Метаморфизми миллати тоҷик

 

Метаморфизм — равандест, ки зери фишору дараҷаҳои баланд, як ҷинси кӯҳӣ ва ё минерале ба дигар иваз мешавад. Ин раванди табиист, метавонад ба ҳамин маъно дар ҷамъият ҷой дошта бошад. Метаморфизми миллати тоҷик – чунин ном гузоштам раванди равияи тағйироти паҳлуҳои несткунандаи миллиро. Зери чанд омилҳое шарҳи ин равандро менависам:

Забон миллатро дигар мекунад

Нишонаи асоситарини миллат — забон аст. Вақте, ки бо дигар забон сӯҳбат мекунанд ин маънои онро надорад, ки донандаи забон муаррифӣ кунандаи он миллат аст. Намояндагони миллате, ки забони адабии худро намедонанд ё намефаҳманд ва дар умум сӯҳбат кардан наметавонанд, аллакай он гурӯҳеро ташкил медиҳанд, ки дар равияи метаморфизм қарор доранд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки 40% -и тоҷикон забони адабиро намедонанд, адабиёту навиштаҳои ниёконашонро қариб тамоман намефаҳманд ва ду се ҷумлаи дуруст ҳам навишта наметавонанд. Ва чунин ҳолатро ба худ роҳат медонанд ва дар ҳама холат ва сатҳо бешармона аз ин тариқ сӯҳбат мекунанд ва ҳам талаб мекунанд то барояшон фаҳмотар – яъне боз дар равияи кучагӣ сӯҳбат кунанд. Ва ҳам қисме ҳастанд, ки ба гӯиши дигар забон гузаштаанд ва ҳеҷ гоҳе бо забони модариашон сӯҳбат намекунанд.

Равандҳои тараққиёти ҳама сатҳо ба забони миллие, ки ба он саҳмгузор нест, фишор оварда, истифодашавии он забонро хеле танг мекунанд. Дар ин замина хомӯш мондани ҷараёнҳои ҷавобӣ ба ин равандҳо, яъне тарҷумонию омода созии дастурамалу китобу воситаҳои  иттиллоотӣ хатари ҷиддие ба рафъи эътибори забони миллӣ мезанад. Дар ин замина метавон забони тоҷикиро дар фазои иттиллоотӣ ва барномаҳои компютерӣ мисол овард, ки ягон барномаи миллӣ мушоҳида намешавад. Ва дар ояндаи наздик ин фазо тамоман номумкин мешавад. 

Оила миллатро дигар мекунад

Оила сарчашмаи асоситарини тавлид, тарбия ва пойдории миллат аст. Бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки таъсир ба миллати тоҷик низ расонидааст, шакли озоди сохтани оила ҳарчӣ бештар расм мешавад. Барпо кардани оила бо намояндагони дигар қавму миллатҳо ба тавлиди насле, ки мамулан «метис»-аш ном мебаранд, асос мегузорад. Метисҳо аллакай намояндагони омехтаи ду қавм ҳастанд ва наметавонанд, миллати комилеро ба ҳама арзишҳояш муаррифӣ кунанд, ҳарчанд аз тарафи падарӣ ин ё он миллат номида шаванд. Ҳам бе саҳми метисҳо, пеш аз таваллуди онҳо, аллакай оилаҳои онҳо ба як шакли нави миллӣ мегузаранд, ки дар он умуман дигар омилу анъанаҳо ҳукми бартариро соҳиб мешаванд.   

Шаҳрвандӣ миллатро дигар мекунад

Аҷдодони тоҷик дар ҳар гуна давлатҳо зиндагӣ кардаанд. Соҳибқаламу соҳибунвон гаштаанд ва ҳам ба забони онҳо эъҷод кардаанд, вале тоҷик боқӣ мондаанд, ҳарчанд наслҳое баъд аз дигар миллатҳо аз барои талоши милликунонии ин фардҳо ҳаракат мекунанд. Аммо пас аз онҳо дигар касе нест. Ин чӣ маъно дорад. Яъне пас аз он намояндагон, ки «шаҳрвандӣ» қабул карданд, наслҳои онҳо, агар шояд аз падаронашон зиёдтар офаридаанд, ҳамчун намояндагони дигар миллат муаррифӣ шуданд. Ин аст, ки мо дигар ҳеҷ гуфта наметавонем, ки фарзанду ақрабори он намояндаҳо куҷо шуданд ва ё кӣ шуданд. Бо тағйири шаҳрвандӣ хамагуна шоҳаҳои миллат хоҳад мурд.

Муҳоҷират миллатро дигар мекунад

Дар ҳама давру замон ҳиҷрат кардан ва муҳоҷир шудан, равияи табиию иҷтимоист. Ҳам муфид аст, ҳам ғайри он. Бо гузаштан ба ин омили дигар кунандаи миллат, омилҳои болоиро илова мекунам, ки бе шубҳа дар муҳоҷират ҳамсафари миллат аст, ин ҳам бошад, шаҳрвандӣ, оиласозӣ, забон, шарту шароит ва дигар қонунҳои нонавишта. Дар ҳиҷрат миллат наметавонад дар низоми худӣ зиндагӣ кунад ва ҳатман зери қолаби дигар ҳастӣ бояд кунад. Ҳангоми қатъшавии рагҳои ғизоӣ дилхоҳ система бадал ё нест хоҳад шуд. Дар ҳиҷрат низ сарчашмаҳои миллатнигаҳдор бо тадриҷ хушк мешаванд. Ва миллат дигар мешавад. Агар барои ҳамешагӣ ба ҷое ҳиҷрат мешавад – ин қадами нахустин аз барои бадалкунии шароити зиндагӣ ва дар қатори он метаморфизми тоҷикӣ хоҳад буд. 

Дигар омилҳои дигаркунандаи миллат

Инсон – оила – кавм – миллат… падидаҳои иҷтимоианд. Омилҳои иҷтимоӣ ба ин қатор таъсир мерасонанд. Дар ин ҷумла ҷангҳои иттллоотӣ илова мешаванд, ки бо муаррифияти манфӣ аз як миллат, онро дигар мекунанд. Доимӣ бадном сохтани як миллат ҳиси бадбинии миллиро ба миён оварда, аз намояндагони миллати бадном, тақозои инкори миллиро мекунад. Бо ин замина аз барои манфиатҳои ичтимоӣ, миллати бадном, дигар наметавонад, худро намояндаи миллати бадном нишон диҳад, аз ҳамин замина, ӯ худро дигар мекунад, ӯ дигар наметавонад, бо он забон сухан гуяд, бо он равиш зиндагӣ кунад, бо он урфу одат либос ба ба бар кунад…ва ниҳоят дар саволи рӯи рост гуяд, ки ман аз фалон миллатам.

Хулоса

 Шояд гуфта шавад, ки дигар ин миллат соҳиби тамаддуни бой аст, ки барои ҳамешагӣ онро зинда боқӣ хоҳад дошт, шояд гуфта шавад, ки ин миллати бедор аст ва омилҳои болоиро дарк мекунад ва ба он роҳ намедиҳад, шояд гуфта шавад ин миллати пурқувватест, ки ҷараёни метаморфизм варо дигар карда наметавонад, шояд гуфта шавад: (сухан ба шумо) 

8 комментариев

    1. Сипосгузорам, ако!
      Инчунин дар сомонаи Озодй нашр шудааст, бо тахрири устод Салими Аюбзод.
      Фикр мекунам, назар ба асрхои гузашта, ин сикли метаморфизм, ки миллати точикро фаро гирифтааст ба ин миллат бе таъсир нахохад буд, аз ин лихоз мебояд хеле ва хеле ботадбиру зирак буд.

  1. шояд хукмрононе бошанд, ки духтаронро мачбур месозанд туфлии пошнабаланд (каблук) ва либоси аврупои пушанд, шояд он раисоне бошанд, ки ба бинохои муассисахои давлати бо либоси гайр аз аврупои намонанд даромадан хам марду хам занро, шояд ончунон хукуматдорони «гамхор» бошанд, ки чавононро аз динашон чудо намуда, ба онхо рафтан ба масочидро манъ кунанд … «Шояд»-хои ин сохаро низ шояд инъикос менамудед?

    аз тарафи дигар, агар ба масъалаи миллат нигарем, пас як чизи дигареро низ мебинем — ДИН. Дин низ миллат ва муносибати шахсро ба миллаташ дигар мекунад. Масалан, дар дини Ислом миллат ба он маъное, ки мову шумо мефахмем, нест. Танхо миллати мусалмон аст ва барои аъзои ин миллат шудан кифоя аст, ки дини Исломро кабул намоем! Пас бармеояд, ки миллат дар Ислом ягон арзиши ончунон бузург надорад — шарт нест, ки ман точикам гуфта, аз дигар миллатхо руй гардонем ва, масалан, дар вакти барпо намудани оила бо максади «тоза» нигох доштани миллати худ бо духтарони дигар миллатхо оила барпо накунем. Ин аллакай як шакли фашизм аст.

    Ба фикрам, ин кадар ба ин масъала чидди рафтор кардан лозим нест! Шарт нест, ки ман точик бошаму бо точики гап занам ва бо точикдухтар оиладор шавам ва пас аз оиладор шуданам фарзанди маро «метис» хонда, бо ин сухан уро на намояндаи миллати падараш ва на намояндаи миллати модараш гуфта, танкид намоянд. Шарт нест, ки одамонро ба ин миллату он миллат таксим кунем — хама инсон аст! Хазрати Одам (а) ва Биби Хаво (а) ба ягон миллат тааллук надоштанд!

    1. Аъзам Содикй

      Чаноби Рустам,
      Шояд ин маталбаро мехондед ва баъд мегуфтед, ки ба ин масъала ин кадар чидди рафтор кардан лозим нест!
      http://www.millat.tj/siyosat/3679-ustod-ato-tojikiamro-ba.html
      Шумо дар ин масъала фикри худро гуфтед, вале шахсан банда ба он рози нестам.
      Туфлипушию либоспушию дигарош шояд кушода зикр мешуд, вале ин хамаро хеле зиракона чой додааст нависанда, диккат надодед.
      Ташаккур

    2. Рустамчон ба чавобатон сипосгузорам.
      Хис мекунам то андозае ранчидаед.
      Аммо банда шарт медонам ин миллат худашро хифз кунад ва дар катори он хама арзишхояшро. Шарт он аст, ки бо баробари донистани дигар забонхо — забони модариро хуб донист. Ва бо касе оила бунёд намекунед — оила ва фарзандонро дар рухияи миллй тарбия кунед. Албатта никох бо дигарон ба таъсири яке аз волидон аз барои фарзандонашон бастаги дорад.
      Миллати точик — миллати кадимаву бофарханг аст. Банда «шояд»-хои дигарро ба зимаи хонандахо гузоштам то фикрашонро гуянд. Ман «шояд»-хои асоситаринро шарх ва бо далел иншо намудам.
      Инчо нисбати метаморфизми точикй бепарво будан ба ман хеч имкон намедихад.
      Шумо бисёр одами хоксору гуманист будаед Рустамчон, ман хам тарафдор, ки одамонро таксим накунем, вале инчо дунёест, ки одамон гуногунанд, бо забону рангу миллат. Мухим он аст, ки нисбати хам бепарво набошем, боки хамааш бо равиши офарида шудааш меравад.

  2. Дар мавриди «метис» Рустамчон дуруст кайд кардед.
    Масалан холо дар Русия руси тоза ёфтан мушкил аст. Хамааш бо хархел миллатхо омехта шудаанд, аммо худро бо сари баланд РУС меноманд. Дар Точикистон низ точики тоза кам аст. Хатто дар дехахои дурдасти кухй нафароне мегуфтанд, ки бобокалонашон аз Багдод омадааст. Баръакс ин омилхо миллатро тоза менамояд.
    Агар доир ба тозаву зебошавии миллати Туркия пажухиши хурдакаке барои худ анчом дихед, хохед дарёфт, ки махз «метис»-шавй онхоро наву зебо кард.
    Ва боз бармегардем ба Русия. Имрузхо бештар мухочирони шарксурати зебо бо бонувони рус оила барпо менамоянд. Хам аз Точикистони мо ва хам аз давлатхои Кавкоз. Боварй дорам, як-ду дахсола пас рамзи миллати рус, ки сафеду зардинамуй аст дигар мешавад.
    Мухим ин нест. Мухим он аст, ки масалан фарзанд дар фазои дорои хисси баланди миллидошта тарбия ёбад ва рухияи баланди ватанпарастй дошта бошад. Масалан набераву аберахои хамон араби багдодие, ки дар боло гуфтам имруз заррае худро точики тоза мехисобанд.
    Хар фарди точикистонй хак дорад худро точик шуморад.
    Ва вожаи «точик»-ро, тавре бояд маънй дод, ки шахрванди Точикистон буданро фахмонад, на як кавми алохида. Ин тарзи бархурд дар Амрико ва Русия бо муваффакият ноил шудааст. Имруз вожахои «Росиянин» ва «рус» кариб хаммаъно шудаанд.
    Дар Амрико бошад намояндаи хамаи миллатхо худро бо фахр амрикои мехисобад.
    Аммо таърихчиёни мо точикбудан ва точикшуданро ба холе расонданд, ки майдамиллатхои дохиликишвар чорае чуз аз худогохии миллии худ надоранд. Номи ин хидматро «хирсона» гуфтан мумкин аст.
    Дар бобати миллати мусалмон будан бояд гуфт, ки вожаи «миллат»-ро хам ба маънои дин ва хам ба маънои халкият фахмидан мумкин аст.
    Империяву хилофатхое, ки барояшон миллати мусалмон вучуд дошт, пош хурданд. Давлатчахои хурду калон ба вучуд омаданд. Ва имруз хар яки ин давлатхо аз халкияту кабилае миллаташро ном ниход ва албатта бо он мекушанд, ки дар чомеа хисси худшиносии миллй пойбарчо бошад. Бинобар ин мо набояд миллатро бо дин даромехта ба мавчудияти Давлат хатар ворид намоем.
    Ин андешаи каминаи андакхонда буд ва хак доред онро напазиред. Маъзарат, ки коммент менависам гуфта як пост «лаккидам» ))
    Дарвокеъ, бо ичозати шумо онро чун пост мегузорам..

    1. Нигох

      Дустони азиз, хамаи Шмоён дуруст мегуед. Ва то дарачае хак хастед.
      Ман низ мехохам фикрамро нависам,
      Метисшавии миллати рус окибат варо нест мекунад, дигар кардан он тараф истад.
      Аз таърих метавонед огох шавед, ки туркхо хама занхо зебои аврупо ва хусусан Арманистонро бо худ бурда дар Ватани худ худро «обновить» карданд, на инки ба мухочират рафтанд тухми худро кориданду бо сабабхое он фарзандон дар чомеаи дигар ба воя расиданду дигар шуданд. Кова Шумо дуруст гуфтед мухим он аст. ки дар мухити фарогири механпарастиву неку ба воя расанд, аммо то дарачае холи чунин мухитхо тамоман дигар аст.
      Бале як гурух ба ном таърихчиён моро хуб муаррифи кардан натавониста истодаанд.
      Аммо чангхои иттиллотй, низ ки хар руз мераванд, дида истодаед ба мо чи гуна таъсир расонида истодаанд.
      Дар мавриди дини ислом — ин дини бузург ба хеч вачхе ягон миллатро эътироф намекунад, харчанд ривоятхо хастанд, ки паёмбари Бузургамон ба миллати форс паёми хуше додаанд ва номан фарзандони Форс гуфтаанд(агар нодруст бошад ин ривоят Худо маро бахшад)

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *