МАДАНИЯТИ МЕХАНПАРАСТИ ЗАРУР АСТ…

 


МАДАНИЯТИ МЕЊАНПАРАСТЇ…


 


Ватан –модар њамеша аз одамї људонашаванда буду мемонад. Мехри ватан дар дилу дидаи  мо аз хурдї љой   гирифта. Имрўз бо таќозои замон  ќисми зиёди мардуми тољик ру ба муњољирати мењнатї оварда.  Муњољирати   мењнатї  њамон ваќт симои љиддї мегирад, ки мо маданияти мењанпарастиро бо маънои томаш риоя намоем.   Ваќте, ки нафаре муњољир шуда ба  Русия  меравад, намедонад, ки чї тавр рафтор намояд.  Ба шањри калон даромада худро гум   мекунанд.  Њатто оддитарин маданияти  њавопаймонишиниро намедонанд. Масалан, боре њангоми ба шањри Санкт-Петербург парвоз карданам  шоњиди лањзањое шудам дар њавопаймо, ки њангоми ба хотир овардани он њам хандаам меояду њам гиряам.Њарчанд  роњбаладњои њавопаймо  даќиќа ба даќиќа такрор ба такрор мегуфтанд, ки  «мусофирони муњтарам, телефонњои мобилиро хомуш кунед, ба тозагї риоя кунед»,аммо   нисфи зиёди муњољирон  ба суханони эшон тамоман риоя намекарданд. Аз халтањои пурбору тарзи гапзаниашон айён буд, ки  бори аввал ба мардикорї рафта истодаанд.  Яке худро Салим муаррифї намуда гуфт, ки   бори аввал ба мардикорї  рафта истодааст. 


-То синфи  њафт дар мактаб хондаам. Баъд љангњои дохилї сар шуду тарки мактаб кардам. Зодаи води Раштам. Дар Питер таѓои зур дорам. Гражданство дорад. Занаш руси. Пеши таѓом мерам. Салим дам ба дам баланд сулфа мекард. Атрофиён дањонашонро дошта аз у худро канора мегирифтанд. Оњиста суолаш додам:


-Магар беморї?


-Ња, ду сол пеш гуфта буданд, ки шушњоям об гирифтагї. Аммо табобат гирифта будам. Вале рўзњои охир сулфаам ављ гирифтагї.


-Пеш аз ба мардикори рафтан магар аз духтур нагузашти? Аввал саломатї муњим аст.


-Не, нагузаштам. Пули зиёдатї аз куљо? Њамин пули билетро ќарз гирифта омадам.


-О дар Русия барои кор даромадан, куљое ки набошад, њатман разрешение на работу(иљозатнома барои кор) лозим аст. Онгањ аввал саломатиатро месанљанд. Агар саломатиат нољо бошад, ба ватан бозгашт депорт мекунанд. Магар намедонї ин чизњои оддиро?


-Э апа, сода будаи, љое ки таѓом њаст, ман фикр мекардаам.


Салим телефонии мобилиашро гирифта гирён карду ба гушаш ноќилњояшро монда аз шуниданаш дасту почак зада худ ба худ дар љойи нишастааш раќсидан гирифт.  Баъди чанде чашмам ба љавони дигаре афтод, ки љуробњои пояшро кашида бањузур пойњояшро дароз кард. Аз буйи љуробњои буйгинаш тамоми дохили њавопайморо  буйи ѓализе фаро гирифт. Њарчанд духтараки стюардесса омада бо забони тољикї мефањмонид, ки  ин кораш бемаданиятист., ањамияте намедод. Баъди њамсуњбат шуданам аниќ кардам, ки ў  њам  ба муњољират рафта истодааст. 


Фарњанги    њавопаймонишинии   ќисми зиёди муњочирони синну солашон 18-27 сола, ки бори аввал ба муњољират мераванд, њамин аст, ки басо дардовар аст барои миллати азизам.


Акнун биёед ба худ суол кунем, ки чаро дар Русия моро махсусан тољиконро «гастербайтер» мегуянд.  Онњо њамеша симои муњочири тољикро њамчун одами бемаданият, ифлос тасаввур месозанд. Њол, он ки зиёданд шумораи тољиконе, ки тамоми дунё онњоро мешиносаду истеъдоду њунарашон худододу оламгир аст.


Имруза муњољирони мењнатї    ки бори аввал ба муњољират сафар мекунанд, аз маданияти мењанпарасти заррае огањї надоранд. Мењанпарастї на бо забон аст, балкї бо маданияту фарњанги њар як ватандор таљассум меёбад.  Мо гастербайтер нестем. Љавонони мо ќисми зиёди ќувваи кори Русия њастанд. Агар њар як муњољири тољик маданияти хешро хоњ дар љойи љамъиятї ва хоњ дар хона риоя намояд, касе онњоро бењуда  таъкир карда «ту чуркаву гастербайтер»  намегуяд.


Масалан чанде пештар шањрванди Тољикистон пеш аз бозгашташ ба ватан дар дањони тирезаи 5у м ошёна нишаста бо маќсади ба љурааш аз тиреза нишон додани телефонии мобилии ќимматбањояш  онро гирифта  мусиќї мемонад, сипас ба ватан занг зада баланд-баланд гап задан мегирад. Њамин ваќт пойњояш хато мехуранду у аз панљум ошёна мефитад.Сутунмуњрааш сахт осеб мебинад ва то њоло ин љавони гумроњ  дар беморхона табобат мегирад. Агар њар як муњочир аз фурудгоњи њавої сар карда то мардикорї  ба оддитарин   ќоидањои гигиенї ва маданияти рафтору кирдор ва гапзаниаш ањамият дињад, онгањ  муњољиронро дар Русия бештар ќадр хоњанд кард. Эњтиром пайдо хоњад кард.  Вале, маданияти мењанпарастї   ки нест, тољикро таъќир мекунанд. Портрети тољикро тавре дар ВАО-и Русия  тасвир кардаанд, ки одами беруна њангоми дидану мутолиаи он ба реалї будани он бовар мекунад.Агар нафари нав ба муњољират рафта   ба рафтор,  кирдор, тарзи суханронии хеш ањамият дињад, онгањ касе миллати моро таъќир нахоњад кард. Дар тарабхонае шоњиди суњбати ду чечени шудам, ки байни худ дар бораи як тољики пањлавони номбардор   њарф  мезаданд. Яке ба дигаре мегуфт:


-Аз ин маълум мешавад, ки байни тољикон њам  љавонони боору номус будааст.


Чаро не? Охир дар тамоми љањон њастанд  тољиконе, ки боиси эњтироми умуманд.  Имруз  мебояд  курсњои махсуси  маданиятшиносї аз љониби созмонњои љамъиятї  ва  вазорати   мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии љумњурї   барои муњочирон ройгон кушода шавад. Дар Русия љавонони бењунар зуд њунарњои сохтмониро дар асоси таљриба   ёд   мегиранд.  


Аммо маданияти мењанпарастї  дар мадди аввал  меистод. Њуввияти миллї  њамин аст. Мо ки худро шинохтем, дигаронро њам шинохта метавонем.  Чї гуфтед?


Шањлои   Наљмиддин. Журналист.


 


 


 


 

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий