Мағзҳои фироркарда, нону намаки Точикистонро пос доред

  Мушкилии рўзгор ба ин рўз расонд, ки бисёре аз мутахасисон  тарки Точикистон карданд. Аз чумла духтурҳои донишманд то андозае ҳама рафтаанд, ки имрўзхо дар беморхонаҳои кишвар пизишки ҳалолкору касбй ёфтан мушкил шудааст. Камсаводии духтурони Точикистон аксар вақт ба ташхиси нодуруст гузоштан ва боиси бадтар шудани саломатии бемор мегардад. Бештари онҳо дар вақти муоинаи бемор дар сарашон танҳо як фикр аст —  коре карда аз бемор пули бештар рўёнам! 
    Бинобар ин аз ҳамаи шумо хоҳиш менамоям, ба хотири солимии чомеа як икдомро рўи даст гирем:
   Оё ягон духтури шинос ё хешу таборатон дар Русия ё Казокистон кор мекунад?
   Агар ҳа, пас  ба mardikornoma@rambler.ru нишонаи имейлашро фиристед. Таъсис додану сохтани торнамо ё торнигорро (сайт ё блоги алоҳида барои ҳар як нафарашон) бар зимма мегирам. Ба он духтур танҳо лозим аст, ки ба беморони точик тарики интернет маслиҳату машварат диҳад, ё доири дастовардҳои худ барои духтурҳои Точикистон мавод нашр намоянд. 
    Барои пос доштани нону намаки Точикистон, ки онҳоро ба воя расонда соҳибмаълумот кард, аккалан ҳамин корро кунанд.  Агар аллакай блог таъсис дода бошанд, пас нишонаашро гўянд, то онро гардонему таргиб намоем (ё дар Блогистон).  Умедворам хонандагон бетараф набошанд.

4 Comments

  1. Фикри хеле хуб. Дар Интернет аллакай якчанд сомонаҳои шахсии духтурон мавҷуд аст. Масалан http://doctor.tj/. Боз яктои дигар ҳам буд, аммо афсӯс аз хотирам баромадаст.

  2. Ин сайти кадом чаррох будааст.
    Духтурхои точике, ки дар беморхонахои Русия кор мекунанд зери таъсири фазо ва шароити ончо хеле пешрафтаанд ва мо ба маслихатхои онхо ниёз дорем.

Напишите свой комментарий