ХЕСТАМ, КИ ХОБАМ….ВОЙДОД

«Дар механи хештан ѓарибам,
Аз бахри дифо сипар надорам
Армони дилам на як сабукрав,
Аз бахри сувори хар надорам».

Субх барваќт аз хоб бархестам.
 писарчаамро

бо мошини шахсиам ба мактаб бурда мондаму худ рохи идораи хафтаномаи азизамро пеш гирифтам. 

 Дар Точикистон воситаи ахбори омма озод аст. Журналистон метавонанд озодона ва беибо хакикати рузро навиштаву инъикос карда проблемахои шахрвандонро бо дахолаташон хал намоянд. Мансабдорон хамеша бо рузноманигорон хамкори дошта нишастхои матбуоти бе расмиятчиги мегузарад.Гоххо мешавад, ки ба рузноманигорон ришва пешниход менамоянд,вале чун мохонаи рузноманигорон хеле баланд аст, онхо ба чизе эхтиёче надоранд, барои хамин аз ришвагири хазар менамоянд.
Ана давлати демократи, дуняви ва хуќуќбунёд… Ваќте, ки воситаи ахбори омма озод аст, пас мушкилоти шахрвандон хам камтар мешавад. Чунки журналистон чорум рукни хокимият хастанд. 
Рўзхои истирохати мо ба «дачахои шахсии хеш» рафта бо ахли хонавода истирохат мекунем. Хар як журналист худ сохиби дастгохи акосси, овози ва сабти мебошад. Умуман зиндагии ахли зиёи шохона аст. Мехнат карда рохаташро мебинанд. Ба идора расидаму хушхабари наве фахмидам. Барои маводи тахлилии навбати хукумати шахр кормандони идораи хафтаномаи моро бо мошини сабукрав ќадр кардааст. Ура……
-Очаи Мухаммадчон…-
Базур чашмонамро кушода ба соат назар кардам. Аќрабаки соат 7.00-ро нишон медод. хушёр шудаму давон-давон ро ба суйи идора гирифтам. Диламро сиёхи пахш намуд. Охир имрузхо дар пойтахт газ камчин шудаасту ахён-ахён ба чашм микроафтобусу наќлиётхои давлати менамоянд. Боз ба замми ин нарху навои бозохо гуё ба «потолок» рафта часпидааст. Вой бар холи мову маошхои ночизи мо. Хамин мардуми чухут бехуда дуои бад накардаанд, ки «рўзат ба маош монад». Акнун дар ин бўхрони иќтисоди ба маънии ин маќол дуруст сарфахм рафтам. 
Дигар дар куча мошинхо наменамуданд. Мардум мисли ба сайргох мерафтаги барин пиёда туда-туда шуда рох мерафтанд. Ман хайрон аз нафаре пурсидам, ки чаро харакати мошинхоро манъ кардаанд? У гуфт, ки кадом мехмоне аз хорич омадаасту барои хамин роххоро бастаанд. То ба коргох расидан кайфияти хоби дидаам аз димоѓам баромад. Худоё, хоби хамаи журналистонро рост гардон….

(ШАХЛОИ НАЧМИДДИН)



Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий