Мактуб ба Раиси шаҳри Хуҷанд Аҳмадзода Раҷаббой

 

Салом алейкум Раиси муҳтарам. Ман истиқоматкунандаи маҳаллаи Чорчароғ мебошам ва чанд ҳафта инҷониб аз сабаби бе меъёри муайян дода шудани қувваи барқ оилаи ман азият кашида истодааст. Барои тасдиқи суханҳоям мисол меорам: санаи 19 моҳи ҷорӣ дар соати 08:30 дақиқа барқ хомуш карда шуда соати тақрибан 21:00 дақиқа дода шуд. Худ қазовад кунед Раис ки ҳангоми зарурат қувваи барқ нест ва дигар рузҳо низ тақрибан ҳолат чунин аст. Ҳангоми барои аз ин ҳолат хабардор шудан чанд маротиба ба телефони навбатдори ҳар боре занг мезанам бисёри вақт гӯшаки телефон ё банд ё тамоман бардошта намешавад, вақте ки мебардоранд ҷавоб якхелааст «Мо заявкая қабул намудаги мумкин светатон шавад». Ҳоло ҳозир низ чунин ҳолат рух дод, соат 18:37 дақиқа ман бо ҳамроҳии фарзандони хурдсолам бе қувваи барқ бо шамъ нишастаем. Хуб мешуд ҳамин масоил аз тарафи Шумо як таҳлил карда мешуд ва умедворам, ки меъёри қувваи барқ муайян карда мешавад. Ташаккур.

Раиси муҳтарам бо баробари ин мушкилоти маҳаллаи мо баҳри ободонии Шаҳрамон, ки бо ташаббуси бевоситаи Шумо руз аз руз ранги дигар гирифта истодааст сипосгузорам. Барори фаъолият. 

Бо эҳтироми самимӣ истиқоматкунандаи ш. Хуҷанди Бостонӣ

Собиров Сӯҳроб Рабиевич


Мактуби мазкур дар сомонаи Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Хуҷанд (www.Khujand.tj) навишта шуд ва бо сабабҳо барои банда номаълум фиристода нашуд. Ҳангоми фиристода «хатогӣ» навишта мешавад.


Иловатан агар хатогие бошад манзарат мехоҳам аз он сабаб, ки дар торики мактуби мазкурро навиштаам.))

2 Комментарии

  1. Дар ҳақиқат Раҷаббой Аҳмадзода шахси ҳалиму меҳрубон беҳтарин роҳбари Хуҷанд буданд

Напишите свой комментарий