Конститутсия

 

Конститутсия – ин ҳуҷҷате аст, ки ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, ягонагӣ ва дунявии Ҷумҳурии соҳибихтиёрӣ моро ба тамоми ҷаҳон маълум намудааст. Ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллатро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав мунаввар мегардонад. Конститутсия ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Сарқонуни мамлакат ҳамчунин заминаи ҳуқуқии ҷомеаи моро муайян намуда , рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад.

 Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ин заминаи пешрафту созандагӣ аст. Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи мардум бошад. Танҳо дар ҳамин суръат мо ба мақсадҳои олии худ — эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ,ки дар Сарқонуни миллат пешбин гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид.

Одамон Конститутсияро бахтномаи ва шиносномаи миллат, гувоҳномаи давлат меҳисобанд.

 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан Шиносномаи миллат ва раҳнамо ба ояндаи дурахшони Ватан мебошад. Зеро ба кулли мардуми кишвар баҳри зиндагии осоишта ва ободу озод кафолат медиҳад. Чуноне, ки дар муқаддимаи Конститутсия омадааст Мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда озоди ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқи ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем

 Мутобиқ ба Сарқонун феълан Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилаллӣ муайян мекунад, ки ҳамаи мо – Тоҷикистониён онро ба хуби эҳсос мекунем.

 Тавре Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон гуфтаанд “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқиҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озодии шаҳрвандӣ аст”

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 18-соли арзи вуҷудаш барои қавию ғанӣ гардонидани пояи давлату давлатдорӣ, қонуният волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифи намуд.

Школа № 24 (Б. Гафуров)

View posts by Школа № 24 (Б. Гафуров)

Официальный блог школы №24 Б. Гафуровского района

Напишите свой комментарий