Ки ба давлат,миллат хиёнат мекунад?

  Шояд бо шунидани чунин савол шумо худро Шерлок Холмс тасаввур карда, бо истифодаи усулҳои индуксия ва дедуксия пайи ёфтани ҷинояткор гардед? Ва ё ба «пӯст»-и Штирлитс даромада, ҳамчун ҷосус дигаронро ҳам ошкор карданӣ мешавед? Оё охири охирон дилатон тоқат намекунаду дар миёни ҳамкорону ҳамсояҳо ва шиносу ношиносҳо чеҳраи манфури хоинро мекобед?  Ташвиш накашед, сари андеша ба зону монеду рӯйдодҳои манфии ҷомеаро ҷиддитар ба таҳлил бигиред ва …хоҳед дид.

Писарчаи чаҳорсолаатон бозичаи кӯдаки ҳамсолашро дағалона кашида мегирад. Гулҳои пеши дарвозаи ҳамсояро канда мепартояд, ба ҳавлии ҳамсоя даромада, бе иҷозат чизи дилхоҳашро бардошта, ба хона меорад, пулро аз кисаатон мегирад, дурӯғ мегӯяд ва барои аз ҷазо халос шудан дуздии пулҳоро ба гардани каси дигар мепартояд, барои гапашро гузаронидан ба шумо аз дари тамаллуқ медарояд ва ё ба дурӯғ сари гиряро мегирад, аз бисёрии одамон шарми шуморо фаҳмида (масалан, дар мағозаву бозор) талаби қатъӣ мегузораду маҷбуратон месозад, ки чизи дилхоҳашро бихаред, пеши меҳмони олиқадре шармандаатон месозад (бо рафторҳои беодобонааш). Шумо чӣ чора меандешед? Ҳамаро нодида мегиред ва гӯё меҳри беандозаатон монеъ мешавад, ки ӯро ҷазо диҳед. Худро то ин дам таскин додаед, ки калонтар шавад, ақлаш медарояд, чун нашуд, баъд «адабашро» медиҳам. Ва ин қадами аввалинест,  ки шумо  барои хиёнаткор шудани фарде гузоштед. Оре, ба атроф не, ба худ диққат диҳед ва бипурсед, чӣ кор бояд мекардед?
Қадами дуюмро шумо метавонед нагузоред. К
ӯмак аз пешорӯ мерасад. Худатон хуб медонед, ки фарзандатон (хоҳ писар, хоҳ духтар)  одоби хуб, ахлоқи нек, фаросат, ақли кофӣ ва идроки дуруст надорад. Вале мураббияи боғча ба хотири тӯҳфаҳои гаронбаҳо, сарватмандӣ ва вазифаи баландатон ӯро тамаллуқкорона таъриф мекунад. Ва шумо бо мамнуният қабулаш медоред, бо ду далел. Аввалаш ин ки таъриф ба ҳама мефорад, дуюм шумо розиед, ки фиребатон диҳанд, вале масъулатон насозанд, ки ба тарбияи фарзандатон ҷиддитар машғул шавед. Дидаву дониста худро ба карию кӯрӣ мезанед. Дар ин роҳ аллакай шумо ду нафар шудед ва қадамҳоро устувортар гузоштед. Барои хиёнат ба оилаву авлоди худ, ҳамчунин, ба давлат ва миллат, зеро фарзанди кӯ
чаки шумо ояндаи ин миллату давлат аст.
Бо баҳонаи сахтии р
ӯзгор, вазнинии кор, масъулияти баланди вазифа, саргармии пулҳои зиёди ёфтаатон ва ё пули наёфтаатон, гаронии хӯронидану пӯшонидани оилаи калон (авлоди бисёри бекоратон) имкон наёфтед, ки ба саводомӯзии фарзандон назорат намоед. Муаллим, ки шояд аз фаҳмонидану ёд додан хаста шудааст, ё ин ки пир асту аз дарс додан дилмонда ва ё мебинад, ки бо ин шогирд азоб кашидан маънӣ надорад, зеро касеро парвои саводгирии ӯ нест, чашм мепӯшаду як баҳои «3» ба вай мегузорад, то ки аз синф ба синф гузарад. Баъдтар дар синфҳои болоӣ бо орзуи тезтар аз чунин шогирд халос шудан дигар ба вай «кордор»  ҳам намешаванд ва баҳоҳои «3» ва «4» гузошта, ӯро то ба «занги охирин»-и раҳоӣ
бурда мерасонанд. Ва дар ҳисоботи мактаб рақамҳои бешумори ҳазору даҳҳо ҳазор соҳибони «номаи камол» меафзояд ва миёни онҳо сафи ба давлату ба миллат хиёнаткунанда низ.
Ч
ӣ тавр? Киҳоянд онҳо? Шумо, мураббияи боғча, муаллимоне, ки фарзандони бесаводу беодоби шуморо дар қатори бачаҳои қобилиятноку соҳибистеъдоду хушахлоқи дигарон «номаи камол» ва «ҳуқуқ»-и баробари ба макотиби олӣ
шомил шудан додаанд.
Сахт расид? Бале. Фарзанд ширинтарин меваи умри инсон аст. Ҳар як инсон орзуи хушахлоқу босавод ва соҳибмартабаву
ҷоҳу ҷалол гаштани фарзанди худро дорад, вале барои сазоворӣ ба он чӣ коре мекунед? Агар ҳеҷ, пас чиро интизор ҳастед? Гунаҳгор накобед, охир сараввал муаллими бечора кӯшиши савод омӯхтани фарзанди шуморо карда буд, вале дар танҳоӣ зӯраш нарасид. Ва ё ба бахти бади шумо устоди фарзандатон шахси бевиҷдонест, ки худро заҳмат додан намехоҳад. Чунин ҳам мешавад, аммо худатон, агар пайи саводгирии ҷигарбандатон ҷиддан машғул мешудед ва кори имрӯ
заро ба фардо нагузошта, аз устодон талаб мекардед, даҳ соли ҳаёти фарзандатон барабас намерафт.
Ҳоло ҳам гунаҳгор мекобед? Аз атрофиён? Чаро аз худ намепурсед, ки барои ч
ӣ ба фарзанди бесаводу камтарбияатон ваъда додед, ки ба мактаби олӣ дохилаш мекунед? Зеро ӯро дӯст медоред ва ҳам ғуруратон намегузорад, ки фарзанди шумо аз дигарон кам бошад. Чаро ӯ сархаму аз «дӯсту душман паст бошад?» меандешед шумо ва ин дуруст аст. Вале ин заҳмати гарон ва пул низ талаб дорад. Аслан, чаро мекӯшед, ки фарзандатон соябони пирии шумо бошад? Ва бо чунин умед заифии худро пеши чашми кӯдак ба намоиш мегузоред? Вале бо чунин тарбия ӯ
соябони худ ҳам шуда наметавонад.
Шумо дар сари он роҳед, ки хиёнаткорро ба мақсад наздиктар месозад. Чизу чора, молу ҳол, сарвату давлати зиёде сарф мекунед. Сиёсату мансаб ва тамоми воситаву шиносҳоро истифода бурда, бешармона
ҷои чандин камбизоатони хушзеҳну соҳибистеъдодро гирифта, фарзанди худро ба мактаби олӣ (бо каллаи холӣ) медароред ва оҳи сабук мекашед. Киссаашро пури пул мекунеду ба паси чамбари мошини олиҷ
аноб мешинонед, бо либосҳои «супермодный»  ба «престижныйтарин» факултаҳои донишгоҳу донишкадаҳо шомил месозед. Ва сафи хиёнаткорони давлату миллатро меафзоед. Ҳамин тавр не?
Эътибор диҳед!
Р
ӯз аз рӯз сафи устодони бовиҷдон кам мегардаду боқимондаҳо бо кӯмаки шумо ба ришвагирӣ одат мекунанд. Нархи баҳо баробари нархи бозор боло меравад. Имтиҳони макотиби олӣ ба муносибати устоду шогирд як «шакли муҳимтарин»-и муносибатҳои иқтисоди бозаргонии ҷомеаро ташкил додааст. Дипломҳои дурӯғин ончунон сафи «соҳибмаълумотон»-ро афзудааст, ки дигар дар одитарин вазифаҳои ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳатто ба вазифаҳои табақшӯию фаррошӣ бо маълумоти олӣ ба кор медароянд. Агар ҳамаи ин дипломҳо воқеӣ мебуданду соҳиби сазовор медоштанд, албатта, ҷ
умлаҳои қаблии мо бо ифтихор иншо мешуданд, вале…
Пан
ҷ соли донишҷӯӣ фарзандатон дар мактаби олӣ устодонро тобеи кисаи хеш карда, (албатта на ҳама донишҷӯ ва на ҳама устодон), ҳатто дастнигар мегардонад. Дигар қадри донишҷӯи серпул аз омӯзгор болотар аст. Аз дарбони даҳани дар то болотарин мансабдори макотиби олӣ ба кисаи «донишҷӯ» ба умед менигаранд. Нархи баҳои «5», албатта, вазнинтар аст, вале миёншикан нест. Аз ин рӯ
, ҳарчанд ба онҳое, ки нури чашм равонда мехонанд, каме алам мекунад, вале «Худованд онҳоро камбағал офаридааст. Бигзор азоб кашанд», меандешед шумо ва фарзандатон.
Хиёнати аз ин беш ба миллат нест. Вақте ки дидаву дониста дар бесаводии насли ояндаи он саҳм мегузор
ӣ
, хосатан барои нафси беохиру носери худат.
Хиёнат аз ин беш намешавад, дар ҳоле ки ҳазорон бесаводу беҳунару беистеъдодро дипломи мактаби ол
ӣ
дода, чун мутахассис ба кор мефиристонанд.
Бубинед, сафи хоинони давлату миллат дар қатори он волидайни бепарво, мураббияи боғча, он муаллими мактаб, он устодони донишгоҳҳо ва шогирдони беви
ҷдони онҳо чӣ
қадар афзуд?
Ёфтед хоинонро? Тамом?  Не, ҳан
ӯз ин даҳшат ба охир нарасидааст. Зеро, шояд борҳо шунидаед, ин суолро: дар кишваре, ки зиёда аз 95 фисади мардуми он босавод аст, чаро рушд ин қадар суст аст? Ва боре аз худ пурсидед, ки ҳамон корхонаю идорае, ки фарзанди бесаводу беистеъдодатонро бо ҳар роҳу восита (бо дипломи панҷ сол пул дода харидаатон) ба он ҷо ба кор мондаед, (ва, албатта, ё ягон мутахассиси хубро аз кор ронда, ӯро гирифтаанд ё соҳибистеъдоде дар бозор чарчинфурӯшӣ мекунаду ба ҷои вай бешармона шумо фарзанди нолоиқатонро ба кор медароред), агар давлатӣ
неву корхонаи шахсии худатон мебуд, чунин корманд доштан мехостед? Ҳаргиз. Зеро корхонаатон касод мешуду худатон «банкрот».
Ҳоло ҳам ба атрофиён бо шубҳа менигаред? Хиёнаткори давлату миллатро ме
ҷӯед? Ё ахиран ба виҷдону имони худ жарфтар назар афканда, аз худ мепурсед, ки чӣ
кор бояд кард?…
Ҳамаи мо медонем, ки хоини давлату миллат ин ҳамон:
-волидонанд, ки тарбияи фарзанди худро ба к
ӯ
ча «супурдаанд»;
-ом
ӯзгорест, ки коҳилӣ
карда, дар бесаводии насли оянда «саҳм» гирифтааст;
-устодест, ки аз шогирди бедонишу беҳунараш пора гирифта, «соҳибмаълумот» гардонидааст;
-роҳбарест, ки мутахассиси ҳунармандро хор кардаву атрофи худ хушомадг
ӯёнро ҷ
амъ овардааст;
-табибест, ки камбағали дардмандро то ба охир табобат накарда, бо амали хиёнаткоронаи хеш барои ояндаи миллат бемориҳои ирсиро риво
ҷ
додааст;
-прокурорест, ки барои гунаҳгори хатарнок дар ивази ришва сабукиҳо  ме
ҷӯ
яд;
-судяест, ки адолати судиро риоя намекунад, ҳаёти бегуноҳеро доғдор месозад;
-сарҳадбонест, ки р
ӯзона барои «сарҳадшиканӣ«-и ҳезумкаше пеши пояш тир мепаронаду шабона аҷ
набиеро бо маводи мухаддир ва силоҳ вориди сарҳади кишвар месозад;
-милисаест, ки қонуншикании сарватмандеро дида, «к
ӯ
р» мешаваду гуноҳи накардаи бечораеро дар шаби тор ва дар дуртарин нуқтаву ҳолатҳои набуда «мебинад»;
-шоирест, ки барои садақаи пулдоре сафсаттаи бевазну қофияро шеър мег
ӯ
яд;
-«санъатшиносест», ки сарояндаи беҳунареро «овозхони беҳтарин» ном мегузорад;
-журналистест, ки баҳри ҳадяи ночизе аз нокастарин фард «нобиға» метарошад;
ӯҳрбадастест, ки миёни мутахассиси воқеиро шикаставу муҳимтарин меъёри ишғоли мансабро дар хешигарӣ ва маҳалпарастӣ
мебинад;
-модарест, ки аз фоҳишагии духтари хеш нон мех
ӯ
рад;
-муллоест, ки сураи «Қуръон»-ро  манбаи даромади хеш қарор медиҳад;
-сохтмончиест, ки дидаву дониста, болои пойдевори ноустувор хона месозад;
-тамаллуқкорест, ки аз м
ӯҳрбадасти нокасе «пайғамбар» метарошаду ба решаи ростӣ табар задаву дурӯ
ғро болонишин месозад.
Он касест, ки ба генофонди милл
ӣ бо роҳи бесавод, беҳуқуқ ва носолимгардонии фарзандони ин миллат, бо ривоҷи тамаллуқу дурӯғ зарба мезанад. Ва шарики ӯ касе, ки паҳлӯ
и вай истода ин ҳамаро нодида мегирад.
Сахт гуфтам?
Вале дар ҳоле ки як лаҳзаи дилхушии яке аз ҳамсаронро бо нафари дигаре ё ишқварзиро берун аз никоҳ хиёнат меномем, пас чаро ин қадар ноадолатиҳо, беинсофиҳо, с
ӯ
хтани ҳаёти дигарон, ё зарарҳои моддиву маънавии бешуморро ба миллат, давлат ё фарди алоҳидае наметавон хиёнат номид?
Бигирем хиёнати зан ё мардеро ба ҳамсараш. Ин хиёнат (ҳарчанд он ҳам хиёнати барои шахс миёншикан аст), танҳо ба р
ӯҳ, қалб, эҳсосот ва ё шояд каме ба иқтисоди хона (аксаран барои зан, оила) зарар биёрад. Вале асрҳои аср хиёнат ба оила (чун ба муқаддасот, ба никоҳ) аз тарафи динҳо, давлатҳо, қонунҳо ва фардҳо манъ карда шудааст ва хоинро сазовори ҷазо донистаанд. Пас чаро рафторҳои дар баробари инҳо қабеҳтари нобахшиданӣ ва аз нигоҳи ахлоқӣ, динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ қобили қабул набударо мо нодида мегирем ва аз хиёнат номидани он худдорӣ
мекунем. Метарсем? Метарсем, ки онҳоро бо овози баланд хиёнат ба давлату миллат номем?
Охир хиёнат хурдию бузург
ӣ, камиву бешӣ надорад. Шахсеро, ки ба оилааш хиёнат кардааст, бевафои пургуноҳ меномем. Вале рафторҳое, ки кам-кам мову шумо ба ҳамватани хеш, ба миллати худ ё давлатамон мекунему зарарҳои моддиву маънавӣ мерасонем, ҳатто намебинем ва аксар дидан ҳам намехоҳем. Худро таскин медиҳем, ки ҳеҷ гап нест. Ва ин «нодидан»-ҳо, «ҳеҷ
гап нест»-ҳо худ хиёнатанд.
Агар фош кардани як сирри давлат
ӣ хиёнати нобахшиданӣ ба давлат бошад (ва ҳаст), пас чаро нафарони ба решаи миллат, ба генофонди миллӣ, ба насли ояндаи он чунин муносибатҳои ғайриахлоқӣ
, ғайриқонунии дидаву дониста кардаро хоин наномем?
Дар илми ҳуқуқи
ҷаҳонӣ ин андеша маъруф аст:  «ҳуқуқи ман он ҷо тамом мешавад, ки ҳуқуқи каси дигар оғоз мегардад». Яъне сарҳади ҳуқуқи инсон то ҷоест, ки ҳуқуқи каси дигарро поймол насозад ва дар ҳоле ки шумо ба хотири беҳбуди ҳаёти фарзанди худ, хоҳару бародар, хешу ақрабоятон манфиати даҳҳо ва садҳо касонро нодида мегиред ё ба хотири ояндаи ӯ ҳаққи дигаронро (ҷои дигаронро) аз худ мекунед ва ё билохира барои кисаву нафси хеш ба андеша хиёнат мекунед, хиёнат аст. Хиёнати нобахшиданӣ
,  зеро он ба ояндаи давлату миллат зиён мерасонад.
Ва биёед бармегардем ба оғози с
ӯҳбат. Чӣ кор бояд бикунем, ки қадами аввалини тифли мо, ки ояндаи давлату миллат аст, баҷо гузошта шавад? Мо бояд пайваста сари ин андеша бошем.

One Comment

  1. Канд занед Ашурмухаммад, маколаи оличаноб шудааст. Аз шумо иншооллох юрист-криминологи зур мебарояд, юрист-андропологи зур. Ахсант!

Что вы думаете об этом?