Лигаи чемпионҳо ва омор

    

    Чи тавре ки ҳамаи мухлисони футбол огаҳи доранд таърихи санаи 25 майи соли ҷорӣ дар Англия финали лигаи чемпионҳо бо иштироки ду дастаи Олмон Бавария ва Боруссия баргузор гардид, ки бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи Бавария ғолиб омад ва ин сабаб гашт, ки ман камтар бошад ҳам оиди омори 10 солаи Лигаи чемпионҳоро ҷамъ намоям.

Дастаҳое ки 10 соли охир чемпиони Лигаи чемпионҳо гаштааст:


Милан (Итолиё)2003 ва 2007

     Порту (Португалия) 2004

·         Ливерпул (Англия)2005

·         Барселона (Каталония)2006,2009 ва 2011

·         Манчестр Юнайтед (Англия) 2008

·         Интер (Итолиё) 2010

·         Челси (Англия) 2012

·         Бавария (Олмон) 2013

 

Дастаҳое ки 10 соли охир ба давраи финали бозӣ кардаанд:

·         Ювентус 2003

           Монако 2004

·         Милан 2005

·         Арсенал 2006

·         Ливерпул 2007

·         Челси 2008

·         Манчестер Юнайнед 2009 ва 2011

·         Бавария 2010 ва 2012

·         Боруссия 2013

Дастаҳое ки умуман дар таърих ба Лигаи Чемпионҳо пай дар пай ғолиб омадаанд:

·         Реал  ҳамаги 5 маротиба пай дар пай солҳои 1956 то 1960.

·         Бавария  ҳамаги 3 маротиба пай дар пай солҳои 1974 то 1976.

·         Аякс  ҳамаги 3 маротиба пай дар пай солҳои 1971 то 1973.

·         Интер 2 маротиба солҳои 1964 ва 1965.

·         Ливерпул  2 маротиба солҳои 1977 ва 1978.

·         Нотингем 2 маротиба солҳои 1979 ва 1980.

Вобаста ба ҳамаи  оморҳо ман як чиро тахмин намудаам. Дар ин 10 солаи охир он дастае, ки Барселонаро мағлуб 

мекунад ба Лигаи Чемпионҳо ғолиб меояд. Барои тасдиқи ин фикрам як ду бозии охирро ба хотир меорем. Масалан соли 2013 Бавария Барселонаро дар бозиҳои нимфинали мағлуб кард. Соли 2012 дастаи Челси дар бозиҳои нимфинали Барселонаро мағлуб намуда чемпион гардид. Соли 2011 худи Барселона чемпион гашта соли 2010 бошад дар бозиҳои нимфинали  дастаи Интер бар дастаи Барселона ғолиб омада чемпиони Лигаи Чемпионҳо гардидааст. Соли 2009 худ Барселона чемпион гардида соли 2008 бошад, албатта чемпиони ҳамонсола Манчестер Юнайтед бар Барселона дастболо гардида чемпион гаштааст…..

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий