ХУДКУШИИ МУХОЧИРОН ДАР РУСИЯ БЕШТАР ЧИ САБАБ ДОРАД?

 


Чаро муњољирон худкушї мекунанд?


 


Худкушї яке аз он омилњоест, ки њатто дар ислом мањкум гардидааст. Имрўзњо дар шањрњои ФР низ чунин њодисањои худкушии  муњољирон ба ќайд гирифта шудааст.  Чаро муњољирони мењнатии барои ризќу рузї омада даст ба худкушї мезананд? яке аз масъалањои мубрами руз мебошад.


1.Зиндагии беъманї дар Русия


2. Аз зиќќии зиёд


3. Бекорї


4.Фишор аз љониби касе ё роњбари корхонае


5.Дар зери асорати гурўњњои сатанизмњо мондан


6.Ѓуломї.


 


Љавонии «бармањал хазон гардида»


Њар нафаре ки ба Русия ба муњољират меояд, худ мушоњида мекунад, ки  то чї андоза фарќияти калонест миёни мардуми мусалмон ва ѓайридиннї. Мурод њам баъди хатми мактаби миёна ба гапи падару модар гуш накарда роњи Русияро пеш гирифт. Шањри калону техникаи навтаринро дида ба ќавли мардум дањонаш кушода шуд. Ана, озодї, дур аз падару модар чї коре хоњад мекунад. Мурод дар сохтмоне ба кор даромад. Њар моња маошашро сари ваќт мегирифт. Бачаи намозхону боодоб дар як моњ тайѓир ёфт. Акнун телефонии мобилии ќимматбањо харида њар рўз ба маѓозањо рафта нушокии спиртї мехаридагї шуд. Оре, бадбахтона дар Русия  кам нафароне ёфт мешаванд, ки аз нушидан, занакабозї, одамкушї, дуздї худоррї кунанд. Бачаи тољики боодоб ин љо маззаи дуздї, одамкушї, фиребу найрангро мечашад. Мурод  он рўз масти   шароб ба хона бармегашт. Дар роњ ногањонї чашмаш ба духтараки мапктабхоне фитод, ки аз дарс ба хона шитоб дошт. Муроди шаробмаст оќибати корашро фикр накарда  пеши роњи духтараки ноболиѓро гирифта як мушт ба руяш фаровард. Сипас хам шуда аз кисаи сумкаи ў телефонии мобилии тамѓаи нокия арзишаш 100 долараро  дуздид. Аммо байни як соат Муродро кормандони полис дастгир карданд. Њинни дастгир кардан телефони  мобилї бо Мурод буд. Дар сизо Муродро чунон лату куб карданд, ки аз љонаш безор шуд. Пайти мувофиќ кофта худро бо риштарошак  рагњои хунгардашро бурид. Дар беморхона њангоми љонканданаш ба додгустари давлатї чунин наќл кардааст:


-Он ќадар маро азобу шиканља доданд, ки дигар зистан бароям маънї надорад. Мегуянд, ки чї ќадар љинояте, ки дар мањаллаи Приозерск руй додааст, њамаашро гуё ман содир кардаам. Ваќте ки бењуш мешавам, мебаранду руйи барф руямро медоранд, аз хунукї ба њўш меоям, баъд боз мезананд хар барин. Мурдан хубтар аст бароям…


      Бо киссаи холї ватан рафтан айб аст…


Хуршед  муддати 12 сол дар Русия муњољир буд. Аммо ба зорикунињои падару модар нигоњ накарда боре ба ватан нарафт. Сабабаш кисаи холї ва бепулии ў буд. Куљое ки кор мекард, кораш нобарор буд. Аз бепулї ба ѓамбодда гирифтор шуд. Дустон маслињат карда уро ба беморхонаи руњї бурда хобонданд. Дар беморхона бемории љунун якбора шиддат гирифту шабе ў худро аз саввум ошёна ба замин партофт. Љасади уро субњ њавлируб аз куча дарёфта кормандони беморхонаро хабардор сохт.


Бекорї-марг


Султон  куљое ки коркобї мерафт, ба кор ќабулаш намекарданд. Сабабаш дасти модарзод маъюби ў буд. Оќибат ин њама бекорињо ба дилаш заду ба партовгоњ рафт. Ќатори дигар бомжњо зиндагї кард. Аммо дар њамин љо њам байни бомжњо миллатгарої буд. Уро таъќир мекарданд. Султон хомушона ба њамааш тоќат мекард. Рўзе чунин зиндагии сагона ба дилаш заду рафта худро ба дарёи   Нева  партофт. Ваќте ки љасади уро дарёфта ба морг оварданд, касе аз њамватанон уро соњибї накард. Оќибат мувофиќи ќоидаи моргњо љасади уро ба криматория бурда сузониданд.


Ќарз


Толиб дар фирмаи тиљоратие ба њайси ќаровул кор мекард. Директори фирма Игорь ба ў гуфт, ки агар хоњад, рафта бепул дар хонаи ў зиндагї кунад. Хонаи Игорь дар маркази шањр воќеъ буд. Дар ин хонаи якњуљрагии ў касе зиндагї намекард. Толиб бо љону дил розї шуда рафта њамон љо иљоранишин шуд. Муддати як сол Игорь чизе нагуфт. Аммо баъди як сол омада гуфт, ки занаш љанљол бардоштаасту акнун Толиб маљбур аст, ки пули иљораи  яксолаи зистанашро дар ин хона бипардозад. Як моња њаќќи иљора 20000 рубли руси мебошад. Толиб бо шунидани ин найранг ќариб ки аз аќл бегона шавад. Байни Толибу Игорь муноќишаи сахт ба вуќуъ пайвасту дар натиља Толибро муњофизони ин сарватманд зада-зада маъюбу маслуќ карданд. Игорь фармон дод, ки уро бурда дар хонаи истироњатиаш воќеъ дар Рощино бурда партоянд. Толиб муддати ним сол ин љо бепул хидматгорї кард. Аммо ваќте, ки Игорь омада фармон дод, ки саргини њољатхонаро њам тоза кунад, ў инони ихтиёро аз даст дода худро дар шифти хонаи хобаш овехт.


Санатизм-худро ќурбон сохтан


Дар шањрњои ФР гуруњњое амал мекунанд,  ки   худро «писари шайтон» меноманд. Ин гуруњњо њоло барои амалї кардани корњои хунини хеш муњољиронро гумроњ сохта ќурбони шайтон мегардонанд. Карим яке аз он муњољиронест, ки ба хотири пул нафањмида ба ин гуруњ њамроњ шуда буд. Карим аввал нафањмид, ки њадафи сатанизм чист. Аммо ваќте ки уро бурда дар љангал  фармон доданд, ки ба хотири падарашон-Шайтон худро дар оташ сузонад, аз тарс дилаш кафида њамон љо ба њалокат расид.


 Ѓуломони маљбурї


Њастанд ширкатњое бо роњи фиреб муњочирони мењнатиро љамъ оварда ба дењањои дурдасти ФР  мебаранд ва мисли њайвон онњоро кор мефармоянд бепул то саломатиашонро аз даст додан.  Масрур нафањмида ба доми миёнарави озарї фитода ба чунин як бинои сохтмонї рафт. Дар ин љо њатто оддитарин шароит барои зистан вуљуд надошт. Онњо бояд як бинои нимвайронаро ба анљом мерасонданд.  Масрур бо њамватанон маслињат карда роњи гурезро пеш гирифтанд. Аммо дар миёни љангали беодам гуруњи силоњбадастон онњоро пайгирї карда тирборон карданд. Љасадњои онњоро дар њамон љо гур карданд. Масрур ки дар ин байн зинда монда буд, аз ѓуломї дида маргро авлотар донисту худро дар дарахте овехт.


 


ШАХЛОИ НАЧМИДДИН. 


 


 


 

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *