Коррупсия ҳам ба пешрафти давлат ва ҳам барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири манфӣ дорад


Ҳанӯз дар асрҳои миёна арбоби намоёни сиёсии он замон Никколо Макиавелли коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст. Дар замони муосир дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни корупсия ҷой доранд, айни ҳол мафҳуми серистеъмолтарин ин мафҳуми пешкашкарадаи Конгресси нӯҳуми Созмони Милалии Муттаҳид мебошад: “Коррупсия сӯйистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст”. Инчунин дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди корупсия” мафҳуми корупсия чунин дарҷ ёфтааст: “ Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
Гар чанде, ки ин амалҳои зишти инсонӣ, яъне коррупсия ба ҷамъият ва давлат таъсири манфӣ мерасонад мутаъсифона баъзе аз шахсони мансабдори давлатӣ ва шаҳрвандони оддӣ фикри ояндаи давлат ва халқиятро накарда даст ба чунин амалҳои номатлуб мезананд.
Фикр кунед! Шаҳрванд А дар маҳалли аҳолинишин бо суръати 90 км/с нақлиёти сабукравро идора карда истодааст, ҳоло он, ки суръати ҳаракати ҳадди болоиро аломати роҳ 40 км/с муқаррар кардааст. Корманди БДА нақлиётро манъ карда ба ҷои он, ки нисбати ронанда дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳои маъмрӣ-ҳуқуқӣ андешад аз ӯ 50 сомонӣ ришва мегирад. Дар ин ҳолат ба давлат ва инсонҳо чи қадар зарар мерасад?
— боиси паст шудани обрӯ ва эътибори дигар кормандони БДА ва мақомоти дигари давлатӣ мегардад;
— боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад;
— рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад ;
— эҳтимол боиси марги ягон инсони бегуноҳ мешавад.
Коррупсия ҳам аз нигоҳи дин ва ҳам аз нигоҳи қонун манъ карда шудааст
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: “ Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнарави байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”. Дар ҷои дигар Паёмбари ислом ин ашхосро сазовори лаънати Худованд хондааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат бо коррупсия як қатор қонунҳо қабул карда шудааст:
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005, № 100;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008,№ 374;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012 №925;
-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоқикистон аз 21 маи соли 1998, № 574;
-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455.
Масалан боби 30 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ) коррупсия ва ҷиноятҳои бо он алоқамандро муайян карда он кирдорҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст: Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314), Беамалӣ дар иҷрои вазифа (моддаи 315), Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316), Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор (моддаи 317), Гирифтани пора (моддаи 319), Додани пора (моддаи 320), Иғвои порадиҳӣ (моддаи 321), Хунукназарӣ (моддаи 322), Сохтакории хизматӣ (моддаи 323), Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ (моддаи 324), Додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325) ва дигар моддаҳои КҶ ҶТ (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин боби 38 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия) ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқамандро муайян карда нисбати он кирдорҳо чораҳои маъмурӣ-ҳуқуқиро пешбинӣ кардааст: Ғайриқонунӣ гирифтани подош (моддаи 656), Қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасонӣ барои иҷрои вазифаи давлатӣ аз шахсоне, ки аз рўйи вазифа тобеъанд (моддаи 657), Суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 658) ва дигар моддаҳои КҲМ ҶТ (Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо коррупсия ва пешгирии содиршавӣ кирдорҳои коррупсионӣ мақомотеро бо номи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис додааст.
1.Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблаѓҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
2.Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд. (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия” вазифаҳо ва самтҳои асосии мақомоти Агентиро муайян кардааст, ки якчанд вазифаҳо ва самтҳоии асосии онро пешкаши шумо мегардонем:
– дар доираи ваколати худ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат;
– амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
– амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷўӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷўи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд.
Тавре ба мову Шумо маълум аст, танҳо худи мақомоти Агентӣ бидуни шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад, ки аз иҷрои пурраи вазифаҳояш барояд, аз ин рӯ мо, ки шаҳрвандони ин сарзамини биҳиштосор, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем нисбати ояндаи давлат, ҷамъият ва наслҳои оянда бетараф намонда, баҳри пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноят ва дигар намудҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ва ба коррупсия алоқамандбуда мусоидат намоем.
Моддаи 6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муӣориза бар зидди коррупсия” Дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат кардаанд кафолат медиҳад:
1. Шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
2. Иттилоот дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ мебошад ва фақат бо дархости мақомоте, ки дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун зикр шудаанд, ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо бо ризоияти онҳо пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегардад.
3. Дар ҳолати зарурӣ мақомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, амнияти шахсии онҳоеро, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат мекунанд, таъмин менамоянд.
4. Муқаррароти ин модда ба шахсоне, ки дидаю дониста хабари бардурўғ расонидаанд ва мутобиқи қонун барои он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, татбиқ намегардад.
Ҳам замон мувофиқи қисми 6, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” мақомоти Агентӣ ва дигар мақомоти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи ӯҳдадор карда мешавад, ки барои таъмини амният ва маҳфуз доштани молу мулки кормандони худ, шахсони ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидаткунанда, иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва ҳамчунин хешовандони наздики онҳо аз таҷовузҳои ҷиноятӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *