Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун

Шавад устуворū зи равзан бурун.

Унсурū.

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои навбана рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз Коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва баонҳо алоқамандии зич дорад.

Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1,5,10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амали намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст. ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда,барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасе барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расонад.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябрисоли 2003 қабулшуда, баҳр иамалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.

Муҳимият ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сардори давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар паёмҳои ҳамасолаи Сардори давлат ба порлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои дощи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рузи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.

Дар паёми худ ба маҷлиси Олии ҶТ санаи 25.04.2008с Президенти ҶТ оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд.

«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.»

Каррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие баҳисоб меравад,ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда намегузорад маблащҳои давлати барои барномаҳои пешбинишуда амали гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда,минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад.

Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.

Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле оддист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад.

Вобаста ба ин Президенти кишвар ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2001 чунин баён намуда буданд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боз дорад»

Яке аз муҳимтарин самтҳои аксуламал бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахури)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳадди имкон мутобиқ гардонида шудааст, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

Дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилию байналмиллалӣ мафҳумхои гуногуни коррупсия истифода шудаанд. Дар замони муосир мафҳуми бештар маъмули он, ки Конгресси нўҳуми СММ пешниҳод кардааст истифода мешавад:

Коррупсия — сўиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои ба даст овардани фоида бо мақсадҳои шахсӣ мебошад.

Коррупсия ин худ аз (калимаи лотини “corruptio” – бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан) – ба шахсони мансабдор, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатиро мефаҳмонад.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 14-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, кирдорҳои дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидае ҳисоб мешаванд, ки аз тарафи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда бо ғаразёдигарманфиатҳоишахсӣва бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудаанд ё ба ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳоидигар ба онҳо вобастаанд.

Мутобиқи қ.з м14-и қонуни мазкур Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии омории онҳо бо дастурамале, ки аз тарафи мақомоти ҳамоҳангсоз таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.

Яъне айни ҳол бошад баъди оне,ки кодекси нави Мурофияи ҷиноятии ҶТ 3.12.2009с қабул шуд ин номгӯи ҷиноятҳо дар қ.7ва8 м.161-и КМҶҶТ,ки тобеиятитафтишипешакиипарвандаҳоиҷиноятӣ ном дорад мустаҳкамкардашудаандва тибқион 49 моддаҳои дар қисми махсуси Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбини гардидаро ташкил медиҳанд. Инчунин ҳаминро гуфтан зарур аст,ки 2.08.2011с №755 бо Кодекси Мурофияи ҷиноятии ҶТ. тащироту иловаҳо ворид карда шуда, ба ин номгӯи ҷиноятҳо боз як моддаи нав дохил карда шуд. (м338.1,),ки ҳоло ин номгӯи ҷиноятҳо 50 намудро ташкил медиҳанд.

Бо назардошти ҳанӯз ҳам ҷой доштани праблемаю мушкилотҳо дар самти мубориза барзидди коррупсия, Чи тавре,ки мо огаҳи дорем дар паёми имсолаи худ ҷаноби олӣ Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҳикистон чунин ибрози ақида намудаанд:

«Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Бо мақсади сарфакорона ва босамару мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷет мо Палатаи ҳисоб таъсис додем.

Итминон дорам, ки роҳбарият ва кормандони мақомот барои ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ такони ҷиддие хоҳанд бахшид.

Қонун дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣқабул карда шуда, барои бекор кардани дахлнопазирии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ лоиҳаи қонунҳо таҳия гардида, ҳоло мавриди баррасӣқарор доранд.

Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.

Бо ин мақсад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва дигар субъектҳои муқовимат бо коррупсия вазифадоранд, ки Стратегияи нави пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро барои ҳашт соли оянда таҳия ва пешниҳод намоянд.»

Ин гуфтаҳо шаҳодати онро медиҳад,ки мубориза дар ин самт аз диққати ҳамарузаи сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ холӣ нест.

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти хафноки ҷамияти, таърихи дурудароз ба мисли инсониятро доро мебошад,ки ин гуфтаҳои болоро нишондодҳои таърихи шаҳодат медиҳанд.

Чихеле,ки маълум аст таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик бо ҳуқуқи мусулмони ва яке аз ёдгориҳои таърихи Авесто алоқаи зич дорад.

Мисоли коррупсияро дар яке аз аввалин ёдгориҳои таърихи халқи тоҷик Авесто гуфтааст: «Бо одами ҳасис ҳамкори накун ва ӯро мансаб мадеҳ»

Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки коррупсия таърихи дурудароз дошта, он бо истилоҳҳои гуногун баён шуда оиди ин амали зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода мешуд то ки он ҳаддал имкон аз байн бардошта шавад ва шароити мусоиде барои халқ дар ҳамагуна соҳаҳои давлатию ҷамъияти фароҳам оварда шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои гуногун ва зиёди коррупсия мавҷуданд, ки омилхои иқтисодӣ доранд. Вале ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ худ ба худ кам шудани коррупсияро дар байни хизматчиёни давлатӣ кафолат намедиҳад, яъне бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ танҳо ба воситаи баланд кардани даромади расмии хизматчиёни давлатӣ барҳам додани коррупсия ғайриимкон аст. Эътироф шудааст, ки яке аз сабаби асосии мавҷудияти коррупсия тарзи фаъолияти мақомотҳои давлатӣ мебошад. Боқи мондани фармондиҳӣ дар иқтисодиёт ва соҳибкорӣ аз ҷониби мансабдорон барои пойдории коррупсия муҳити хуберо ташкил мекунад. Вобаста ба ин Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2001 чунин баён намуда буд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боз дорад».

Чи тавре, ки дар боло маълум гардид дар замони ҳозира яке аз шаклҳои паҳнгардидатарини коррупсия ин гирифтани пора (моддаи 319 КҶ), додани пора (моддаи 320 КҶ), гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ (моддаи 324 КҶ) ва додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325 КҶ) ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки вақтҳои охир тавассути васоити ахбори умум маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди дастгир кардани кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ бо ҷурми порагирӣ хело зиёд ба табъ мерасад.

Ҳамин тариқ аҳли ҷомеа дар он ақидаанд, ки гўё пора воситаи ягонаи дахолат ба вусъати кори мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Он воситаи таъсиррасониест, ки ба қабули қарори лозимӣ кўмак карда, корафтодагонро бо корманди мақомоти давлатӣ баробар мекунад ва дар як вақт корманди мақомоти давлатиро дар назди корафтода забонкўтоҳ мегардонад.

Аз гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки пораро (додан м.319 ва гирифтан м.320 КҶ) бо таври дигар ҳамчун созиши ғайриқонунии байни корманди мақомоти давлатӣ ва ашхоси корафтода меҳисобанд.

Дар ин фурсати муносиб мехоҳам барои ҳарчи муҳайё сохтани фазои оштинопазири зиддикоррупсия дар ҷомеъа якчанд таклифу пешноҳодҳоро зикр намоям то ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеъа аз ин вабои аср канораҷўи намоянд:

1.Бояд ислоҳоти маъмурие рӯи кор ояд, ки ҳидоятгари хизмати давлатии ошкоро ва шаффоф бошад.

2.Парлумон бояд қонунҳоеро қабул намояд, ки барои коррупсия имконият фароҳам наоранд.

3.Бояд озодии сухан, дастрасии иттилооти расмӣ, мавҷуд набудани сензура таъмин карда шавад, то ин ки ВАО тавонанд бе ягон монеа шаҳрвандонро аз амалҳои коррупсионӣ огоҳ созанд, зеро ба ақидаи директори агентӣ самти афзалиятноки пешгирии омилҳои коррупсионӣ ин робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мебошад.

4.Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ба кормандони худ оиди пешгирии коррупсия ва даст назадан ба ин кирдори номатлуб омӯзиши комплексӣ ва силсилавӣ гузаронида, илова бар ин, барои омода намудани мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва пок нигоҳ доштани сафҳои худ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.

5.Бояд механизми мураккаби андозситонӣ ва иҷозатдиҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки имрӯз боиси фаъол гардидани омилҳои коррупсионӣ дар байни соҳибкорон ва бахусус хоҷагиҳои деҳқони гардидааст,то андозае содда ва осон гардонида шавад,ки ҳар як шаҳрванд бе мамоният тавонад бевосита худ пардохт намояд.

6.Ба мақомоти пракратура пешниҳод карда мешавад,ки барои иҷрои маҳдудиятҳои пешбиникардаи қонунгузори нисбати хизматчиёни давлатӣ ,ки ба маҳдуд гаштани фазои озоди иқтисоди ва фаъолияти инъҳисориро дар мамлакат маҳкум менамояд чораҳои назоратии қатъиро дар ин самт амали намоянд.

7.Ҳукумати ҷумҳури ва Агентиро зарур меояд,ки барои ҷалб намудан ва ҳавасманд намудани ҳар як шаҳрванди ҷумҳури дар роҳи иҷро намудани амалҳои зиддикоррупсиони корҳои таблищотию ташвиқоти гузаронида аз дарки хавфи балан доштани он ва оқибатҳои манфии он бо ҳар роҳу воситаҳои телевизиону радио ва шабакаҳои интернети маълумотҳои тоза ба тоза пешкаш намоянд.

8.Хуб мешуд дар муассисаву мақомотҳои давлати ва он ҷойҳое,ки хавфи содир намудани амалҳои коррупсионӣ ба чашм мерасад, камераҳои назорати насб карда шавад.

Албатта ногуфта намонад, ки таклифу пешниҳодҳои пешкаш намуда, шояд баъзеи он ба дурустии аслии ҳалли мушкилот талабгор набошанд, аммо то қадри имкон барои кам ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дар натиҷаи омӯзиш ва таҷрибаҳои имрўза, сабабҳо ва роҳҳои бартарафнамоии он, таклифу пешниҳодҳо намудаам.

 

Ман бовари дорам, ки ин мавзӯи мазкур минбаъд ҳам мавриди муҳокима ва татқиқоти олимону мутахассисони ин соҳа қарор хоҳад гирифт.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий