ки чунин ном дошт: Гурўҳи ташаббускори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ИҶШС.
Дар Тоҷикистони имрўза иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фаъолият мебаранд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба мавқеи назаррас ноил гардидаанд. Зиёд гардидани ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои мустаҳкам гардидани ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.
Гарчанде, ки аз ҷиҳати назариявӣ зоҳиран масъалаҳои марбут ба механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон бо ташкили шумораи зиёди мақомотҳои давлатию ғайридавлатӣ ҳалли худро ёфта бошад ҳам, аммо амалан дар таҷриба, то ҳол пояҳои механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ пурра мустаҳкам нагардидааст. То он даме, ки механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон устувор нагардад ва муаммоҳои дар дохили он буда ҳалли худро пурра наёбад, расидан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд ғайриимкон аст.
Аз ҷониби дигар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар амалишавии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муҳимро мебозад. Донистани мазмуну мундариҷаи Конститутсия ва умуман қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи асосии ҳифзи самаранок ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгашта аст.

Камолҷон Fафуров
аспиранти соли чоруми Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *