ЛУХТАКИ «БАРБИ» ВА Ё ТАКЛИД ВАХШАТ АСТ.

 

Таќлид вањшат аст…

 

 

Њар ваќте, ки фиттањои барномањои консертии сарояндагони имрузро тамошо мекунам, ба њайрат меоям аз дидани мухлисони сармасту ба аќлбохтањо шабоњатдошта. Яке девонавор мераќсаду дигарї дастони сарояндаро мисли бут парстиш карда бусиданї мешавад. Саввумї аз болои дигарон хез зада рафта дар телефонии мобилиаш акси сарояндаро гирифтанї мешавад. Чорумї бусаи њавої фиристода гиря мекунад. Ин манзарањо ба гушаи хотирам як лањзаи сафарамро аз Њиндустон ба ёд овард, ки дар бутхонањо мардум  љамъ омада, њамин хел девонавор муњаббати худро ба бутњо изхор медоштанд. Њатто мухлисе, ки ба дарди бедармони саратон гирифтор буд, пеш аз маргаш ба волидайн илтиљоомез гуфт:

-Очаљон, дар љанозаам фиттаи сурудњои Манижаро шунавонед, то беармон бимирам.

То ин дараљља љањонбинї   ва таффакури насли нав хокпуш шудааст, ки ба љойи аз ахлоќи исломї огањї  ёфтан рў  ба таќлиди бемаврид овардаанд.Бо 100 нафар хонандагони мактабњои тањсилоти њамагонї сўњбат доштам. 35 нафар посух доданд, ки мухлиси ашаддии Садриддин Наљмиддин њастанд. Ба тарзи либоспушї , муйсармонии ў диќќати љиддї медињанду мисли ў  либос пушидан мехоњанд. 25 нафар духтарбачањо бошанд, иброз доштанд, ки барои Бањром Ѓафурї тайёранд љонашонро ќурбон созанд. Њатто ба њамсари дањум шудани ў зид нестанд. 40 нафари дигар посух доданд, ки лањзае бе шунидани сурудањои Манижаи Давлату Шабнаму Фарзона зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд. Ба  мутолиаи китоби бадеї шавќе надоранд. Аммо, афсус ки чунин мухлисият вањшат аст. Њамин тавр не? Бо духтаре бо исми Низора шинос шудам. Аз либоспушиву  пардози руйю чашму абрувони сунъиаш  пай бурдан душвор буд, ки ў аз кадом миллат аст. Ба кї монанд буданаш душворие надошт. Ба  лухтаки зеботарини дунё Барбї шабоњат дошт. Чашмони калон-калони кашидашуда, абрувони каљи мисли ришта борик, бинии теѓдори зебо, муйњои дарози кушодаи парешон, вазни 44 килло. Гуё рубаруям лухтаки аќлбохтае меистод, ки суханњояш берабт, хушку беъманї садо медоданд.

-Чандсолаї?

-21 сола.

-Љое кор мекунї ё мехонї?

-Не, хонанишинам.

-Аљоиб. Барои ин ќадар ороишоти ту маблаѓи калон лозим аст. Аз куљо пул мегирї?

-Модарам барои ман чизеро дареѓ намедорад.

-Ба чунин тарз либоспушиву пардозњоят иљозат медињад?

-Не, коре надорад.

-Аз ин худат чи эњсос мекунї?

-Эњсоси ширину хеле гуворо.

Умуман, дигар бо ин лухтаки бемаѓз идомаи сўњбатро раво надидам. Пеши чашмонам воќеъаи мудхише, ки њангоми дар шањри Питер зиндагї карданам ба  вуќуъ пайваста буд, омад.

Духтараки 17 солае худро дар дарахт овехту љасади уро ба морг бурданд. Модари аз рукнњои ислом бехабар оњиста аз манн пурсид

-Барои дар тобут гузоштани духтарам куртаву пољомаи навашро гирам?

Њайрон шудам. Охир модари ин духтарак аз ислом тамоман огањие надошт. Ин њам бадбахтии чунин хонаводањо мањсуб меёбад.

Акнун бо љавонписари 25 солаи тољик  бо насаби Равшан њамсуњбат мешавам. Ў мухлиси ашаддии Љонибеки Мурод асту мисли ў либос пушида мусарашро низ мисли ў ороиш додаст. Аммо абрувони мисли занњо бори чидааш маро ба ханда овард.

-Равшан, магар ќошчинї ба занњо хос нест?

-Тамоми сарояндагони амрикої абрувони худро мечинанд. Ин њељ љойи бадї надорад. Азони худамон њам ќош мечинанд.

-Љое кор мекунї?

-Оре, дар кошонаи њусн пардозгарам. Пул љамъ дорам, ки рафта љароњии пластикї карда шабењи Љонибеки Мурод бошам.

Оре, вањшат аст, ки яке Мадонна будан мехоњаду дигарї Барбї, саввумї Майкл Джексон…

Агар насли нав бо таќлид зиндагии худро  њадаф дошта бошад, онгањ ояндаи неки солимро чї тавр интизор шудан мумкин аст?

Шањлои Наљмиддин

 

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *