Месси ва бозии мусовии ПСЖ бо Барса

   Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, шаби гузашта дар байни ду дастаи Аврупо ПСЖ (Фаронса) ва Барселона (Каталония) баҳри ғолибият дар 1/4 финали Лигаи Чемпионҳо дар майдони Парк де Пренси Париж рақобат намуданд. Бозии мазкур бисёр бо ҷӯшу хурӯш баргузор гардида дар дақиқаи 38 аз тарафи дорандаи чаҳор тӯби тиллоӣ, яъне Леонел Месси тӯб ба дарвозаи соҳибони майдон зада шуда тӯби ҷавоби танҳо дар дақиқаи 79 аз тарафи Златан Ибрагимович зада шуд. Хулаас боз голҳо аз тарафи меҳмонон дар дақиқаи 89 ва тӯби ҷавоб дар дақиқа 90+4 зада шуд. Бо ҳамин рақобати мазкур бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

   Дар ин бози аз ҳама ҷои ҳайратовараш дар он буд, ки Леонел Месси дар дақиқаи 42 ба лангидан оғоз намуд. Бо ҳамин дар вақти дамгирӣ ӯро иваз намуданд, яъне маълум гардид, ки ӯ ҷароҳат бардоштааст. Танҳо маълум набуд, ки кадом намуди ҷароҳат ва кай боз метавонад ба майдон барояд.

    Танҳо саҳаргоҳ аз тарафи намоядагони дастаи Барселона эълон карда шуд,  ки Леонел Мессӣ ба мӯҳлати 3 ҳафта майдони рақобатро тарк менамояд. Ӯ ҷароҳатро аз сафедаҳои зону бардоштааст.Чи тавре ки маълум аст охирин бор бозингари мазкур таърихи 4 марти соли 2008 ҳангоми бози бо дастаи Селта чунин ҷароҳат бардошта буд.  Боз бояд қайд намуд, ки Месси баъди ҷароҳат бардоштанаш низ бозиро идома дод. 

2 Комментарии

  1. Пас аз чунин шарҳи футбол ҳатто ман, ки аз мухлисӣ дур мебошам, ба ин намуди варзиш ва бозиӣ Месси шавқмандӣ пайдо кардаистодаам 🙂

Напишите свой комментарий