Масъалаи мубрами рӯз “Мусор”

Бисёре аз истиқоматкунандагони шаҳри зебоманзари Хуҷанд дар ташвишанд, ки партовҳои худро ба куҷо партояд, ё ки то омадани мошинаи партовкашонӣ дар куҷо нигаҳ доранд. Сабаб дар он аст, ки 2 соли охир аз чӣ сабаб бошад намедонам омадани мошинаҳои партовкашонӣ ба кӯчаҳо кам шуда истодааст, локин маблағи месупоридаи шаҳрвандон кам нашудааст. Чанд сол ин ҷониб мошинаи партовкашонӣ дар як ҳафта як маротиба ба кӯчаҳо меомад ва мардум он партвҳое ки дар ин муддат ҷамъ карда буданд бароварда мепартофтанд, ҳайҳот ки ин аз байн рафта истодааст. Ҳоло бошад дар як моҳ қариб як маротиба меояд, акнун худ қазоват баред, ки дар як моҳ дар хонаҳо чи қадар партов ҷамъ мешавад. Албатта аз ин шароит мардум маҷбур мешавад, ки роҳи алтернативиро баҳри аз партов халосӣ ёфтанро дарёбад, худ медонед ки ин роҳ чи гуна мебошад….
Маро асосан он ба ташвиш андохтааст, ки аз таърихи куҳан Хуҷанди бостони бо тозагию зебогиаш дар ҷаҳон шӯҳрадманд буд, баногаҳ ин масъала ба шӯҳрати деринаи ин шаҳри бузург халал нарасонад. Умед мебандем, ки ин масъала ҳалли худро меёбад.

7 Комментарии

    • Партофтани партовхо дар он чойхое ки беодамаст, ё ки барои партофтан мувофиқ меояд.

  1. Устоди Азиз афсус ки зебогиву озодагии Хучанди бостони кайхо дар таърих мондааст ва дар ин холат Кисман мо худ шахрвандон айбдорем зеро ки агар мушохида карда бошед шахрвандон низ маданияти худро ГУМ кардаанд дар кучахо Ду кадам дур аз урнахо бошанд хам портовхои худро мепартоянд !! Ин муамморо низ бояд хатман хал кард!

    • Хучанд зебогии худро гум накардааст ва гум нахохад кард, локин тозагӣ ин муаммои бузург ки ба зебогии он халал расонида истодааст. Агар ҳар яки моён нисбати ҳалли ин масоил мешудему худро тағйир медодем манаин пешравии дигар

  2. Албатта ин муамморо метавон танхо якчоя хал кард. Афсус ки на хама инро мефахман!

  3. аз худамо сар кунем, як мох ба як маротиба кучахо ба буромда «субботник» ташкил кунем. Ким рози?

  4. ин проблема на танхо дар шахри Хучанд, балки дар шахри Кайроккум низ яке аз проблемахои калон ба хисоб меравад.

Напишите свой комментарий