Маҷлис шуд, вале роҳ нашуд

Чанд муддат пеш ман оиди вайрон будани роҳи автомобилгарди минтақаи себзор навишта будам, ки баъди чанд рӯзи он дар саргаҳи кӯчаи Хуҷанд (Ходженская) дар рӯ ба рӯи Гимназияи 4 маҷлис бо иштироки муовини аввали Маҷлиси миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ки ин маҷлис бахшида ба оғози мумфаршкунии минтақаи Себзор буд. Раис баромад намуда таъкид карданд, ки роҳи минтақаи мазкур дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд бояд мумфарш гардад.
Аз шунидани ин хушхабар хеле хушнуд шудам, тақрибан дар муддати 2 рӯз саргаҳи ин кӯчаро мумфарш намуданд ва чи шуд, ки якбора кор бо қавли хуҷандиҳо “кор хоб рафт”. Ҳамаи он техникаҳое ки дар ин роҳ баҳри мумфаршкунӣ кор мекарданд ба кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ (Пчелка) бурда шуда он кӯчаро аз нав мумфарш намуданд. Хулласи кор дар он аст, ки кӯчаи Хуҷанд бо мумфаршии нима боқӣ монд ва аз мумфаршавии кӯчаи Себзор тамоман фикр ҳам надорем.
Хайр чи илоҷ дунё бо умедаст мегӯянд, умед мебандем, ки ягон рӯз кофтану вайрон кардани кӯчаҳои ин минтақа ба итмом мерасаду кӯча кӯчаи ҳақиқӣ мегардад. Мо то он вақт аз ғаниматии тӯпалангоҳи ин кӯча истеъмеокарда меистем.

2 комментария

  1. Мир Азиз

    Устод сафари навбатии мухтарам Чаноби Олиро интизор шавед ин даъфина маршрутки картедж ба дароетон хатман мумфарш мегардад!

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *