КАМБАҒАЛӢ ДИГАР ҶИНОЯТ АСТ


Суди шаҳри Хуҷанд як занро, ки се фарзанди ноболиғ дорад бо ҷурми монеъ шуданаш ба таҳсили фарзандонаш 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Додгоҳ Татяна Олейниковро тибқи моддаи 164 КҶ ҶТ муҷрим донистааст.

ИмрӯзNews

Дар моддаи 164, (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) КҶ ҶТ омада аст: «Ба ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола),-бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад».

Додгоҳ дар ҳоле Татяна Олейниковро ба 4 ҳазор сомонӣ ҷарима карда аст, ки ба гуфтаи Татяна оилаи ӯ дар як шароити сангини иқдисодӣ қарор доштаст. Номбурда ба хабаргузориҳо гуфтаст:

«Ман се фарзанд дорам. Онҳоро аз ҳисоби пуле, ки баъзан кӯдаконро забони русӣ дарс медиҳам мехӯронам. Шавҳарам моҳи декабри соли гузшта фавтиданд ва оилаи ман дар қатори оилаҳои камбизоат ворид шудааст. Ман ҳеҷ гоҳ барои ба мактаб рафтани фарзандонам монеъ нашудам. Сабабаш дар он аст, ки ман наметавонам онҳоро бо либосу дигар лавозимоти мактабӣ таъмин кунам».

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон қонуни ҷиноятӣ чунин ҷазоро пешбинӣ намудааст. Модаи мазкур бояд шароити волидайнро ё шахсони ба он ивазкунандаро ба назар мегирифт. Дар ҳолати ҷойдошта, масъала сари камбизоатии модари ин кӯдак меравад, ки шавҳар надорад ва саробонии таъмини фарзандашро инчунин таъмини лавозимоти мактабии фарзандашро надорад. Ҳокимияти маҳаллӣ бояд чунин афродро кӯмак намояд ва фонди махсуси маориф ва дигар фондҳои иҷтимои ҳадди ақал бояд кӯмак менамуд, агар воқеан ин зан камбизоат бошад.

Ҳатто ҳуқушинос Шокирҷон Ҳакимов, ин амали судро ғайриодилона медонад. Ба гуфтаи номбурда:

«Пеш аз ҷарима кардан ва нисбати ин зан татбиқ намудани меъёри марбутаи қонунгузории Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебуд додгоҳ шарту шароит ва омилу сабабҳоро пурра мавриди омузиш қарор медод. Маълум мешавад ки ин зан сатҳи зиндагии ниҳоят паст дошта, имконияти пардохти хизмати адвокатҳоро надорад. Барои ҳисобот шуда, ин зани бечора мавриди баррасӣ дар суд шудааст. Ба ҳар сурат соҳибкорони Хуҷанд ташаббуси навбатии президентро интизор нашуда, ҳамин гуна оилаҳоро бидуни миннат, каму беш дастгирӣ кунанд амали воқеан савоб мешуд. Пеш аз баровардани чунин ҳукм бо дар назардошти эродҳои дар боло ишора кардаам инчунин тартиби муқаррарнамудаи Кодекси Мурофиавӣ бо риояи одобу ахлоқи касби низ риоя мешуд. Албатта чунин ҳукмро одилона гуфтан мумкин нест».

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов дар чунин ҳолат додгоҳро мебоист дар вақти таъини ҷазо ҳолатҳои сабуккунанда ва шароити маҳкумшавандаро ба назар мегирифт. Номбурда мегӯяд:

«Маълум аст, ки ҷазои пешбининамуда, дар намуди ҷарима ба маблағи 4000 сомонӣ барои ин зан вазнин бошад. Дар моддаи мазкур маҳдуд кардани озодӣ буд ва ё ин ки суд метавонист бо истифода аз ҳуқуқҳои худ талаботҳои моддаи 61 ва 63-ро дастрас намуда, дар асоси моддаи 72 Кодекси Ҷиноятӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод менамуд. Маълум аст, ки ҷинояти мазкур ба категорияҳои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин намедарояд, суд имконият дошт ба ин ҷинояти начандон вазнин шартан татбиқ накардани ҷазоро таъин менамуд ва чораҳои сар назадани чунин ҷиноятро татбир менамуд. Имрӯз аҳволи мардум хеле вазнин аст, ва бояд давлат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дастгирии чунин нафарони камбизоатро ба роҳ монанд».

Дар соли гузашта, чанд ҳолате, ки волидайн барои ба мактаб рафтани фарзандон монеа мешуданду аз ҷониби ВКД ошкор мегардид мо бо аксарияти он волидон дар тамос шудаву суҳбат мекардем. Аз чанд чунин ҳолате, ки дар соли гузашта, ба қадри имкон мо огоҳӣ доштем ҳеҷ як нафари онҳо аз оилаҳои доранда набуданд. Ҳатто сатҳи зиндагонии онҳо на миёна, балки дар як ҳолати хеле сангини иқтисодӣ буданд.

Пештар мақомот аз боз шудани парванда нисбати Боев Ҳабибулло истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки ба фарзанди ноболиғаш барои гирифтани маълумоти хатмии умумии асосии нуҳсола монеъ шуд, маълумот дода буданд. Ҳабибулло Боев, нафаре, ки ба таъйиди мақомот монеъи ба мактаб рафтани фарзандаш шуд, зимни як суҳбати телефонӣ бо мо мегуфт, барои харидориии либоси мактабии фарзандонаш аз бонк ҳатто қарздор аст. Номбурда мегуфт:

«Ман 8 нафарро мехӯронам. Биёянд комиссия ташкил карда шароити зиндагонии маро бубинад. Рафта аз ҳамон банкҳо ва инсонҳое, ки ман қарз карда барои фарзандонам либос харидам бубинанд баъд гап зананд. То ин қадар сол аз болои сари ман об мечакид чаро мактаб як дафтар ба як кудаки ман ёрдам карда натавонист. Бародар агар ҳамин камбағал, ки боши дар ҳеҷ куҷо дар кор нестӣ».

Албата вақте волидайн фарзанди худро бе сабаб ба мактаб рафтан намемонад ҳатман бояд нисбати ӯ чораҳои махсус андешида шавад. Вақте ки сол то сол нархи сару либоси мактаб рӯ ба афзоиш дораду баъзе волидони тоҷик имкони харидани онро надорад , чӣ бояд кард???

One Comment

  1. Боз як ҳодисаи ифодакунандаи заифии ақли «адолати»-и тоҷик. Ин чӣ бедодгарӣ аст? Агар чунон ғами таҳсили кӯдаконро мехуӯрда бошанд, пас ёрӣ расонанд ба волидайн, дар мавзӯи коррупсия дар мактаб кор кунанд ва ҷинояткорони ҳақиқиро ҷазо диҳанд, на шахсонеро, ки имконияти ҳатто ҳуқуқи худро ҳимоя карданро надорад! Маблағгузорӣ кунанд онҳоро

Что вы думаете об этом?