«Кахрамонихои мо ба номи онҳо «аформит» мешуд»

Бобои Абдуғаффор соли 1943 дар муҳорибаҳои назди Дон иштирок карда пас аз захмй шудан ба Ватан баргаштааст. Ў чавононро насиҳат мекунад, ки то метавонанд забон омўзанд. Ба гуфти ў маҳз надонистани забон онҳоро аз гирифтани ордену медалҳо дар чанги Олмону Русия монд.
«Дар чанги немис, дар қисми ҳарбии мо точику узбакҳо бисёр будем. Забони урусиро як ду нафар чала-пала медонистанду халос. Дар муҳорибаҳо пешсаф ва часуру нотарс асосан узбаку точикҳо буданд. Мо мусулмонҳо таваккал ба Худо гуфта, бисёр фикр накарда, ҳар чй ояд аз пешонию такдир мегуфтему нотарсона мечангидем. Бисёр «рискават» мекардем ва амалиётҳо бобарор ҳам анчом мешуданд. Пас аз каҳрамониҳои мо камандирҳо ҳуччат тартиб дода, ба штаб мефиристоданд ва ба номи урусҳои худашон ордену медалҳо меомаду каҳрамониҳои мо ба номи онҳо «аформит» мешуд. Забонро ки намедонистем ҳақи худро талаб карда наметавонистем…»
Бобои Абдуғаффор аз чавонон даъват кард, ки забони русиро медонам гуфта, ором нанишинанд ва ба омўзиши дигар забонҳо низ машғул шаванд.
«Хозир, хайр ҳама урусиро мефаҳмад ва гап зада метавонад, аммо ояндаро Худо худаш медонад. Дар ин давру замон ҳама чизро интизор шудан мумкин. Забони англисиро омўзед, арабию хитоиро омўзед зарар надорад.»

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий