Кучо шуд ору номуси духтари точик?ва ё ба зохири кас бовар накун (кисми 2)

  Агар касе дар хотир дошта бошад соли 2009 дар яке аз шахракхои Кайроккум, ки номаш Зарнисор аст( то соли 2009 Олтин-топкан) президенти кишвар бо хамрохии намояндагони Чумхурии Мардумии Чин як заводеро, ки холо бо коркарди тилло машгул аст, кушодан. ба кушодашавии ин корхона тамоми толибагони мактабхои шахри Кайроккум аз синфи 7 то 10 МАЧБУРИ бурдан. Банда низ дар он чамъомад иштирок карда будам. мо дар он чо 1шабонаруз карор доштем. Дар муддати 1шабонаруз барои мо танхо хуроки шом, оши палави биринчаш сахт, ва ё на он кадар хам пуха, ки он бошад хам бокимондаи хуроки дигар шахсонро доданд. Шукри худо ки пеш аз ин сафарамон волидонамон ба борхалтаамон(сумка) маводи хуроквора мисли нону кулчакандхо, мевахои ширину сабзавотхои дилкаше гузошта буданд, ва мо якчанд толибилмон хама ахлона 1чо чамъ шуда, аз хуроки худамон лукма карда будам. 

Хангоми хуроки шом, ман бо духтараке шинос шудам, ки номаш Фарзона аст. ба назар чунин расид, ки духтарак оромтабиату хоксор аст. хамрох мехурдем, ва дар бобати хама мавзуъ сухан мегуфтем. Рузи дигар вакте ки мо дар автобусхо карор гирефтему ба хонаамон рафтан хостем, то омадани ронанда, як бачае омад ва ба Фарзона 2нону хурок, ки баъдтар маълум гардид ки вай шашлик аст, дароз карда. У онро нагирифт. ва ба ман гуфт, ки вай бача писари амак аст у Фарзонаро дуст медорад ва мехохад ки ба зани гирад. Инчунин у боз кайд кард, ки агар он хурокро гирад, ба хамачо гап мешавад ва бо забони руси «это для него будет поводом» гуён бар чои худ нишаст.

 Ман ин холро дида дар дил гуфтам, ки чи гуна духтари ба ору номус, на хар як духтар чунин мешавад. касе ки уро ба зани гирад, бурд мекунад.

 Чанде пеш, вакте ки дар шахр хамрохи хамсинфонам сайру гашт мекардам, ба ман гуфтанд, ки Фарзона сохиби писар шудааст. аз шунидани ин хабар хеле шод гаштам ва гуфтам ки илохо бахташро дихад. Дар чавоб хамсинфам хандида ва гуфт, ки аз фарзанди беникох таваллуд кардан мурдан бехтар аст!

 Маълум гардид, ки Фарзона бо як чавони 25сола, аз Конибодом, ки сохиби 2 фарзанд аст, шинос шуда, ба у дил бастааст ва аз у фарзанддор шудааст. 

 Фарзона худ бо хамрохии хамсари бародараш зиндаги мекард, волидонаш ва бародаронаш дар Россия мухочири мехнат мебошанд. Бисёри вакт, вакте ки келини хонадон ба хонаи модараш мерафт у дар хона танхо мемонд, ва баъзан бошад чанд шабонаруз. Вакте ки у сохиби фарзанд гардид, коргарони ВКД ба модараш занг заданд ва гуфтан, бо фарзандашон чунин ходисаи нангин рух додаасту у бояд зуд ба ватан баргардад. Вале модараш дар чавоб:» ба фарзанди ман кордор набошед, у ба сини балогат расидааст, ман худам хисобашро меёвам» гуён гушаки ьелефонро гузоштааст.

 хонандагони гироми, дустони азиз, акнун саволе ба миён омадааст, ки байни хамсоягону сокинони шахр бахси бепоёнро ба вучуд овардааст. баъзехо мегуянд, ки ба хамааш интернет ва телефони мобили айбдор аст, зеро бо он чавон духтарак, бо ёрии интертен шинос шудааст, дигарон мегуянд, ки айби келини хонадон, зеро вай набоянд ки духтаракро танхо гузорад, сеюмин мегуян, ки дар ин ходиса аз хама хам падару модараш айбдор, чун ки онхо духтарро дуруст тарбия карда натавонистаанд, ва инчунин вакте, ки ба модараш занг заданд, ба чои сарзаниши фарзанд ва ё ба зудди бар ватан баргаштан, хеч коре накардааст. 

 Ба акидаи ман бошад, танхо духтар гунахкор аст, на касею чизи дигар. ман чанд духтаронро номбар карда метавонам ки онхо низ аз интернет истифодам мебаранд, падару модарашон сохибкоранду, баъзан вакт ба хонаашон намеоянд, ва ё дер меоянд. аммо онхо обрую этибори худро хануз хам гум накардаанд, баръакс хамаи хамсоягонашон хамеша дуо мекунанду суханхо бехтарин дар бораашон мегуянд. 

 Ба фикри шумо чи?

пешки ташшакури зиёд

One Comment

Напишите свой комментарий