Масчид ё муассисаи таблиготии хукумат?

Руз аз руз бештар хайрон мешавам ман. Дар масчиди шахри Кургонтеппа рузи 5-уми апрел имом-хатиби масчид пеш аз намози чумъа аз рузномаи «Чумхурият» (рузномаи хукуматист) як чанд пора хондааст. Пас аз он аз хамаи мусалмонхо, ки дар масчид бо максади намози чумъа (на барои таблиготи хукумати) чамъ шудаанд, даъват намуд ки дар интихоботи президенти овозхои худро ба Чаноби Оли дихем, ки гуё барои халки ислом хизмате бисёр кард. Ин дар холе ки худи Чаноби Оли номзадии худро ба президент пешбари накардааст. На факат ман, балки тамоми мардуме ки ба масчид омадаанд хайрон шуданд. 

Аз баъзе дустонам пурсидам, ки оё чунин ходиса дар масочиди дигар низ вучуд дошт. Дустони ман гуфтаанд ки дар баъзе масочиди Душанбе, гирду атрофи Кулоб ва Панчакент низ имом-хатибон бо кори таблиготи низ машгуланд.

Оё масчид муассисаи таблиготии хукумат шудааст? Оё дар давлати мо дин аз давлат чудо нест? Чи фикр доред шумо?

2 комментария

  1. Ҳамин аҳвол дар Хуҷанд низ ҷой дорад. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа масҷиди марказӣ гӯё ки ба минбари таблиғотии ҳокимият табдил меёфта бошад. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё домуллоҳо тасмим гирифтаант, ки пас аз амри маъруф албатта оиди «дастовардҳои» истиқлолият ва «шукронаи» он кунанд вагарна намоз намоз намешавад! Ғайр аз ин ҳам аз тамоми ВАО фақат чунин суханҳо, боз иловатан аз масҷид, ки ба он ҷо на танҳо ба нияти намоз, балки инчунин каме аз ин сиёсат дур шудан меравем, аммо он ҷо низ ҳамин аҳвол …

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *