Карз ва марг



Боз чавонмарди 35 солае аз дехи хамося худро овехт.Хама саргум монданд, барои чи? Хонаву дари обод, хамсари шоиставу фарзандони солим дошт, чи намерасидаш? Хар яке дар чанозааш ба худ суоле медод. Бо чи тавалохо хамсару хамсояхояш муллои дехаро рози кунониданд, ки у чанозаи Ботурро хонад. То вакте карздорон ба хонаи Ботур наомаданду чанчол набардоштанд, касе пайхас накард ки паси худкушии Ботур чи сири нихоние мавчуд аст.
Ботурро дусти мактабиаш буд Анвар. Ботур дар мактаби дех муаллим шуда монду Анвар ба Русия мардикори рафт. Пас аз чанде Анвар бо пули калон ба деха баргашту ба Ботур хам аз чихати модди кумак мекардаги шуд. Пулхои оварда хам охиста охиста тамом шуданду боз Анвар ба сафари Русия баромад. Вале на барои мардикори, балки барои тичорат. Аз Ботур хохиш кард, ки барояш яз ягон шинос бо фоизаш карз ёфта дихад. Ботур бе ягон андеша аз як шиноси сарватмандаш ба маблаги 500 доллари амрикои карз гирифта ба Анвар дод. Кариб як сол гузашта аз Анвар дараке нашуд. Фоизи карз руз аз руз афзудан мегирифт. Аммо дили Ботур пур буд ки хеч гох Анвар уро фиреб намедихад. Интизор буд омадани уро. Шахсе ки карз дода буд, ба хавотир афтода руз дар миен ба хонаи ботур омада карзашро талаб кард. Ботур хайрону сарсон намедонист ки чи чорае андешад. Хеч кас нишонии аники Анварро намедонист.
-Ба у чи шуда бошад? Охир Анвар ин хел фиребгар набудку. Чаро аз у хатту хабаре нест. 
Хабар омад рузе ки гуё Анварро дар Русия чурахои худаш вахшиёна кушта партофтаанду мурда холо дар морг мехобад. Падари гамзадаву бародари чигарсухта тамоми буду шудашонро фурухта рафтанд ба Русия барои овардани часади Анвар. Ботур Худо мегуфту бовар мекард ки ин овозахо дуруганду Анвар зинда аст. Хешро тасалло медод ки у меояду Ботур хам аз чанчоли карздодагихо рахои меёбад. 
Вале..хамон рузе ки часади реза реза духтаи Анварро оварданд, дили Ботур аз задан бозмонду сахт бемор шуд. Марги дуст ва карзи калони ба сараш буду абгораш намуданд. Охир агар у хонаашро бо гову молаш фурушад хам, пули карзро дода наметавонад. Чандин бор боз шахси карздодаги омада тахдид мекунад ки агар пулро барнаградонад, зану кудаконашро гирифта мебаранд. Ва Ботур хам рохи халосиро дар касди чони хеш диду пинхони ба огилхона рафта худро овехт.
Шахлои Начмиддин.

Напишите свой комментарий